Машҳуртарин маҳбуси зиндони рақами 1-и Тоҷикистон Садриддин Тошев, ки ҳудудан ду сол пеш бо пахши видеоҳои шиканҷа аз дохили зиндон шӯреро дар матбуот барпо карда буд, рӯзи чоршанбеи 6- уми август шиканҷа шудани худашро «спектакле» унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби гурӯҳҳои «ғаразкор» таҳия шудааст. Ин маҳбус, ки бо рӯзноманигорон дар дохили маҳбас сӯҳбат мекард, «дар ин спектакл аз содагии ӯ истифода бурда, барои нақшофарӣ ҳамчун маҳбуси шиканҷашуда рол бозӣ кардааст.»
Хабарнигорони якчанд нашрияи Тоҷикистон бо шумули Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми август барои боздид ба зиндони рақами 1 даъват шудаанд. Иззатулло Шарифов, раҳбари Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, мулоқот ва сӯҳбат бо рӯзноманигорон тасмими худи Тошев буд ва мақомоти зиндон низ хоҳиши ӯро иҷро карданд. Раиси маҳбасҳои Тоҷикистон воқеияти навори шиканҷаро, ки дар сомонаи Озодӣ ва чанд нашрияи дигар чоп шуда буд, инкор кард ва гуфт, ки ҳамаи ин саҳнасозӣ буд. «Онҳо худашонро лату кӯб кардаанд. Тошев иқрор шуд ва аз ин кораш пушаймон шудааст. Ӯ гуфт, ки пушаймон шудааст ва хост, бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад. Ӯ гуфт, ки нав фаҳмид, ки онҳоро истифода мебаранд. Хоҳиш кард, ки чун қаҳрамони матбуот буд, ӯро бо онҳо рӯ ба рӯ кунад ва ҳарфи дилашро гӯяд.»
Маълум нест, ки Тошев саҳнасозии шиканҷаро бо ихтиёри худ эътироф кард ва ё бо хоҳиши мақомоти маҳбас, аммо ин ҷангандаи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон, маъруф бо тахалуси «Қорӣ»-, ки соли 2001 барои 25 сол ҳукми зиндонӣ гирифта буд, ба хабарнигорон гуфт, «хеле миннатдор аст, ки дархости ӯ дар мавриди сӯҳбаташ бо рӯзноманигоронро маъмурияти зиндон пазируфта, барояш чунин шароит фароҳам овардаанд.»
Ӯ ҳамчунин марги Ҳамза Икромзодаро, ки дар соли 2012 ба гуфтаи маҳбусҳои дигар ва хешу табораш дар пайи шиканҷа ҷон бохтааст, инкор кард ва гуфт, ки Ҳамза бинобар мушкилоти оилавӣ худро ба дор овехта буд, аммо «гурӯҳҳои ғаразкор ин ҳодисаро ба манфиати сиёсӣ истифода бурда, шиканҷа унвон карданд.»
Пас аз марги Ҳамза Икромзода, Садриддин Тошев бо гурӯҳе аз зиндониён аз Душанбе ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфтанд ва пас аз ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки шиканҷа шудани онҳоро намоиш медод. Аз ҷумла, худи Тошев бадани сиёҳшудаашро намоиш дода мегуфт, ӯро маъмурони зиндон ба хотири шоҳиди додан дар парвандаи Икромзода ӯро шиканҷа кардаанд. Аммо ҳоло ӯ ақибнишинӣ кардааст.
Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, ки бо иттиҳоми авбошӣ ба 16 сол маҳкум шуда, дар як маҳбас бо Садриддин Тошев ба сар мебарад, гуфт, Тошев зери фишор ва ваъдаҳои озод шудан аз зиндон ба гуфтани чунин ҳарфҳо розӣ шудааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Одинаев, ҳар навори шиканҷае, ки пахш мешуд, воқеӣ буд: «Ӯ дар зиндон аст. Ӯ бе ин ҳам озод мешуд, зеро давраи ҷазои ҷиноятиаш ба поён расидааст. Фақат ӯро истифода карданд, ки чунин гапҳоро бигӯяд.»
Аммо Садриддин Тошев мегӯяд: «Маро касе маҷбур накардааст. 14 сол аст, дар зиндонам. Безор шудам. Фарзандони ноболиғ дорам, падари бемор. Аз рӯи ҳамин шайтонагариҳо маро ҳукми қатл доданд, вале боз раҳм карда, онро кам карданд. Маъмурият маро чизе нагуфтааст. Ман дар маркази таваҷҷӯҳи ВАО ҳастам. Иқрор мешавам, ки ҷиноят карда будам, ҷинояти махсусан муҳим. Аз ҳамаи онҳое, ки аз ман зарар диданд, узр мепурсам. Чанд бор хато кардам. Ҳоло мехоҳам, ҳақиқатро бигӯям, аз бозиҳо хаста шудам. Мехоҳам равам ва як ҷо кор кунам, девор рост кунам ва дар озодӣ бошам».
Ӯ гуфт, ин ҳарфҳояшро дар ҳама вақту ҳолат, ҳатто пас аз озодӣ низ хоҳад гуфт ва касе ӯро барои гуфтани ин ҳарфҳо маҷбур накардааст.
Ҳарчанд Садриддин Тошев мегӯяд, ӯ ҳаргиз дар маҳбас ҳадафи шиканҷа қарор нагирифтааст, қаблан падари ӯ Баҳриддин Тошев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш баъди интиқол ёфтан ба зиндони Хуҷанд шадидан лату кӯб шуд. Садриддин Тошев, фармондеҳи мухолифини пешин, бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бино бар қонуни авф, мӯҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 соли ӯ боқӣ монда буд. Аммо пас аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд, мӯҳлати ҳабси ӯ 9 сол афзуд. Акнун имкон дорад, ки ӯро афв ва ҳатто аз зиндон озод кунанд.