Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

128 доллар барои муолиҷаи ҳар инсон дар Тоҷикистон


Маҷаллаи бритониёии The Lancet вазъи беҳдоштро дар қаламрави Шӯравии собиқ таҳқиқ кардаанд.

Ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ бо вуҷуди тафовутҳои чашмрас дар ҷараёни рушди иқтисодиашон, дар низоми беҳдошт бо чолиш ва мушкилоти тақрибан ҳамсон рӯбарӯ ҳастанд, мегӯянд мутахассисони http://www.thelancet.com – маҷаллаи беҳдоштии интернетӣ. Ин сомона, ки мақарраш дар Лондон аст, дар гузориши тозанашри худ менависад, ки солҳои 1990-ум дар қаламрави Шӯравии собиқ умри миёнаи инсон коҳиш ёфта, бемориҳои марбут ба қалб назар ба Аврупо бештар сабаби маргу мири инсонҳо мешаванд. Ба ҷуз минтақаи Осиёи Марказӣ, дар дигар ҷумҳуриҳо мизони истеъмоли машрубот ва ҳам тамокукашӣ шадидан боло рафта, хадамоти тиб ҳамоно заъиф мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ислоҳи хадамои беҳдошт, ҳамоно сармояи аслӣ на барои пешгирии бемориҳо, балки барои муолиҷаи он дар шароити касалхонаҳо равона мешавад.


Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон мизони хароҷоти хусусии мардум дар риштаи беҳдошт ба маротиб баланд аст. Дар Тоҷикистон 66,5 дар сади тамоми хароҷоти беҳдоштии мардум аз ҳисоби кисаи муштарӣ анҷом мешавад, дар ҳоле, ки давлат танҳо 1,6 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба соҳаи тандурустӣ равона мекунад.

Бар ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон соле ба ҳисоби миёна танҳо 128 доллар барои пардохти хадамоти беҳдошт масраф мешавад, мегӯянд муҳаққиқони ин маҷалла бо такя ба нишондодҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт. Дар муқоиса, дар Русия ин хароҷот 998 ва дар Иттиҳоди Аврупо 3230 долларро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон соли 1993, бо шурӯи ҷанги дохилӣ нишондодҳои дарозумрии инсон рӯ ба коҳиш овард ва бо эътидоли тадриҷии вазъи сиёсиву иқтисодӣ, дубора боло рафтааст. Синни миёнаи дарозумрии мардону занон дар Тоҷикистон дар соли 2009 мутаносибан 66 ва 69 солро ташкил дод.

Муҳаққиқони бритониёӣ мегӯянд, ки дар аксар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин тамокукашӣ, вобастагӣ аз машрубот, истеъмоли ғизои ғайрисиҳӣ сабаби аслии ба маризиҳои марбут ба қалб гирифтор шудани бахши калонсоли ҷомеа ва дар ниҳоят, боиси ҳалокати онҳо мешавад. Дар ҷумҳуриҳои нодори ин қаламрав, аз ҷумла дар Тоҷикистон, таҳаввулоти шадиди иҷтимоӣ ва набуди амнияти иҷтимоӣ сабаби аслии ҳалокати инсонҳо будааст. Айни замон дар ин гузориш таъкид мешавад, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки аксарият мусалмонанд, назар ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ, мизони истеъмоли машрубот камтар буда, аққалияти рустабори ин манотиқ назар ба сокинони бумӣ бар асари машрубот ҷон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG