Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди қазияи Дилбар. Ҷазои се омӯзгор барои "бемасъулиятӣ"


Маъмурияти мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мегӯянд, ки се омӯзгори ин дабистон на барои "тамаъҷӯӣ", балки барои "бемасъулиятӣ", муҷозот шудаанд.

Мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мегӯяд, ки се тан аз омӯзгорони ин мактаб на барои тамаъҷӯӣ, балки барои бемасъулиятӣ аз сӯи додгоҳ ба маблағи аз 90 то 120 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, ин омӯзгорон дар иртибот ба парвандаи Дилбар Гургова, ки бар асоси қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” барои аз таҳсил дур мондани ду фарзандаш алайҳи ӯ парванда боз шудааст, муҷозот шудаанд.

Мақомот моҳи гузашта дар нисбати сокини Душанбе Дилбар Гургова -- ҳамсари як узви гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода тибқи қонуни "Масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", парванда боз карданд. Шавҳари Дилбар Гургова аз ҳашт моҳ ба ин тараф дар боздошт ба сар мебарад ва ин зан ҳудуди ду моҳ қабл зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинобар сахтии зиндагӣ тасмим дорад, фарзандонашро ба мактаб-инернат супорад.

Ӯ аз ҷумла гуфт, бинобар надоштани либос ва пардохт накардани пули мактаб, ду фарзандаш натавонистанд ба мактаб бираванд: "Ҳар рӯз аз бачаҳоям пули мактаб мепурсиданд. Худам 480 сомонӣ пули хонаи иҷора бояд бидиҳам. Либос харида наметавонем. Дар мактаб интернат гуфтанд, ки танҳо шавҳармурдаҳоро қабул мекунем. Дигар намедонам чӣ кунам."

Аммо Раҳматхӯҷа Ҷамолов, мудири мактаби рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 4-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муаллимаҳо Сайрам Саримсоқова, Латофат Ғафурова ва мудири қисми таълимии мактаб Гулсара Табарова барои фаро нагирифтани хонандагон ба машғулиятҳои таълимӣ, аз 90 то 120 сомонӣ муҷозот шудаанд.

Ба гуфтаи мудири мактаб, иддаои Дилбар Гургова, ки гӯё омӯзгорон аз падару модарони талабаҳо пул талаб мекунанд, асос надорад. Вай гуфт, то замоне ки парвандаи Дилбар Гургова ба додситонӣ нарафт, масъалаи тамаъҷӯӣ аз сӯи ин омӯзгорон дар миён набуд.

Раҳматхӯҷа Ҷалолов иддаои дигари Дилбар Гурговаро, ки гӯё маъмурияти мактаб ба фарзандони ӯ кӯмак намерасонанд, радд кард. Зеро ба гуфтаи вай, маъмурияти ин мактаб ҳар семоҳа барои ду фарзанди Дилбар Гургова ҳамчун хонаводаи камбизоат, ба маблағи 40-сомонӣ, кӯмак мекунанд.

Худи Дилбар Гургова рӯзи 4-уми май дар тамос бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки фарзандонаш сари ҳар се моҳ аз ҷониби маъмурияти мактаби рақами 48 маблағи 40-сомонӣ дарёфт мекарданд. Вале давоми як моҳи ахир ин маблағ барои онҳо пардохт нашудааст.

Як манбаъ дар додситонии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нисбати ин се муаллима бо моддаи "хунукназарӣ" парвандаи маъмурӣ боз шуда ва ба додгоҳ ирсол шуда буд.

Алайҳи ҳамсари як узви гурӯҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" парванда боз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

XS
SM
MD
LG