Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз пинҳонкории соҳибкорон ҷиҳати насупурдани андоз, чанд соҳибкорро боздошт кардааст, ки ба гуфтаи тафтишот, бо рӯйпӯш кардани амалиётҳо, аз пардохти андозҳо саркашӣ кардаанд. Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии соҳибкории “Душанбе-2015” рӯзи 14−уми октябр гуфт, як қисме аз соҳибкорон ба қочоқи молу маҳсулот, рўйпўш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ даст мезананд.
Бинобар иттилои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, сармуҳосиб ва роҳбари ширкати “ДТТ” сар аз 19−уми марти соли гузашта то 1−уми августи соли равон дар аснодҳои муҳосибӣ “амалиёти андозбандишавандаро ба миқдори махсусан калон нишон надода” аз пардохти андоз ба миқдори 2 миллиону 805 ҳазор саркашӣ кардаанд. Мақомот танҳо бо зикри синну соли ин афрод иктифо карда аз бурдани номашон ба хотири рияои “эҳтимолияти бегуноҳӣ” ва халал ворид накардан ба рафти тафтишот худдорӣ меварзанд.
Дар ҳамин ҳол, соҳибкорон мегӯянд мизони болои андоз онҳоро маҷбур месозад, ки дар бархе аз мавридҳо даст ба пинҳонкорӣ ва ё тақаллуби ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ зананд. Маҳмурод Шарипов, соҳибкори тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” рӯзи 15−уми октябр гуфт, чӣ андозро пурра супорӣ ва ё даст ба пинҳонкорӣ бизанӣ, аз ду сар вақте нозирон барои тафтиш меоянд, маҷбур ҳастӣ бо онҳо як муомилае кунӣ. Вай афзуд: “Вақте мақомот барои тафтиш меоянд, пешакӣ мегӯянд, ки агар мо хоҳем, камбудӣ пайдо мекунем. Онҳо агар хоҳанд аз дилхоҳ ширкат ва ё соҳикбор камбудӣ пайдо мекунанд. Хайр кадом соҳибкор камбудӣ надорад?”
Шарипов мегӯяд, аз ин рӯ бисёре аз соҳибкорон дар асл ду намуди муҳосибот доранд: яке барои мақомот ва дигари барои харҷу дахли аслии худашон. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, чун мизони андозҳо гарон аст, соҳибкорон низ ба парохти пурраи он чандон ҳавасманд нестанд ва талош мекунанд бо нозирон муомилае карда даромади воқеии худро рӯйпӯш кунанд. Вай афзуд, дар сурате агар мизони андозҳо коҳиш дода шавад, соҳибкорон низ ба пардохти пурраи андозҳо ҳавасманд мешаванд.
Бинобар иттилои охири Кумитаи андози Тоҷикистон, 277 ширкату соҳибкорони инфиродӣ аз андоз беш аз 200 ҳазор сомонӣ қарздор ҳастанд. Ин Кумита инчунин 2388 ширкату соҳибкоронро ба рӯйхати “андозсупорандагони бемасъулият” шомил кардааст, ки ба таври систематикӣ андозро сари вақт намесупоранд ва ё аз пардохти он сарпечӣ мекунанд.
Аммо иқтисоддонзҳо ва масъулони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи соҳибкорон мегӯянд, зиёд будани шумораи ширкату соҳибкорони аз надорз қарздор ва ё дар рӯйхати бемасъулиятон афтидани онҳо аз боло будани мизони андоз дарак медиҳад.
Михаил Петрушков, роҳбари Маркази ҳимояи бизнес дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, афзудани шумораи ширкатҳои аз андоз қарздор аз бурузи як бӯҳрони системавӣ дарак медиҳад: “Ҳеҷ мумукин нест, ки ҳамаи ҳамин ширкатҳо бемасъулият бошанд ва андозро саривақт намесупоранд. Инҷо масъала амиқтар аст ва бояд таҳлил карда дид, ки чаро шумораи ширкату соҳибкорони аз андоз қарздор ин қадар зиёд шудааст.”
Вале Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мизони андозҳо дар асл чандон баланд нест, аммо барои боз ҳам коҳиш додани он аллакай лоиҳаи тағйиру илова таҳия шудааст: “Баъди қабули кодекси нав дар он тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он андози муасиссаҳои таълимӣ аз 18 дарсад то ба 5 фоиз поин бурда шуд.”
Ҷабборов афзуд, ҳоло лоиҳаи тағйироту иловаҳои нав ба Кодекси андоз дар ҳоли баррасӣ аст, ки ҳамчунин поин бурдани мизони баъзе аз андозҳоро дар назар дорад. Аммо ӯ аз додани ҷузъиёти бештар дар мавриди ин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси андоз ба хотири дар ҳоли баррасӣ будани он худдорӣ варзид.
Тоҷикистон соли 2012 Кодекси нави андозро қабул кард ва номгӯи андозҳо аз 21-тои қаблӣ то ба 11 адад коҳиш дода шуд. Мувофиқи муқаррароти Кодекси нав, аз соли 2015 андоз аз истеҳсолот аз 15 ба 14 ва то соли 2017 то 13 дарсад коҳиш дода хоҳад шуд. Андоз аз истифодабарангони роҳи автомобилгард соли оянда 50 дарсад кам ва то соли 2017 комилан аз байн хоҳад рафт.
Аммо соҳибкорони собиқадор мегӯянд, ҳарчанд номгӯи андоз коҳиш дода шуд, аммо мизони андозҳо боло рафт ва дар маҷмӯъ сарбории андозҳо зиёд гашт.