Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соҳиби нахустин реактори ҳастаӣ мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қарор аст, то соли 2020 дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон реактори ҳастаӣ бо номи "Аргус" ба кор бидарояд.

Бар асоси барномаҳои давлатӣ, қарор аст Тоҷикистон то соли 2020 соҳиби реактори ҳастаӣ шавад. Ин реактор бо номи “Аргус” дар кишварҳои Шӯравии пешин назир надорад, агар чунин реактор дар шаҳри Маскавро дар назар нагирем. Корҳои омодагӣ, яъне таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бунёди ин реактор дар чаҳорчӯбаи барномаи давлатӣ оғоз ёфтааст.

Ин барномаро 2 ноябри соли 2015 раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст. Алимаҳмад Холов - муовини раиси Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “реактори мазкур танҳо барои фаъолиятҳои сулҳомези илмӣ ва барои рушди иқтисод ба кор бурда мешавад ва аҳамияти хуби иқтисодиву илмӣ ва тиббӣ дорад.”

РЕАКТОРИ “АРГУС” ЧӢ КОР МЕКУНАД?

Реакторро пеш аз ҳама дар бахшҳои геологияву кишварзӣ ва тиб метавонад босамар истифода кунанд. Бо кӯмаки нурҳои нейтронӣ ва изотопҳои ҳосилшуда аз ин нурҳо ҳамаи захираҳои маъдание, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, ташхис мешаванд ва бо осонӣ ошкор кардан мумкин аст, ки дар таркиби маъданҳо, чӣ қадр тилло, нуқра ва ё маъданҳову минералҳои дигар мавҷуд аст.

Алимаҳмад Холов мегӯяд, “масалан, дар бахши кишоварзӣ тухмиҳоро бо нурҳои нейтронии ин реактор ислоҳ мекунанд. Агар бо ин нурҳо ба ин тухмиҳо каме таъсир расонанд, дар он сурат ҳосилнокии он чанд баробар боло меравад. Ин корро дар Канада, Чин ва кишварҳои дигар анҷом медиҳанд. Дар бахши тиб низ барои табобати баъзе бемориҳо, аз ҷумла бемории саратон ба табибон ёрӣ мерасонад.”

Ӯ афзуд, тТо ҳол барои сӯзондани ба истилоҳ решаҳои беморӣ бо изотопҳое, ки аз нурҳои нейтронӣ ҳосил мешаванд, беморро ба кишварҳои дигар мебаранд. Вале дар оянда ин кор дар худи Тоҷикистон имконпазир хоҳад буд.

Ҷаноби Холов мегӯяд, чунин реактор дар кишварҳои дигари минтақа вуҷуд надорад ва “мо метавонем фармоишҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояро низ иҷро кунем ва ин тавоноиро “Аргус” хоҳад дошт.” Ба гуфтаи ӯ, дар назди реактор озмоишгоҳи махсуси нитронографӣ ташкил мешавад ва дар он ташхисҳои илмӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, тиб, зистмуҳитӣ ва соири бахшҳои иқтисод анҷом додан мумкин аст.

“АРГУС” МУШКИЛИҲОИ АМНИЯТӢ ПЕШ НАМЕОРАД?

Маъмулан ҳар кишваре, ки бо фаъолиятҳои ҳастаӣ машғул мешавад, ба зудӣ дар он масъалаҳои амнияти ҳастаӣ матраҳ мешавад, зеро чунин фаъолиятҳо бар асоси муқаррароти байналмиллалӣ бояд бо Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ ҳамоҳанг шаванд. Тоҷикистон то имрӯз дар ин бора ризояти ин созмонро ба даст овардааст.

Фарҳод Раҳимӣ
Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ - раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон 14 январи соли ҷорӣ дар нишасти хабарии ин муассисаи илмӣ гуфт, заминаҳои қонунии ба кор даровардани ин реактори ҳастаӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳукумати Тоҷикистон бо ҷониби Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ протоколеро низ ба имзо расондааст.

Абдуҷаббор Саломов - муовини раиси Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин реактор аз худ ташаъшуъ ё радиатсия хориҷ намекунад ва барои муҳити атроф ва саломатии инсон зарар надорад. Намояндагони Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ борҳо аз маҳали бунёди ин реактор дар шаҳри Душанбе боздид кардаанд ва бо нақшаву сохтори он ошно шудаанд. Онҳо низ гуфтаанд, ки бунёди чунин реактори ҳастаӣ бо меъёрҳои байналмиллалии амнияти ҳастаӣ мутобиқат мекунад ва он бо Аҳдномаи Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ дар бораи манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ, ки Тоҷикистон онро дар соли 1995 имзо кардааст, муғоират ё зиддият надорад.

РАҲИМӢ: РЕАКТОР СОЛИ 2020 БА КОР МЕДАРОЯД

Фарҳод Раҳимӣ - мегӯяд, “барои бунёди реактор бо ҷониби Русия низ корро шуруъ кардаем. Протоколҳои аввалин ба имзо расидаанд ва корҳои амалӣ низ шурӯъ мешавад. Мувофиқи нақша то соли 2020 бояд реактори ҳастаии “Аргус” пурра ба кор дарояд ва ман фикр мекунам, ки мо дар муддати се сол бунёди реакторро ба итмом мерасонем”.

Бунёди реактори “Аргус” дар Тоҷикистон солҳои 1988-90 бо ширкати донишмандони физикаи ҳастаии Русия оғоз шуда буд, вале бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо ба Маскав баргаштанд ва тамоми таҷҳизоти онро Тоҷикистон тавонист дар солҳои ҷанг ҳифз ва амнияти онҳоро таъмин кунад. Аз се ду ҳиссаи ин таҷҳизот қобили истифода аст. Барои идораи фаъолияти ин реактор компютерҳои тавлиди ҳамон солҳоро оварда буданд, ки акнун онҳоро бо компютерҳои замонавӣ иваз хоҳанд кард.

Коршиносоне, ки дар ҳамон солҳо дар ин реактор корро оғоз карда буданд, ҳоло дар Маскав кор мекунанд. Онҳо бо даъвати ҳамкорони тоҷики худ барои ошноӣ бо вазъи ин реактор ба Тоҷикистон омадаанд ва ба хулосае расидаанд, ки сохтмони ин реактор бояд такмил шавад.

Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи бунёди “Аргус” сармоягузор меҷӯяд ва тибқи барномаи пешбинишудаи давлатӣ арзиши ин корҳо як ҷо бо таҷҳизоти боқимонда, аз ҷумла сӯхти ҳастаӣ 35 миллион долларро ташкил медиҳад.

Вале то ҳол дар бораи сӯхти ҳастаӣ ва харидории он бо ҳеҷ кишвар қарордод имзо нашудааст. Ин кор барои оянда вогузор шудааст. Барои ба кор даровардани реактор урани ғанишудаи 20 дарсадӣ зарур аст ва ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, чун ин реактор сохти Русия аст, ин навъи сӯхт ва таҷҳизоти дигари заруриро шояд Тоҷикистон аз Русия ворид кунад.

Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи Тоҷикистон аз ҳоло коршиносонро барои кор дар ин реактор тарбия мекунад ва ҷавононро барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия фиристодааст. Вале муовини раиси ин пажуҳишгоҳ мегӯяд, ба андозаи кофӣ ҳоло коршинсон ҳастанд ва дар марҳилаҳои аввал ин реакторро гардон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG