Қазияи «Ампаро», созмони ҷамъияте, ки фаъолияташ соли гузашта аз сӯи додгоҳи шаҳри Хуҷанд қатъ шуда буд, ба Додгоҳи Қонуни асосӣ расид. Рӯзи 24 – уми июн ин додгоҳ дархости «Ампаро» дар бораи қонунмандии қарори додгоҳи шаҳри Хуҷандро баррасӣ мекунад.
Дилрабо Самадова, раҳбари «Ампаро» ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин дархост аз додгоҳ хоста шудааст, ки мутобиқати моддаҳои 34, 35 ва 37 – и Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо моддаҳои 14, 28 ва 30-и Сарқонуни Тоҷикистонро шарҳ диҳад: «Масалан, дар Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ин нукта рӯшан нест, ки вазорати адлия дар кадом ҳолатҳо бояд фаъолияти созмонҳоро маҳдуд кунад. Ба назари мо, ваколатҳои вазоратро мешавад бемаҳдуд гӯем. Қонунгузории байналмилалӣ ҳам ҳаст, ки озодиҳои як созмонро ба фаъолият рӯшан мекунад. Мо ин ҳамаро асос карда, ба Додгоҳи конститутсионӣ дархост фиристодем.»
Дилбар Самадова мегӯяд, тибқи моддаҳои 34, 35 ва 37 – и Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар сурати ошкор шудани нақзи қонунгузории Тоҷикистон роҳбарияти созмонҳо хаттӣ огоҳонида (34), додситонӣ бетаъхир бартараф кардани қонуншиканиро талаб мекунад (35) ва агар нашуд, сипас бояд кор ба додгоҳ кашад (37). Вай афзуд, аммо бино ба моддаҳои 14, 28 ва 30-и Сарқонуни Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро Сарқонун, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд (14), Сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳидшавиро кафолат медиҳад (28) ва ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шуда, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст (30). Хонум Самадова мегӯяд, ин ҳама аз сӯи раёсати адлияи вилояти Суғд нодида гирифта шуд ва гузашта аз ин, дар Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар қатъи фаъолияти созмонҳо ба вазорати адлия озодии амалро надодааст.
29 июни соли 2012 раёсати адлияи вилояти Суғд ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи «Ампаро» даъво бурда буд, ки ин созмон Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро нақз карда, бар хилофи меъёрҳои Оинномааш суроғаи ҳуқуқиашро тағйир дода, раёсатро огоҳ накардааст, дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бидуни қайд зерсохтор кушодааст, хилофи Оинномааш сомонаи интернетӣ таъсис додааст, бидуни иҷоза дар мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Чкалов дарси «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои даъватшавандагон» - ро баргузор кардааст ва ниҳоят роҳбари “Ампаро” бе таъсиси мақоми олии иҷроия, яъне раёсати созмон, қарор қабул намудааст.
«Ампаро» як созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд буд, ки соли 2005 ташкил шуда, дар се самт – ҷавонон, маълулон ва сарбозон - фаъолият мекард. Ин созмон ҳар сол дар мавриди ҷалби ҷавонон ба артиш ва вазъи хизмати низомӣ дар Тоҷикистон мониторинг мегузаронд. Аз ҷумла соли 2010 як назарсанҷӣ гузаронда, эълон кард, ки 40 фоизи ҷавонони Тоҷикистон тариқи “облава” ба хидмати низомӣ ҷалб мешаванд.
Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, комиссариатҳои ҳарбии Суғд қабл аз раёсати адлияи вилоят чанд маротиба аз ин созмон шикоят бурда буданд, аммо додгоҳ даъвои онҳоро беасос ҳисобид. Аммо пас аз даъвои раёсати адлия 24 октябри соли 2012 додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукми қатъи фаъолияти созмонро содир кард.
Додгоҳи вилояти Суғд ва додгоҳи назоратӣ низ қарори марҳалаи аввалро дуруст ҳисобиданд ва ҳоло кор ба Додгоҳи Қонуни асосӣ кашид.
Қазияи манъи фаъолияти “Ампаро” ба интиқоди тунди созмонҳои байналмилалӣ дучор шуда, ҳатто соли гузашта дар иҷлосияҳои Шӯрио ҳуқуқи башари СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфӣ мегӯяд, сарусадоҳое, ки имрӯз сари созмонҳои ҷамъиятиву хориҷӣ барпо шудаанд, сари қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ бетаъсир нахоҳанд буд, аммо ин додгоҳ дар қиёс бо додгоҳҳои дигар фурсати хубе барои барррасии ин парванда дорад: «Додгоҳи конститутсионӣ таҷрибаи аҷибе дорад. Ин додгоҳ ҳамагӣ 13 додрас дорад. Омор нишон медиҳад, ки соли 2013 ин додгоҳ ҳамагӣ 13 парвандаро баррасӣ кардааст. Сари ҳар додрас – ҳамагӣ як парванда. Акнун маълум нест, ки сари қазияи «Ампаро» чӣ гуна қазоват хоҳанд кард. Шояд талаб кунанд, ки «Ампаро» бигзор хатоҳояшро ислоҳ карда, корашро идома диҳад. Аммо ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки парванда мусбат ҳал нашавад.»
Ба ҳамин минвол, ҳуқуқшиносон бар инанд, ки дар қазияи «Ампаро» ҷанбаи сиёсиву амниятии масъала, аз ҷанбаи ҳуқуқиаш хеле боло меистад. Ва ҷанбаи сиёсиву амниятии ин қазия ҳам дар он аст, ки аз як атараф, аз сӯи созмонҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мешавад ва аз тарафи дигар, мушкилоти артиши миллиро ҳадаф қарор додааст. Артишеро, ки дар воқеъ мушкил дорад, вале мақомот дар мазҳари ом кашидани ин мушкилотро аслан хуш надоранд.