Неъмат Раҳматов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 23-юми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт "пеш аз он ки мошинҳо ба Тоҷикистон ворид карда шаванд, ҳадди ақал шаш кишварро убур мекунанд. Ва дар ҳар яке аз ин кишварҳо ду маротиба аз назорати гумрукӣ гузаронида мешавад, ки ҳамаи ин ниҳодҳои гумрукии кишварҳо дастёбӣ ба маркази итилоотии Интерполро дорад."
Ҷаноби Раҳматов ҳамчунин афзуд: "кишварҳое, ки даъво доранд, мошинҳояшон дуздида мешавад, беҳтар мебуд худашон роҳҳои дуздида шудани онро ҷилавгирӣ мекарданд."
Ба гуфтаи муовини раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар кишварҳое, ки мошинҳо аз онҷо рабуда мешаванд, садҳо ширкатҳое ҳастанд, ки мошинҳои рабудашударо қонунӣ мекунанд ва ба кишварҳои воридкунанда мефиристанд. Аммо дар Тоҷикистон чунин ширкатҳо вуҷуд надоранд ва мақомоти масъули ин кишварҳоро мебояд ҷурмро дар дохили худ ҷустуҷӯ кунанд. Раҳматов гуфт, сарусадоҳо дар мавриди он ки Тоҷикистон ба ягона кишвари қабулкунандаи мошинҳои рабудашуда табдил ёфтааст, беасос аст.
Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ кашф шудани 127 мошини дуздӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар 3 соли охирро тасдиқ кард, вале гуфт, ягон мавриди ба “аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ ва хешовандони наздик ба президенти Тоҷикистон” тааллуқ доштани ин мошинҳои дуздӣ ошкор нашудааст.
Ин посухи расмии мақомоти интизомии Тоҷикистон ба мақолаи нашрияи олмонии “Bildt” аз 19-уми декабр буд. Дар нашри як матлаби алоҳидаи ВКД гуфта мешуд, ки «аз соли 2011 то инҷониб, ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиётие, ки ба ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, 127 далели ворид намудани автомашинаҳои рабудашуда ба қайд гирифта шудааст, ки 57-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Аммо бояд қайд намуд, ки автомашинаҳои нишондодашуда бо системаи GPS баъд аз 2-3 моҳ ва баъзан баъди ним сол ва зиёда аз ин ба қайди кофтуков дохил шуданд, яъне аз тарафи Олмон ҳангоми дар қайд гузоштани нақлиёти рабудашуда, ба кашолкорӣ роҳ додаанд».
Дар ВКД ба Радиои Озодӣ гуфтанд вобаста ба ин ҳолат матлаби алоҳидаи худро нашp карданд ва ҳоло дар ҳамкорӣ бо дафтари Интерпол таҳқиқи ин қазия идома дорад.
Нозирони умур мегӯянд, ҳодисаҳои рабуда шудани мошин дар ҷаҳон махсусан дар давлатҳои рушдкарда ва давлатҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Аммо ошкор кардани ин ҷиноятҳо кори осон нест. Зеро дар ин кор бештар гурӯҳҳои мутташакили байнулмилалӣ даст доранд ва эҳтимолан онҳо бо ёрии ҳомиёни худ аз ҳисоби кормандони сохторҳои давлатӣ амал кунанд.
Вале тоҷирони тоҷик мегӯянд, мошинҳои дуздӣ маъмулан аз тариқи роҳҳои мошингарди ин кишварҳо вориди Тоҷикистон мешаванд. Аммо худи тоҷирон мошинҳои фурӯширо аз тариқи роҳи оҳан вориди кишвар месозанд. Онҳо мегӯянд, тиҷорат дар ин самт кори мушкил буда масъулияти зиёдро талаб мекунад. Хайриддин Назаров, ки дар ду соли ахир ба тиҷорати мошин машғул аст, мегӯяд бештар ба Тоҷикистон аз кишварҳои Латвияу Полша ва Ҳолланду Олмон мошин меорад. Аммо дар ин кораш боре ҳам аз тиҷорати мошинҳои рабудашуда кор нагирифтааст. Вай мегӯяд: «мошинҳое, ки ба фурӯш гузошта шудаанд, бештар дар нуктаҳои хизматрасонии автомобилӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва мо низ аз онҷо мегирем. Аввал ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунем, агар ягон рақам ё хатогӣ дар ҳуҷҷатҳои мошин бошад, он ширкатҳое ки бо мо шартнома доранду хардифурӯш мекунанд чунин мошинҳоро содир намекунанд. Ҳар мошине, ки мо мегирем онро бо ҳуҷҷаташ ҳатман хубтафтиш мекунем. Дар бриф ё ҳамон техпаспорти мошинҳои олмонӣ рақами муҳаррик ё матор, ранги мошинро иваз кардан мумкин, аммо муҳим инҷо рақами кузов аст, ки онро тағйир додан имкон надорад».
Рӯзи 19-уми декабр нашрияи олмонии “Bildt” дар матлаби таҳти унвони "Аъзои оилаи президент мошинҳои дуздиро саворӣ мекунанд" хабар дод, ки бо истифода аз шабакаи GPS, ба камияш 93 мошини тамғаи “BMW” дар Тоҷикистон рӯ задаанд.
Дар гузашта низ мақомоти пулиси Олмон дар як сӯҳбат бо маҷаллаи маъруфи «Шпигел» Тоҷикистону Узбакистонро аз ҷумлаи кишварҳое унвон карда буданд, ки мошинҳои рабудашудаи ин кишвар бештар аз ҳама дар бозори онҳо ба фурӯш гузошта мешаванд.