Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди танишҳо. Дипломати баландпояи Эрон ба Душанбе меояд


Иброҳим Раҳимпур
Иброҳим Раҳимпур

Иброҳими Раҳимпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон, аз нахустин дипломатҳои баландпояи он кишвар аст, ки баъди эътирозҳои Душанбе алайҳи Теҳрон ба Тоҷикистон меояд.

Иброҳими Раҳимпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон дар умури Осиё ва Уқёнусия, рӯзи якшанбе вориди Душанбе хоҳад шуд. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 21 январ ба Озодӣ гуфтанд, ки Раҳимпур дар ҷаранёи сафараш бо Сироҷиддин Аслов мулоқот карда ва ду ҷониб ҳамкориҳоро ба баррасӣ мегиранд.

Баъзе аз расонаҳои Эрон низ дар бораи ин сафари Иброҳими Раҳимпур ба Тоҷикистон хабар дода ва гуфтаанд, ки муовини вазири корҳои хориҷии Эрон дар баробари Тоҷикистон аз Русия, Туркманистон ва Ҳиндустон ҳам боздид хоҳад кард. Онҳо навиштаанд, ки "сафари Иброҳими Раҳимпур бар асоси даъвати мақомоти дипломатии ин кишварҳо сурат мегирад".

Дидори муовини вазири корҳои хориҷии Эрон аз Тоҷикистон замоне анҷом мешавад, ки дар пайи даъвати расмии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ барои ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” ва дидори ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ равобити Душанбе ва Теҳрон то андозае хадшадор шудааст.

Ҳамоиши 29-уми байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст дар канори Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ва Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо вуҷуди он ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват ва ӯро дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой додааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин далел сафири Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро ба вазорат эҳзор кард ва ба ӯ нота ҳам супурд. Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар дастикам ду мавъизаи рӯзи намози ҷумъааш ба Эрон дарафтод ва он кишварро ба "ҳимоят аз террористҳо" айбдор кард.

Аммо бо гузашти чанд ҳафта аз ин танишҳо, чунин ба назар мерасад, ки сӯитафоҳумҳои бархоста дар равобити Душанбе Теҳрон кам-кам ором мегиранд. Бино ба иттилои торнамои расмии сафорати Эрон, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ – сафири Ҷумҳурии исломӣ рӯзи 14 январ бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот карда ва гуфтааст, ки кишвараш хоҳони таниш бо ҳеч кишвар нест. Дар иттилоияи сафорати Эрон гуфта мешавад, оқои Фағонӣ таъкид кардааст, ки "оромиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз рушди ифротгароӣ дар минтақа хостаи мо аст."

Сафири Эрон, инчунин, гуфтааст, "мо ҳамонгуна, ки дар солҳои гузашта ва дар шароити сахт бо ҳадафи ҳифзи оромиш ва ваҳдат дар канори миллат ва давлати Тоҷикистон будаем, дар шароити ҳассоси кунунӣ ҳам барои муқобила бо рушди ифротгароӣ дар ин кишвар ва кулли минтақа омодаи ҳамкорӣ ҳастем."

Тоҷикистон дар гузашта Эронро яке аз шарикони муҳим ва дар баробари Русияву Чин аз сармоягузорони аслияш муаррифӣ мекард. Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзобро сохта, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҷануби кишварро ба кор андохтааст.

XS
SM
MD
LG