Дар Тоҷикистон қароре содир шуд, ки аз се сол дар як мақом кор кардани мансабдорони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро манъ мекунад.
Манобеи расмӣ мегӯянд, ҳадаф аз қабули қарор тақвияти мубориза бо коррупсия аст, то кормандон дар як ҷо ба муҳлати зиёд кор карда, бо масъулони дигари давлатӣ забон як накунанд.
Коршиносон гуфтанд, ҷойивазкунии кадрҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷрибаи маъмул аст ва то ҳадде пеши роҳи ришватхорӣ ва пайдоиши муносибатҳои ғайриқонуниро дар миёни мансабдорон мегирад. Ҳамзамон ба таъкиди онҳо, дар ниҳоят, мубориза бо коррупсия аз поквиҷдонии маъмурони Оҷонси мубориза бо фасод вобаста аст.
Дар ин қарор, ки аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон содир шуда, нусхааш рӯзи 25-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ гардид, гуфта мешавад, ҳангоми ҷойивазкунӣ ё “ротатсия” розигии корманд зарур нест, яъне ин амал ҳатмӣ аст ва бояд бидуни хости корманд анҷом дода шавад.
Дар ҷойи дигари санад зикр кардаанд, ки “ҷойивазкунӣ танҳо дар сурате метавонад сурат гирад, ки кори корманд пурсамар бошад ва амру супоришҳои хосаи давлатиро иҷро намояд”.
То кунун кормандони додситонӣ ва мақомоти милиса дар Тоҷикистон пас аз панҷ соли кор дар як мақом ба вазифаи дигар гузаронида мешаванд. Қарори нав ин талаботро нисбат ба маъмурони Оҷонси коррупсия низ ҷорӣ намуд, вале муҳлати онро то 3 сол кам кард.
Алиакбар Абдуллоев, раиси созмони "Ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мубориза бо коррупсия бештар аз шахсияти онҳое вобастааст, ки ба кор дар ин ниҳод (манзур Оҷонси мубориза бо коррупсия) пазируфта мешаванд.
Вай афзуд: “Агар корманд виҷдону имон надошта бошад, ягон нафар дақиқ гуфта наметавонад, ки ҷойивазкунӣ фоида мекунад, ё не. Вақте дар ин ниҳод кор мекардам, кормандон пеш аз қабул шудан савганд ёд мекарданд. Боз ҳам пайдо мешуданд нафароне, ки савгандро мешикастанд, чунки дар миён нафси инсонӣ меистад”.
Абдуллоев мегӯяд, таҷрибаи ҷойивазкунӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале ҳамзамон афзуд, "агар корманд бевиҷдон бошад, ба куҷое ба кор гузаронанд, бевиҷдониашро идома медиҳад”.
Мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардаанд. Мо ин мавзуъро бо намояндагони онҳо дар миён гузоштем, вале ҳанӯз посух дарёфт накардем.
Кормандони Оҷонсиро бештар барои он танқид мекунанд, ки бо боздошти муаллимону кормандони ҷамоатҳо иктифо мекунанд, вале ба таҳқиқи кори мансабдорони баландпоя ҷуръат надоранд. Пешатр мақомот гуфта буданд, ки дар доираи қонун фаъолият доранд ва дар сурати шикоят ворид шудан аз сӯи шаҳрвандон дар робита ба ришваситонии мансабдоре, порахӯрро ба ҷазои худ мерасонанд.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро соли 2007 ташкил карданд. Мушкили ришватсионӣ ва тамаъҷӯйӣ аз сӯйи мансабдорон аз мушкилоти умдаи Тоҷикистон мемонад.
Кишвар дар шохис ё индекси созмони байналмилалии Transperency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар миёни 180 кишвар дар ҷойи 150-ум аст. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон аз 30 кишвари фасодзадаи дунё эътироф мешавад.
Ахиран Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши нави худ марбут ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон навишт, ширкату соҳибкорони амрикоиро коррупсия ё ришватситонӣ ҳангоми гирифтани иҷозатнома, ба расмиятдарории гумрукии мол ва озмунҳои хариди давлатӣ дар Тоҷикистон аз омадан бозмедорад.