Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ҳодисаи дар ҳузури омм шаллоқ задани як духтарро дар вилояти Форёби он кишвар маҳкум кард. Рaфеъулло Бедор, сухангӯи ин ниҳод, 11 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин амали Толибон дар минтақаи Паштункот сурат гирифта, "аммо нораво, ғайриқонунӣ ва мухолифи меъёрҳои байналмилалист".
Ба қавли Бедор ин духтар, ки Бибигул ном дорад, барои сӯҳбати телефонӣ бо ҷавоне шаллоқ хӯрдааст. Ӯ гуфт, "дар қонунҳои Афғонистон дар сурати содир шудани ҷароиме ниҳодҳои марбута онро бозрасӣ мекунанд. Ин афроде, ки ин амалро анҷом додаанд, салоҳияти муҳокимаю муҷозотро надоштанд. Ин як амали худсар буда, ба таври ғайришаръӣ ва ғайриисломӣ татбиқ шудааст. Агар як маҳкамаи одилона бошад, мо онро тасдиқ мекунем. Аз ин лиҳоз, мо чунин файсалаҳои худсарро хилофи қонун медонем."
Бино ба гузориши хабаргузориҳои Афғонистон, дар вилояти Форёб, дар шимоли он кишвар афроди Толибон Бибигулро ба иттиҳоми "рафтори бадахлоқона" дар маҳзари умум шаллоқ задаанд. Гуфта мешавад, ки ин духтар бо марди номаҳрам тавассути телефон суҳбат дошта ва дар ин маврид чанд мард шаҳодат додаанд.
Аз ҷумла, дар тасовире дар торнамои "Тулӯъ Нюс" мунташир шудааст, яке аз фармондеҳони Толибон мегӯяд, ки ин духтар бо як ҷавон равобити номашрӯъ дошт ва ин ҷавон ба манотиқи таҳти назорати нерӯҳои давлатӣ фирор кардааст. Дар ин тасвир дида мешавад, ки Толибони мусаллаҳ ва мардум ин духтарро иҳота карда ва нахуст фармондеҳи Толибон ва сипас, қозии Толибон Бибигулро шаллоқ мезананд.
"Муҷозот"-и худсаронаи духтарони афғон ба иттиҳоми равобити номашрӯъ бо мардҳои номаҳрам ё ҷурмҳои дигар аз ҷониби Толибон ва мардуми ин кишвар ҳодисаи тоза нест. Дар поёни моҳи октябри соли гузашта дар Интернет як навори дудақиқаӣ нашр шуд, ки дар он як гурӯҳи мардон духтареро бо номи Рухшона сангсор мекунанд ва гурӯҳе дигар ин саҳнаро бо телефонҳои мобил навор мегиранд.
Гуфта мешавад, ки Рухшона ва дилдодааш Муҳаммад Гул хонаводаҳои худро тарк намуда, мехостанд, ки бо ҳам издивоҷ кунанд. Муҳаммад Гули 23-соларо дар маҳзари ом ҳалқовез карданд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, кормандони пулис гумонбареро ба ҷурми даст доштан дар сангсори Рухшона дар вилояти Ғӯр боздошт кардаанд.
Аз он пеш саҳнаи шаллоқзании Аҳмад ва Зармина ба иттиҳоми равобити номашрӯъ, ки рӯзи 30 августи соли гузашта дар вилояти Ғӯр иттифоқ афтод, нахуст дар телевизиони давлатии Афғонистон ва баъдан дар расонаҳои дигар низ намоиш дода шуд.