Ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуд, супоридани геном ё маълумоти генетикиро барои муҳоҷирон ҳатмӣ кунад. Яъне онҳое, ки барои дарёфти кор ба Русия меоянд, бояд намунаи ДНК-и худро супоранд ва ин маълумот барои назорат ба онҳо истифода шавад.
Вакилони Дума гуфтаанд, қабул шудани ин қонун аз дубора ворид шудани муҳоҷирони ихроҷшуда бо ҳуҷҷатҳои нав ва ҳамчунин ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон пешгирӣ хоҳад кард.
Ҳуқуқшиносон, таҳлилгарон ва намояндагони муҳоҷирон мегӯянд, ин пешниҳод шояд дар баъзе ҳолатҳои зарурӣ самарабахш бошад, аммо як навъ ҳуқуқпоймолкунӣ ё табъизи нажодпарастона буда, пешакӣ муҳоҷиронро ҷинояткор баҳогузорӣ мекунад ва ҳамчунин маълумоти вижаи хусусии онҳоро ба хатар мегузорад.
Бақайдгирии геном ё раванди гирифтани намунаи ДНК аз шахс, одатан тавассути мӯй, оби даҳон ва ё чизҳои дигар ва нигоҳ доштани он маълумот дар пойгоҳи маълумотҳо барои истифодаи минбаъда мебошад.
Мақсад аз тарҳи қонун, ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, пешгирӣ аз дубора ворид шудани муҳоҷирон ба Русия аст. Ин тарҳи қонун агар қабул шавад ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ чӣ таъсире хоҳад расонд?
Навор дар Инстаграм:
Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, гуфтаи муаллифони тарҳи нав то андозае ҳақиқат дорад.
Ба гуфтаи Хуррамов, “аз як сӯ чунин чораҳо ҳамон тавре ки қонунгузорони Русия мегӯянд, аҳамияти амалӣ дорад, зеро садҳо ҳазор муҳоҷир пас аз ихроҷ ба Тоҷикистон, маълумоти шахсӣ ва шиносномаҳои худро бо пул иваз карда, боз ба Русия бармегарданд. Ин воқеият дорад ва қонунгузорони Русия кӯшиш доранд, ки бо ин мубориза баранд. Аммо аз нигоҳи меъёрҳои байнулмилалӣ ин як чораи пурра поймолкунанди ҳуқуқ аст, зеро маълумоти хусусӣ дахлнопазир аст ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, ҷудогона ошкор карда мешавад, на маҷбуриву чунин одамони зиёдеро дарбар гирад.”
Ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров низ ин тарҳро зидди қонунгузории мавҷудаи Русия дар бораи маълумоти шахсӣ ва дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ меномад.
Ба таъкиди Ҷамшед Ёров, “маълумоти генетикӣ ё ин ки геноми инсон маълумоти хоси шахс аст, ки метавонад табиати шахсӣ, оилавӣ ва ҳатто тиббии шахсро инъикос кунад. Ҷамъоварии маҷбурии чунин маълумот бе розигии шахс метавонад ҳамчун дахолат ба ҳаёти шахсӣ арзёбӣ гардад.”
Бино бар қонунгузории Русия ҳоло аз шахсони зерин бе розигии онҳо маълумоти генетикӣ ҷамъоварӣ карда мешавад:
- Шахсони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин
- Шахсони гумонбар ё айбдор дар ҷиноятҳо
- Касони шахсияташон номаълум
“Вале муҳоҷирони меҳнатӣ ба ягонтои ин гурӯҳҳо шомил намешаванд. Аз ин рӯ, татбиқи ин навъи бақайдгирӣ метавонад барзиёд ва беасос бошад ва метавонад ҳамчун табъиз бар асоси миллат, шаҳрвандӣ ё мансубияти иҷтимоӣ арзёбӣ гардад. Аз ин рӯ ин гуна пешниҳодро ман чун давоми маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ва вайрон кардани озодиҳои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон меҳисобам,” – мегӯяд ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров.
Ба гуфтаи Ботурҷон Шермуҳаммад, коршинос аз Узбекистон, дар ҳоле ки додани изи ангушт маҷбурӣ ҷорӣ карда шудааст, гирифтани намунаи ДНК воқеан як чораи зиёдатӣ аст.
