Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ барои ҳамла ба "лонаи Толибон" дар марзи Афғонистону Тоҷикистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷазираҳои хурди марзи миёни ин кишвар бо Тоҷикистон ба “лонаи Толибон” табдил шудааст ва онҳо ин ҷазираҳоро барои ҳамла ба сарбозони афғон истифода мекунанд.

Ин ҷазираҳои хурд, ки маҷрои рӯдхонаи Панҷ ҳудудҳояшонро зуд-зуд тағйир медиҳад, яке аз минтақаҳои осебпазир миёни марзи ду кишвар

Дар ин ҷазираҳои хурд бархе ҷойе ҳаст, ки хоки Тоҷикистон ба дарё расидаааст, вале дар баъзе ҷойҳо хоки Афғонистон ба самти Тоҷикистон пеш рафтааст

унвон мешавад. Охири соли 2014 аз ин минтақа чаҳор афсари тоҷик ба асорати гурӯҳи Толибон афтода буд.

Абдулҳамид Ҳамидӣ, сардори пулиси Кундуз рӯзи 7-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳамла ба ин ҷангалакҳои миёни рӯдхонаи Панҷ омодагӣ мегиранд, аз ин рӯ, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то минтақаҳои марзашон номуайянро низ назорат кунанд.

Ӯ гуфт: “Ин ҷангалакҳо ба як лонаи мухолифин табдил шудааст, ки амнияти Кундузро халалдор месозад. Мо нақшаеро рӯи даст гирифтаем, то ин лонаро, ки бо ҳадафи террористӣ истифода мешавад, нобуд созем. Дар ин замина мо бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкории хуб дорем ва аз онҳо сипосгузорем. Умедворем, ки ба зудӣ поккории ин ҷангалакҳо сурат мегирад.”

Эҳтимоли ақибнишинӣ ба ин ҷазираҳо

Ин мақоми пулиси Кундуз гуфт, ҷангалак ё ҷазираҳое, ки дар онҳо Толибон паноҳ бурдаанд, аз хоки Тоҷикистон дуртар ҷойгир ҳастанд, вале ин гуна мавзеъҳо дар наздикии марзи Тоҷикистон низ ҳастанд. Ӯ гуфт, аз ин рӯ, ҳангоми амалиёт эҳтимоли ақибнишинии Толибон ба ин ҷазирақаламраҳо аз эҳтимол дур нест.

Як мақоми Идораи марзбонии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар вазъи ҳассоси Афғонистон дар мувофиқа бо марзбонони афғон минтақаҳое, ки маҷрои рӯдхонаи Панҷ дигар карда, ҳоло мутаалиқ ба кадом кишвар буданашон маълум нест, аз ҷониби Тоҷикистон назорат мешаванд.

Тоҷикистону Афғонистон дар соли ҷорӣ як комиссияи муштарак барои мушаххас кардани марзро таъсис додаанд ва ба гуфтаи ин мақоми марзбонӣ, то анҷоми кори он минтақаҳое, ки назораташон аз ҷониби Тоҷикистон осонтар аст, ба души марзбонони тоҷик аст.

Камини душман дар ҷазираҳо

Амонуддин Қурайшӣ, раҳбари собиқи улусволии Имом Соҳиби Афғонистон рӯзи 7-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта ба мақомоти баландпояи марзбонии Тоҷикистон дар ин мавзӯъ сӯҳбат доштанд.

Ӯ гуфт, “дар ин ҷазираҳои хурд бархе ҷойе ҳаст, ки хоки Тоҷикистон ба дарё расидаааст, вале дар баъзе ҷойҳо хоки Афғонистон ба самти Тоҷикистон пеш рафтааст”. Ба гуфтаи ӯ, дар нақшаи пешниҳодкардаи онҳо ин мавзеъҳо мушаххасан зикр шудаанд. Вай гуфт:

“Мо соли гузашта бо марзбонони тоҷик мулоқот доштем. Нақша пеши онҳо ҳаст ва ба мо ҳам нишон доданд. Ҷангалу ҷазира ҳама нишон дода шудааст. Дар ин ҷангалкҳо душман камин дорад ва ҳадафи Тоҷикистону Афғонистон таъмини амният аст,” - гуфт ӯ.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май гуфт, воқеан соли гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Панҷ дидбонгоҳи “Сомон” бунёд шуд ва як қисми сарҳадӣ бозсозӣ шуд. Аммо ин мақоми марзбонӣ гуфт, дар бораи чӣ гуна ҳифз шудани марз дар ин минтақа маълумот дода намешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як нишаст дар Душанбе аз хатари афзояндаи ҷангиёни мусаллаҳ дар марзҳои Тоҷикистон изҳори ташвиш кард. Вай гуфт, ки дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон дар ҳудуди Афғонистон наздики 7 ҳазор ҷангии гурӯҳи Толибон ҷамъ шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, ки аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои ҷангиву мусаллаҳ ин марз осебпазир боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG