Идораи маорифи шаҳри Душанбе дар ҷараёни маъракаи ҷилавгирӣ аз ришвату фасоди муаллимон рафтани хонандагони мактабҳои миёнаро ба театрҳо муваққатан манъ кардааст. Мақомот мегӯянд, ки омӯзгорон билети намоишномаҳоро бо нархи панҷ сомонӣ гирифта ва ба талабаҳо ба ивази даҳ сомонӣ мефурӯшанд. Кормандони театрҳо низ гуфтанд, чаҳор моҳ боз хонандагонро надидаанд.
10 сомонӣ = 10 нон
Хонаводаҳое ҳастанд, ки ду ё аз он зиёдтар фарзанд доранд. Онҳо чӣ гуна пули изофагиро пардозанд? Бо 10 сомонӣ 10 нон мехаранд.
Муҳаммадалӣ Азимзода – мудири маорифи пойтахт – рӯзи 14 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар инҷо масъалаи дигаре ниҳон нест. Мо фақат бизнеси муаллимонро манъ кардем. Онҳо бо истифода аз фурӯши билети намоишномаҳо аз бачаҳо пули изофагӣ мегирифтанд."
Азимзода гуфт, "хонаводаҳое ҳастанд, ки ду ё аз он зиёдтар фарзанд доранд. Онҳо чӣ гуна пули изофагиро пардозанд? Бо 10 сомонӣ 10 нон мехаранд". Мудири маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, як заминаи тасмими онҳо низ шикояти зиёди волидон аз нархи гӯё баланди билети театрҳо будааст.
Хонандагон чигуна ба театр бираванд?
Ҳоло мақомот як гуруҳи корӣ таъсис додаанд, то шеваи беҳтари ба театрҳо бурдани хонандагони мактабро мушаххас кунад. Муҳаммадалӣ Азимзода мегӯяд, ба фикри онҳо хубтар хоҳад буд, худи хонандагон ё волидонашон аз хазинаҳо билети намоишномаро бигиранд ва дар охир касе аз касе домангир набошад. «Аммо инки мо хонандагонро аз рафтан ба театр пурра манъ карда бошем, асос надорад. Ин амр ба маърифати шогирдон таъсири манфӣ хоҳад гузошт», - таъкид кард ӯ.
"Набояд масъулону муаллимон суистифода кунанд"
Қурбон Сафаров, муовини мудири Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо воқеан сари наҳваи ҷалби хонандагони мактаб ба театрҳо бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтугӯ доранд. Толибҷон Бобоев, мудири Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов хостори ширкати фаъоли талабагон дар намоишномаҳои театрӣ шуд, вале ҳамзамон гуфт, набояд масъулон ва муаллимон аз ин маврид суистифода намуда, ба фасод роҳ диҳанд. Ӯ гуфт, «омӯзгорон набояд аз нархи билете, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин кардааст, бештар пул бигиранд.»
"Вақте дар мактаб ришваву фасод меомӯзанд..."
Дар ҳамин ҳол, ҷомеашиносон мегӯянд, ришвату фасод ҳанӯз дар мактаби миёна ба зеҳни насли наврас таъсири амиқ мегузорад. Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигор ва ҷомеашиноси тоҷик гуфт, «ришваситонии омӯзгорон, ҳатто баъд аз хатми мактаб ва донишгоҳ низ дар ёди шогирдон мемонад. Вақте ҳамчун як мутахассис дар идорае фаъолият мекунанд, албатта, зимни тасмимгириҳо ришва додану ришва гирифтан барояшон як амали маъмулӣ менамояд.»
Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, бештари коршиносону таҳлилгарон аз иқдоми ахири Идораи маорифи шаҳри Душанбе истиқбол карда ва умедворанд, ки талошҳо боровар бошад.
Пули таъмир, зодрӯз, бӯр ва...
Аммо волидон мегӯянд, инҷо танҳо масъалаи «театрпулӣ» нест, балки солҳо боз маъракаи ҷамъоварии пул барои зодрӯз, иди модар, таъмири мактабу кӯдакиситон, пули рӯзнома ё журнали синф ё бӯру латта ба як кори маъмулӣ табдил шудааст. Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки оё иқдоми ахири Раёсати маорифи шаҳри Душанбе метавонад, аз мавридҳои ришвахорӣ барои ҷалби шогирдон ба театр кумак хоҳад кард, ё не.