Хобу кору истироҳат - дар як ҷо
Наил Величаеви 49-сола яке аз онҳост. Мегӯяд, тақрибан бист сол боз дар Душанбе ҷойи зист надорад. Як рахти фарсударо дар наздикии бозори “Ганҷина” ба ҷойи хобу кор ва хӯрокхӯриву макони истироҳат табдил додааст. Дар канори он чизҳои гуногуни куҳнаро ҷамъ оварда, мефурӯшад, то шикамашро сер кунад.
“Соати шаш аз хоб мехезам, ба ягон кор банд мешавам. Ин дастгоҳи озмоиширо худам фикр карда сохтам. Барои санҷидани ноқилҳои барқ аст. Одамон мехаранд. Ҳамин хел меҳнат мекунам,” -- нақл кард ӯ рӯзи 27-уми декабр.
Величаевро бист сол пеш, баъд аз ҷудоӣ аз ҳамсараш аз хона ронданд. Ду дафъа барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт, вале зуд ба Душанбе баргашт.
Ба монанади ӯ дар кӯчаҳои Душанбе афроди дигари бесарпаноҳ ё “бомж” (гирифташуда аз истилоҳи русии "без определенного места жительства")-ро дидан мумкин аст. Як қисми онҳо аз ҳисоби фурӯши чизҳои куҳна ва қисми дигар бо талбандагӣ ва ҷустуҷӯйи хӯрок дар партовгоҳҳо рӯз мегузаронанд.
Зиндагии одамони бесарпаноҳ дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон тақрибан яксон аст. Сӯҳроб Аловуддинов, сокини вилояти Хатлон, пас аз он ки бисёр шароб нӯшид, аз хона ронда шуд. Дар шаҳри Бохтар зиндагии сахтеро пушти сар мекунад. “Вазъиятам хуб нест. 5-6 сол боз дар кӯча ҳастам. Дар болои танӯрҳо хоб меравам,” – гуфт ӯ .
Дар кӯчаҳои вилояти Суғд низ шахсони бесарпаноҳро дидан мумкин аст. Моҳи декабри соли гузашта марги чанде аз онҳо расонаӣ шуд.
Роҳи ҳал кадом аст?
Баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ бо теъдоде аз чунин афрод кор мекунанду кумак мерасонанд, вале кофӣ нест. Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони “Диёр”, рӯзи 29-уми декабр гуфт, барои ба зиндагии маъмулӣ гардондани онҳо сармоя ва барномаи муайян зарур аст.
“Якум. Ёфтани сарпаноҳе, ки ҳаммом дошта бошад. Онҳоро бояд аз санҷиши пизишкон гузаронд, муолиҷа кард. Ҳуҷҷатҳояшонро бояд барқарор кард. Бояд равоншинос бо онҳо кор кунад. Агар хату савод надоранд, бояд ба онҳо маълумоти миёна дод,” – гуфт хонум Абдураҳмонова.
Дар шаҳри Душанбе маконе бо номи “қабулгоҳ-таҳвилгоҳи оворагардон ва ҳушёрхонаи тиббӣ”-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъол аст. Маъмурони интизомӣ ба онҷо асосан афроди бе макони зист ва майзадаро меоранд, ваел баъд аз муддате ҷавоб медиҳанд.
Маълум нест, ки тайи як соли охир чанд нафар ба ин макон оварда шудааст. Масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд.
Дар Тоҷикистон омори нави шахсони бесарпаноҳ дастрас нест. Масъулони Оҷонси омори Тоҷикистон ҳанӯз соли 2019 гуфта буданд, ки дар кишвар 19 нафари бехонаву дар сабт шудааст.
Як пажуҳиши созмони "Диёр" ва Бунёди Нотабене дар охири соли 2021 маълум карда буд, ки танҳо дар вилояти Суғд тақрибан 500 нафар бесарпаноҳанд. Он замон муаллифон гуфта буданд, дар ду сол танҳо дар Хуҷанд 30 шахси бехонумон дар кӯчаву анборхона ва ҷойҳои дигар ҷон додаанд.
Гуфтугӯ