Ботурҷон Шермуҳаммад, коршинос аз Тошканд дар суҳбат ба тарҳи Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ гуфт, аз 30 июни соли равон дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия додани пайи ангушт ҳатмӣ мешавад.
“Яъне ҳамин ҳоло аллакай дар қонунгузории Русия талабот ҳаст, ки шаҳрвандони хориҷӣ изи ангушт диҳанд ва махсусан бо ин пайи ангушт мумкин аст, ки бо бисёр саволҳо одамонро шиносоӣ кард. Ин махсусан ҳангоми гузаштан аз сарҳад, ҷустуҷӯи одамоне ки қонунро вайрон мекунанд: ба мисле ки даромаданашон манъ аст ва ё ронда шудаанд. Агар ба болои ин онҳоро маҷбур кунем, ки намунаҳои ДНКро супоранд ба монанди мӯй, оби даҳон ва ё чизҳои дигар, пас бояд фикр кард, ки гирифтани изи ангушт бекор карда шавад. Чун усулан намунаҳои ДНК барои муайян кардани одамон басанда аст,”-гуфт коршинос аз Тошканд.
Ботурҷон Шермуҳаммад низ пешниҳоди навро дискриминатсионӣ мешуморад, зеро мегӯяд, он барои шаҳрвандони Русия вуҷуд надорад.
“Моро он ҳақиқат хиҷолат медиҳад, ки масалан ҳамин ҳоло дар қонунгузории Русия ҳеҷ гуна талабот барои додани намунаҳои ДНК вуҷуд надорад. Онҳо - шаҳрвандони Русия фақат дар ҳолате месупоранд, ки агар барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин адои ҷазо мекунанд. Дар дигар ҳолатҳо чунин талабот нест ва маълум мешавад, ки аз аввал ҳам ҳукумати Русия муҳоҷиронро ҳамчун ҷинояткорони эҳтимолӣ медид. Ин чизест, ки моро нороҳат мекунад.”
Муҳоҷир Сармад ҳам ба ин тарҳ мухолиф аст, вале иқрор мекунад, агар он ҷорӣ шавад, муҳоҷирон ба ғайр аз иҷро кардани он илоҷи дигаре надоранд. “Чӣ кор мекунӣ дигар. Харҷ мекунӣ аз Тоҷикистон меравӣ, изи ангушт мегиранд, боз ДНК барои чӣ ҳаст? Таҳқир аст ин. Ҳуқуқҳои муҳоҷирро поймол карда истодаанд, ҳамаи ҳуҷҷатро дорӣ дастгират мекунану ҷарима мекунанд.”
Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Литва, Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, чораҳои маҳдудкунанда ва маҷбуркунандаи муҳоҷирон дар Русия ба ҳадди охири худ расидаанд.
Ба гуфтаи Ёқубов, ин тарҳ “муҳоҷиронро ба як сатҳ бо ҷинояткорон баробар мегузорад ва онҳоро ба таври умум ҳамчун гурӯҳи хатарнок муаррифӣ мекунад.”
Ин ҳамсуҳбати мо ҳам таъкид мекунад, ки геном ё ДНК “бахши муҳими хусусияти ҳар шахс ва ҳар инсон аст ва гирифтани он бояд танҳо бо розигии шахс иҷозат дода шавад, на бо ин қонуне ки мехоҳанд амалӣ кунанд.”
Як нуктаи муҳими дигари тарҳи нав ин аст, ки харҷи супурдани геномро бояд худи муҳоҷирон пардозанд.
Ботурҷон Шермуҳаммад, коршинос аз Тошканд гуфт, аз рӯи ҳисоби коршиносон ин метавонад то 500 доллар барои ҳар як шаҳрванди хориҷӣ бошад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин коршинос, “барои муҳоҷирон бе ҳам пардохтҳои зиеде барои гирифтани патент, боҷҳои давлатӣ, санади суғуртаҳо, супурдани имтиҳон.”
Навор дар Фейсбук:
Пештар сабти геномӣ дар Русия танҳо барои ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи афроди гумшуда, шахсияти фавтидагон ва барқарор кардани пайвандҳои хонаводагӣ анҷом мегирифт.
Дар як соли охир Думаи давлатии Русия 34 тарҳу қонунеро қабул кард, ки дар вуруд, иқомат ва кори муҳоҷирон дар ин кишвар маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ намуд ва онҳоро ҳарчӣ бештар ба як қишри беҳуқуқ ва озорпазир табдил дод.