Чун дар ҷавоб бепул будани табобатро аз забони вазир шунид, Асадулло Саидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ суоли дигар дод, ки “пас чаро барои доруву дармони писари бемораш пизишкон ним сол боз аз ӯ пул меситонанд?”. Вай гуфт, омӯзгор аст, музди кам мегирад ва наметавонад беш аз ин пул диҳад.
Сӯҳбати вазир Нусратулло Салимов бо Асаддуло Саидов дар ҳузури хабарнигорон чунин ҷараён гирифт:
Вазир: Ман шахсан табобати писари шуморо таҳти назорат мегирам. Аз ин пеш ҳам ҳамин қадар гуфтанд, ки пул медиҳем, баъд меравем мебинем, ки то миёнаравҳову дигарҳо сар мешавад. Ҳамин масъалаи шуморо ман худам назорат хоҳам кард.
Саидов: Худи духтур омада, навиштаҷоти доруҳоро гирифт ва ҳамроҳи ман ба дорухона рафт ва гуфт, ҳамин муаллим шароит надорад, баъд...
Вазир: Бародар, ҷанҷол накунед , мо гуфтем, ҳамроҳ бо Шумо алоҳида он одамонро фарёд мекунем ва тафтишот мебарем. Ман чун вазир мебинам, ки чӣ гап аст.
Ин баҳс дар нишасти хабарӣ яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тибби Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Маълум шуд, ки Асадулло Саидов барои табобати ҳамсари силбемораш низ чандин сол пул харҷ кард, вале дар ниҳоят, соли гузашта ӯро аз даст дод. Масъулони вазорати тандурустӣ монеи сӯҳбати Саидов бо хабарнигорон шуданд ва муовини вазир Соҳибназар Раҳмонов ӯро ба назди худ хосту ваъда кард, ки то соати 17:00 рӯзи панҷшанбе, 11 июл масъалаи интиқоли писари 14-солааш ба беморхонаи дигарро ҳал хоҳад кард. Раҳмонов гуфт, маълум шудааст, ки писари ноболиғи Саидов аз сил раҳо шудааст, вале аз маводи дорувори кӯмаккунандаи дигар вобаста аст. Азбаски ӯ дигар ба атрофиён хатар надорад, метавонад дар шароити берун аз беморхона ҳам табобат шавад.
Дар ҳамин ҳол Уктам Бобохоҷаев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии зидди сил мегӯяд, онҳо аз ин қазия бохабаранд ва ин арзи Асадулло Саидовро на чун шикоят, балки ҳамчун дархост маънидод мекунанд.
«Писари ӯ гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил аст ва дар беморхонаи “Мачитон” мӯҳлати тӯлонӣ бистарӣ буд. Ман аз натиҷаҳои машварати духтурон дар бораи вазъи сиҳҳатии писари ин мард огаҳ ҳастам. Хулоса, ин бемор чун шахси сиҳҳатшуда хулосабарорӣ гардид. Ҳангоми табобат аз кислород истифода бурданд, ки ҳоло вобастагии ӯро аз кислород баровардан мушкил шудааст, тамом. Лекин ҳамчун бемори шакли мутобиқшудаи сил вай аллакай табобат ёфтааст”, - гуфт Бобохоҷаев.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран СММ Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳое, шомил кардааст, ки мизони гирифторӣ ба ин беморӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ҳамасола дар ин кишвар аз 6 то 8 ҳазор беморони нав сабт мешавад. Аммо тибқи омори вазорати беҳдоштии кишвар дар 6 моҳи соли равон 3 ҳазору 522 нафар ба ин маризӣ печидаанд, ки дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179 нафар камтар будааст.
Гуфта мешавад, барои табобати маризони сил дар тамоми шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон марказҳои мубориза алайҳи сил фаъолият мебаранд ва феълан ҳазинаи мубориза бо ин маризӣ беш аз 60 миллион долари амрикоиро ташкил медиҳад. Тибқи пажӯҳиши донишгоҳи Базели Швейтсария, ки се соли пеш бо мақсади омӯзиши харҷи беморони сил дар Тоҷикистон гузаронида шуд, муайян намуд, ки дар маҷмӯъ барои табобати як бемор бештар аз 1000 доллар масраф мешавад. Пажӯҳишгарон муайян карданд, ки бо вуҷуди кӯмакҳои Бунёди Глобалӣ, ҳар мариз то ташхис ва ҳангоми дармони беморӣ тақрибан 300 долларо аз кисаи худ харҷ мекунад.
Ҳоли ҳозир шумораи умумии мубталоёни сил дар Тоҷикистон наздики 14,5 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Гуфтанист, дар Тоҷикистон Барномаи сеюми миллии ҳифзи аҳолӣ аз сил барои солҳои 2010-2015 бо ҳадафи коҳиши ин маризӣ пиёда мегардад. Иҷрои он асосан бо маблағгузории берунӣ, аз ҷумла Бунёди Глобалӣ, Бонки Олмонии Рушд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Бунёди “Каритас”-и Люксембург сурат мегирад.