Чун, ба гуфтаи Убайдулло Носиров (Саидӣ) аз созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон"*, ҳардуи онҳо дар Туркия рабуда ва ба таври ғайриқонунӣ ба Душанбе истирдод шудаву ҳукм гирифтаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми октябр Сӯҳроб Зафарро ба 30 сол ва Насимҷон Шарифовро ба 20 сол зиндон маҳкум кард.
“Дар ин қазия ҳуқуқи инсонии Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов ба таври ҷиддӣ поймол шудааст. Дуздидани онҳо аз қаламрави Туркия ва истирдоди маҷбурӣ нақзи ошкорои ҳуқуқи байнулмилалист ва зидди меъёрҳои адолати ҷаҳонӣ мебошад,” – гуфтааст Убайдулло Носиров (Саидӣ) дар номааш ба Созмони Милал. Онро рӯзи 23-юми октябр навиштааст.
Ин намояндаи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” мегӯяд, Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов аз соли 2015 зери ҳимояти Созмони Милал буданд ва тибқи ин қарор набояд истирдод мешуданд. “Нодида гирифтани ин санади расмӣ ва беэътибор донистани ҳуқуқ ва шаъну шарафи онҳо аз ҷониби Туркия ва Тоҷикистон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад,” – афзудааст ӯ.
Вай дар идома аз Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал хостааст, Туркияро барои бозпас гирифтани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов аз Тоҷикистон вазифадор кунад.
“Ҳамчунин, Тоҷикистон бояд водор карда шавад, ки ҳардуи онҳоро озод намояд. Дар сурати иҷро накардани ин уҳдадорӣ, талаб мекунем, ки нисбат ба ин давлатҳо чораҳои ҷиддӣ ва таҳримҳои шадид татбиқ карда шаванд,” – таъкид шудааст дар нома.
Бо гузашти бештар аз ду ҳафта ҷузъиёти ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов ва айбномаи зидди онҳо маълум нест. Намояндагони “Гурӯҳи 24” қаблан гуфта буданд, ки ҳарду ба “даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз Интернет” ва “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” гумонзад ҳастанд.
Пайвандони Сӯҳроб Зафар гуфтанд, ки ба зидди ҳукм шикоят намекунанд, вале худи ӯ дар мурофиа фаъолиятҳояшро комилан дурусту қонунӣ номидааст.
Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.
Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.
Созмони "Гурӯҳи 24", ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” аст. То ин дам даҳҳо нафарро ба гуноҳи пайравӣ аз он дар Тоҷикистону Русия дастгир ва бархеро ба муддати дароз зиндонӣ кардаанд. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.
* Созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар соли 2014 дар Русия таъсис ёфтааст. Раҳбари собиқаш Мақсуд Иброҳимов дар Душанбе ба 17 сол зиндон маҳкум шуд.