“Агар гӯем, ки ҳамаи онҳо аз нодорӣ металабанд, чунин нест. Ман бархеашонро мешиносам. Зиндагияшон хуб аст, аммо талбандагӣ мекунанд”, - гуфт Ҷӯрахон Мирзоев, сокини Душанбе, рӯзи 24-уми октябр. Ба гуфтаи Муҳиддин Рустамов, сокини дигари пойтахт, “талбандагӣ барои гурӯҳе аз мардум одат ва роҳи осони ба даст овардани пул шудааст”.
Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, мардум аз ночорӣ ва маҷбурӣ ба кӯча баромада, гадоӣ мекунанд. “Зӯраш омадааст, ки мебарояду металабад. Аз он ки дуздӣ мекунад ё ягон кори дигар, талбандагӣ барояш сад бор хуб аст”, - изҳор дошт Раҷабалӣ Ятимов аз ноҳияи Файзобод.
Ин дар ҳолест, ки вазири иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар тобистони соли гузашта гуфта буд, ки сатҳи фақру камбизоатӣ ба таври чашмгир кам шуда, “аз 31 дарсади соли 2015 то 22,5 дарсади соли 2022 коҳиш ёфтааст”.
Бештари мардум дар Тоҷикистон хайр карданро яке аз воҷиботи эътиқодӣ медонанд. Рӯҳониён мегӯянд, хайр кардан кори хуб аст, на талбандагӣ.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар Ислом талбандагӣ барои афроде, ки хӯроки якрӯза надошта бошанд ва эҳтимол аз гуруснагӣ ба ҳалокат расанд, ба ҳамон андозаи наҷоти худ иҷозат аст. Албатта на ҳалол, балки мубоҳ аст.”
Ҷомеашиносон рӯй овардани сокинонро ба талбандагӣ нишондиҳандаи паст шудани вазъи иқтисодии гурӯҳе аз ҷомеа медонанд. Рустам Маҳкамов, ҷомеашиноси тоҷик, гуфт, “набудани ҷойи корӣ, надоштани музди меҳнати доимӣ ва надоштани шуғле, ки боиси даромад ба оила бошад, сабаб мешаванд, ки баъзе аз сокинон даст ба талабидану амалҳои дигари зишт зананд.”
Яке аз роҳҳои аз байн бурдани гадоӣ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ташкили ҷойҳои корӣ дар кишвар аст. “Агар мувофиқи барномаи давлатӣ то соли 2026-ум саноатикунонии Тоҷикистон идома кунад, ҳама соҳиби кор ва соҳиби ҷойи зиндагӣ мешаванд. Аз доираи мамлакати худамон берун намераванд. Талбидан ҳам аз байн мераваду сатҳи зиндагии паст ҳам”, - бовар дорад Маҳкамов.
Тоҷикистон аз рӯйи радабандии нави Global Finance мақоми 43-юми кишвари фақири дунёро гирифтааст. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шӯравии собиқ Тоҷикистон фақиртарин кишвар аст. Ин радабандӣ аз рӯйи додаҳо (маълумот)-и Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) таҳия шудааст.
Видеоро дар ин ҷо бинед: