Шояд бисёриҳо бигӯянд, ки дар Тоҷикистон дигар касе мисли ғулом кор намекунад ва ё Арбоб Камолҳо вуҷуд надоранд, ки Одинаҳоро бардавор кор фармоянд. Аммо ин тасаввур хатост, зеро бинобар як гузориши тоза, мумкин аст, дар Тоҷикистон ҳоло аз 23 то 25 ҳазор нафарро мисли Одина истисмор кунанд ва онҳо ҳам чизе гуфта натавонанд. Ва ё шаҳрвандони кишвар мисли ғулом дар хориҷ истифода шаванд.
Дар нахустин Шохиси Байналмилалии Бардагӣ, ки созмони “Walk Free Foundation” (http://www.globalslaveryindex.org) рӯзи 17 октябр нашр кард, Тоҷикистон аз назари хатари истисмору бардагӣ дар байни 162 кишвар, мақоми 70-ум қарор дорад, ки мақоме хубе нест. Профессор Кевин Бейлс, муаллифи гузориши мазкур дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Адами волоияти қонун, мизони баланди ҷинояткорӣ, рафтор бо аққал иятҳои милливу мазҳабӣ сабаб мешавад, ки бовар кунем, хатари гирифтор шудан ба бардагӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд аст.“
Бисёр мешунавед, ки дар худи Тоҷикистон баъзан мардикорони фақирро баъзе аз афроди беинсоф, аз субҳ то шом кор мефармоянд, вале дар иваз ба онҳо пули ночизе дода ва аз даргоҳи худ меронанд.
Дигар ин ки солона даҳҳо зани тоҷикро аз роҳи фиреб ба хориҷ бахусус ба кишварҳои арабӣ мебаранд ва ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд. Ҳодисаи ахир ва нодире, ки сабт шуд, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди Бангладеш аст, ки 8 ҳамватани худро аз роҳи фиреб ба Тоҷикистон оварда ва бардавор кор фармуда ва пулашонро ҳам надодааст.
Бо вуҷуди ин ҳама, хатари бардагӣ ва истисмори ғуломона дар Тоҷикистон дар муқоиса ба Русияву Озарбойҷон ва Узбакистон ҳам камтар будааст, ки дар ахирӣ маъракаи оммавии пахтачиниро, “ғуломдории давлатӣ” хондаанд. Тоҷикон ҳатто агар дар ватанашон истисмор нашаванд, аммо умдатан барои кор ба Русия, яъне ба кишваре мераванд, ки бештар аз ним миллион нафар мисли ғулом истифода мешаванд.
Аз назари хатари гирифторӣ ба бардагӣ, Русия дар мақоми бисёр бади 6-ум қарор дорад, ки муҳоҷирони кориро аз саросари Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ ҷазб мекунад. Ба гуфтаи Кевин Бейлс, муҳоҷирони осебпазире, ки ҷумҳурии Молдова, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба Русия мераванд, баъзан дар сохтмонҳо ва киштзорҳои азим мисли ғулом истисмор мешаванд:
“Мо медонем, ки дар Русия ва кишварҳои зиёди дигар аз тафовути қавмиву мазҳабӣ сӯистифода мекунанд. Яъне агар мардуми ғайрирус бошанд, онҳоро ғолибан бардавор кор мефармоянд ва ё истисмор мекунанд. Дигар ин фасоду ришвахорӣ, як омили бисёр қавиест, ки шароитро барои бардагӣ фароҳам мекунад. Ва мо медонем, ки фасод дар Русия бисёр зиёд аст. Яъне мардуми осебпазир ва фақир, ки аз тарафи қонун ҳимоят намешаванд ва шароити бардагӣ ҳам фароҳам мешавад. “
Дар ин гузориш омадааст, ки дар Русия баъзе аз муҳоҷиронро ҳатто ба гадоӣ, фурӯхтани маводи мухаддир ва корҳои хатарноке ба мисли ҷамъоварии партоб маҷбур мекунанд. Дар гузориш омадааст, ки ҳатто дар сохтмонҳои таъсисоти бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Сочи низ теъдоде аз муҳоҷиронро ғуломвор кор фармудаанд.
Дар маҷмӯъ бар тибқи гузориши “Walk Free Foundation”, як созмони мубориза бо бардасозӣ дар саросари ҷаҳон тақрибан 30 миллион нафар бардавор кор мекунанд ва аз ин назар Мавритания дар мақоми аввал будааст. Дар ин кишвари тақрибан 4 миллион нафарӣ бештар аз 150 ҳазор нафарро ғуломвор кор мефармудаанд. Бо вуҷуди ин мушкили умда ба гуфтаи Кевин Бейлс, бисёре аз ҳукуматҳо ин масъаларо нодида мегиранд ва ҳадафи нахустин Шохиси Байналмилалии Ғуломдорӣ ба гуфтаи Кевин Бейлс хотима додан ба ҳамин беэътиноӣ ва ҳамингуна ба ғуломдорӣ дар замони муосир аст.