Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон: "Мошинҳои моро бидиҳед!" Мақомот: "Ду роҳ доред"


Теъдоде аз мошинҳои бандмонда
Теъдоде аз мошинҳои бандмонда

Беш аз 1900 мошине, ки як сол пеш тоҷирон барои фурӯхтан аз хориҷа ба Тоҷикистон оварда буданд, дар як истгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд банд мондааст.

Мақомот мегӯянд, ин мошинҳо “кӯҳна” ҳастанд ва бояд ба кишвари дигар бурд ё ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил доду сипас фурӯхт. Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2023 овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013-ро манъ кард.

Тоҷирон мегӯянд, ин мошинҳоро пеш аз иҷрои қарори нав харида буданд, вале натавонистанд саривақт ба Тоҷикистон расонанд. Онҳо бори дигар аз ҳукумат мехоҳанд, ба таври истисноӣ ба гирифтану фурӯхтани мошинҳои бандмондаашон иҷозат диҳад, то худ ва хонаводаро аз буҳрон бираҳонанд.

Тоҷирон аз ҳукумат иҷозат металабанд
Тоҷирон аз ҳукумат иҷозат металабанд

“Ҳуҷҷату далел ҳаст, ки мошинҳо дар моҳи апрел, май, ҳатто дар оғози соли 2023, харида ва ба вагон бор карда шудаанд. Дар аввал муҳлати иҷрои қарор то 1-уми январи соли 2024 буд. Аксарият ҳамин муҳлатро дар назар дошта, мошинҳоро бор карданд. Сабаби дувум роҳи Эрон шуд. Азбаски ҳама тариқи Бандар Аббос мошинҳоро фиристоданд, роҳ банд шуд," – гуфт яке аз тоҷирон рӯзи 14-уми август.

Мақомоти Тоҷикистон замони нашри қарор ҳадафро аз манъи нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 “ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳо ба ҳаво” гуфтанд. Ҳукумат он вақт барои соҳибкорон ду моҳ муҳлат дода буд, ки чунин мошинҳоро наоранд.

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд, гуфт: “Ҳамин қарор дар моҳи августи соли 2023 баромад ва гуфта шуд, ки аз 2-юми октябр амалӣ мешавад. Ин мардум то моҳи феврали соли 2024 мошинҳои кӯҳнаро оварданд. Мо ҳуҷҷатҳоро мебинем. Кай ва аз кадом гӯшаи сарҳад гузаштааст, муҳр дорад. Вақт қонун баромад, ин мардум гӯш намекунанд?!”

Ҳоло 1929 мошини истеҳсолашон то соли 2013 дар анбори муваққатии гумрукии Суғд “хобидаанд”. Соҳибони онҳо мегӯянд, бо умеди тиҷорат ин мошинҳоро аз хориҷа оварданд, аммо ба ҷойи фойида ҳар рӯз зарар мебинанд. Аз як сӯ мошинҳо торафт фарсудаву таъмирталаб мегарданд, аз сӯйи дигар барои истодани мошинҳо дар он ҷо ҳар моҳ садҳо сомонӣ мепардозанд.

Яке аз тоҷирони мошин гуфт: “Мо, соҳибкорон ва муҳоҷирони корӣ, дар бӯҳрони молӣ ҳастем. Бисёриҳо бехонаву дар мешаванд. Бархе аз ду сол то панҷ сол дар Кореяву Аврупо ва Амрико заҳмат кашида, меҳнати ҳалол кардаанд. Ҳамон молу мулкамон ҳоло дар инҷо қарор дорад, дар ҳабси гумрукӣ истодааст.”

То ин дам тоҷирону моликони нақлиёти “кӯҳна” аз масъулони Хадамоти гумрук гирифта то Озода Раҳмону Рустами Эмомалӣ, фарзандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки мақомҳои баланди давлатӣ доранд, муроҷиат карда, вале барои фурӯхтани ин нақлиёт иҷоза нагирифтаанд.

Хадамоти гумрук ба соҳибони ин мошинҳо ду роҳ пешниҳод кардааст: ё мошинҳоро ба кишварҳои дигар бурда фурӯшанд ё ба қисмҳои эҳтиётӣ тақсим кунанд. Ҳарду роҳ, ба гуфтаи соҳибкорон, бар зарар аст. Аз ин рӯ, соҳибони мошинҳо аз мақомот як фурсати дигар мехоҳанд, то варшикаста нашаванд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Соҳибкорони тоҷик: “Мошинҳои моро бидиҳед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:09 0:00
XS
SM
MD
LG