Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми БМ: "Мушкили фаннии интиқоли пул ба поён расид." Сокинон чӣ мегӯянд? ВИДЕО


Бо гузашти ду ҳафта аз шурӯи кори маркази пулгузаронии Тоҷикистон ирсоли маблағ аз хориҷа ба кишвар ҳанӯз бо мушкил рӯ ба рӯст. Сокинон ҳамвора шикоят мекунанд, вале масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар оғози кори марказ чанд мушкили фаннӣ пеш омада буд, ки дар иҷрои чунин тарҳҳои бузург як амри табиист. Акнун ба таъкиди онҳо мушкилот бартараф шуда, раванди ирсоли пул ба ҳолати маъмулии худ бозгаштааст.

Ба маркази ягонаи таъсисдодаи Бонки миллӣ то кунун танҳо ду шабакаи интиқоли пули русӣ – "Юнистрим" ва "Контакт" – пайваст шудаанд. Онҳое, ки ба воситаи ин ду шабака пул фиристодаанд, аз он шикоят доранд, ки бонкҳо дар Тоҷикистон пулҳои фиристодаашонро ба пайвандон намедиҳанд.

Фирӯза Қузиева, сокини шаҳри Бохтар, ки айни замон дар Русия муҳоҷир аст, гуфт, даҳ рӯз боз пайвандонаш пули фиристодаи ӯро аз бонкҳо гирифта наметавонанд.

Қузиева рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ин чӣ гап аст? Ақаллан ба пул фиристодани мо мушкил эҷод накунанд. Мо дар ватан ҷойи кор ёфта наметавонем, бе хона ҳастем, қарздорем… Ақаллан пулҳоеро, ки бо меҳнати ҳалол, мебахшед, бо ҳоҷатхонашӯӣ дар Русия меёбем, ба падару модар ва фарзандонамон диҳанд! Ин чӣ бедодист? Даҳ рӯз шуд ба воситаи "Юнистрим" пул фиристодам. Модарам дар ба дари бонкҳо мегардад, вале гирифта наметавонад".

Чаро муҳоҷирон бозгашти "Золотая корона"-ро орзу мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Дар ҳамин ҳол, як идда ташаббускорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштани муроҷиатномае аз раиси ҷумҳур дархост кардаанд, ки "низоми пешинаи интиқоли пулро барқарор намояд".

Як масъули баландпояи Бонки миллӣ рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ба кор даровардани Маркази протсессингӣ ва ё бунгоҳи ягонаи интиқоли пул ба Тоҷикистон чанд мушкили фаннӣ ва ё техникӣ вуҷуд дошт, ки то кунун масъулон машғули ҳалли он буданд.

"Марказ рӯзи якшанбе ва душанбе бе мушкил кор кард. Танҳо баъзе аз нуқтаҳои бонкӣ, хусусан "Амонатбонк", ки намояндагиҳояш дар ҷумҳурӣ зиёд аст, ҳанӯз ба пуррагӣ ба марказ пайваст нашудааст. Бо мурури вақт ин ҳама мушкилот ҳал мешавад",-таъкид кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, "то кунун дар бозори интиқоли пул рақобати солим вуҷуд надошт ва аксари бозор зери дасти як ширкат қарор дошт (манзур "Золотая корона" - РО). Бонки миллӣ пас аз ду соли омодагӣ ниҳоят ин ислоҳотро ҷорӣ кард".

Ба таъкиди ин масъули Бонки миллӣ, ҳоло "ҳаҷми интиқоли пулҳо ба кишвар ба мизони қабл аз ба кор даромадани маркази ягонаи интиқоли пул баробар шуд". Ӯ гуфт, Бонки миллӣ ҳар соат раванди интиқоли пулро ба кишвар назорат мекунад ва ҳамчунон ҳар рӯз ба ҳукумати кишвар ва президент гузориш медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2019 Маркази ягонаи протсессингиро фаъол кард, ки минбаъд ҳамаи маблағҳо ба кишвар танҳо тавассути ин марказ ворид мешаванд.

Ҳанӯз суолҳо дар бораи кори ин марказ зиёд аст, вале мақомот ба пурсишҳои чолишбарангез ҷавоб намедиҳанд, аз ҷумла дар бораи он, ки маркази нав ғамхорӣ ба мардум аст, орзуи даромад ва ё бозтақсими бозор? Айни замон шикояти муҳоҷирон ва наздикони онҳо дар бораи фиристодану гирифтани пул кам нашудааст.

Бинобар ҳисобҳои созмонҳои байналмилалӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст. Муҳоҷирони корӣ дар 9 моҳи соли равон танҳо аз Русия ба кишвар беш аз 2,5 миллиард доллар фиристодаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG