Мақомоти туркман эълон карданд, ки бунёди роҳи оҳани миёни ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистон дар қаламрави Туркманистон такмил шудааст. Ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, ин қисмати роҳи оҳан 88 километрро дар бар мегирад ва аз Отамурод-Имомназар-Акина Туркманистонро ба шимоли Афғонистон мепайвандад. Ду купрӯк дар ин масир дар ҳоли таъмир қарор доранд ва сохтмони ду истгоҳи роҳи оҳан низ оғоз шудааст.
Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни се кишвар дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар арсаи нақлиёту боркашонӣ ва аз ҷумла бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 дар ҷашни Наврӯз дар ҳузури президентҳои Туркманистон ва Тоҷикистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳури вақти Афғонистон Ҳомиди Карзай имзо шуда буд. Маросими оғози бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон рӯзи 5 июни ҳамон сол дар вилояти Лебапи (Лаби об) Туркманистон ва бо ширкати руасои ҷумҳури се кишвар баргузор шуд.
Сохтмони масири роҳи оҳани ТАТ, ки аз марзи Туркманистон, яъне аз маҳалле бо номи Ақина тавассути Афғонистон то ба ноҳияи Ҷалолиддини Румии Тоҷикистон анҷом мегирад, 635 километрро ташкил медиҳад. Дар қаламрави Афғонистон роҳ аз Андхуй, Шибирғон, Мазори Шариф, Кундуз ва Шерхон Бандар мегузарад ва ба Ҷалолиддини Румӣ пайваст мешавад. Вале самти Шерхон Бандар ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва баъд аз хатми омӯзиши маҳал рӯшан хоҳад шуд.
Дар бораи фаро гирифтани Шерхон Бандар ду ақида вуҷуд дорад. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки ин роҳ тавассути Шерхон Бандар ба Тоҷикистон пайваст шавад ва ба қаламрави Узбакистон надарояд. Баъзеҳои дигар мегӯянд, ки хуб аст агар тавассути Шерхон Бандар бигзарад, зеро он манотиқи бештар шимоли Афғонистонро фаро мегирад.
Тоҷикистон низ дар ҳоли бунёди роҳи оҳан дар қаламрави худ аст. Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон қаблан эълон карда буданд, ки сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон (ТАТ) то соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар сурати иҷро шудани ин тарҳ, мумкин аст, Тоҷикистон аз бунбасти нафасгиркунандаи нақлиётӣ раҳо шавад, ки давлати кишвар ҳамин ҳадафро аз авлавиятҳои ҳаётии кори худ хондааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки тарҳи мазкур кай такмил мешавад ва аз сӯи дигар ноамнӣ дар Афғонистонро як мушкили умдае медонанд, ки метавонад, монеи бунёди роҳи мазкур шавад.
Тайи чанд моҳи ахир сатҳи нооромиҳо дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки қисмате аз ин роҳи оҳан аз ин масир мегузарад, боз ҳам боло рафта ва мусалламан ба раванди бунёди ин роҳ дар қаламрави он кишвар, таъсири худро расонидааст, ҳарчанд мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон қаблан гуфта буданд , ки барои аз байн бурдани таҳдидҳои амниятии мавҷуд дар бархе нуқтаҳои ин масир, ҳозир ба рӯи даст гирифтани чораҳои амниятӣ ҳастанд.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи ин вазорат гуфта буд, ки, "талоши мо ин аст то ин тарҳи бузурги иқтисодӣ дар кишвар амалӣ шавад ва амнияте ки ин тарҳ ниёз дорад, таъмин шавад. Вазорати умури дохилӣ ҳозир аст ҳама гуна нигарониҳо, ки аз тарафи вазоратҳои зидахл вобаста ба мо матраҳ шавад, тадобири иловагӣ бигирад."
Тоҷикистон дар интиқоли молу коло аз тариқи роҳи оҳан ва роҳи заминӣ пойбанди Узбакистон аст, ки робитае баде бо кишвар дорад ва аксар вақт бо баҳонаҳои тармими роҳҳо, меъёрҳои амниятиу расмиёт, роҳҳояшро ба сӯи Тоҷикистон мебандад. Ҳарчанд Тоҷикистон тайи чанд соли ахир бо роҳҳои заминии нав ба Чину Афғонистон васл шуд, аммо интиқоли молу коло бо мошинҳои боркаш назар ба интиқоли бор аз тариқи роҳи оҳан, садҳо маротиба гарон меафтад ва яке аз сабабҳои гаронии молу ашё ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон ҳам харҷи зиёди роҳ аст, ки ба болои қимати он изофа мешавад.