Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Ишқобод аз изҳороти раиси роҳи оҳани Тоҷикистон


Вазорати умури хориҷии Туркманистон дар робита ба изҳороти ахири раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон «нигаронии амиқ» кардааст.

Вазорати умури хориҷии Туркманистон рӯзи 31-уми январ дар сомонаи расмии худ нисбат ба матлабе, ки дар таърихи 29-уми январ аз тариқи хабаргузории русии «РИА Новости» дар такя бо суханони раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар мавриди ҳосил шудани тавофуқи масири роҳи оҳан то марзи Афғонистону Туркманистон бе иштироки Ишқобод, нашр шуда буд, нигаронӣ кардааст.

Аз изҳороти вазорати умури хориҷии Туркманистон маълум нест, ки кадоме аз ҳарфҳои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ сабаби норозигии онҳо шудааст. Аммо Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ зимни як нишастӣ хабарӣ гуфта буд, ки, пешниҳодоти Тоҷикистон дар заминаи сохтмони роҳ, аз сӯи Афғонистон пазируфта шуд, чун Душанбе мехоҳад он тариқи Бешкент (ноҳияи Носири Хусрав) бунёд шавад.

Ин изҳорот аз ҷумла мегӯяд, ки бар пояи мавозини байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии тарҳҳои чандҷониба бар мабнои эҳтироми ҷонибҳо ва баробарӣ дар омодасозӣ ва иҷрои он сурат мегирад ва изҳороти мақоми зиддахли Тоҷикистон дар ин робита барои Ишқобод комилан ғайри қобили қабул мебошад. Дар ин робита ҷониби Туркманистон норозигии амиқи худро изҳор дошта, меафзояд, ки ин гуна изҳоротҳо натиҷаи баръакс хоҳанд дод.

Сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта дар маросиме дар вилояти Лебап(Лабиоб, Чорҷӯи собиқ)-и Туркманистон бо ширкати сарони се кишвари дахил -Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов- оғоз шуда буд.

Дар гузашта се масири кашидани хатти роҳи оҳани «Туркманистон – Афғонистон Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дошт. Масири аввал ва тӯлонитарин Колхозобод – Дӯстӣ - Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон, сипас тариқи Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм - Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй -Оқина дар марзи Афғонистон ва Имомназар - Отамуроди қаламрави Туркманистонро дар бар гирифта, тақрибан 635 километр тӯл мекашад. Масири дуввум танҳо Айваҷи Тоҷикистонро дар бар мегирад ва аз он ҷо ба Тагонгузари Афғонистон расида, масири қаблиро такрор мекунад. Он 445 км тӯл дорад. Масири сеюм ва кӯтоҳтарин, ки 160 километр тӯл хоҳад дошт, аз Бешкенти Тоҷикистон шурӯъ шуда, аз Калдор ва Ҳайратони Афғонистон мегузарад ва то Келифи Туркманистон мерасад.

Тоҷикистон тарҳи роҳи оҳани муштарак бо Афғонистону Туркманистонро як василаи муҳим барои коҳиш додани вобастагии феълан саддарсадиаш аз роҳи оҳани Узбакистон мешуморад. Мақомоти Душанбе ин кишвари ҳамсояро пайваста ба эҷоди мавонеъ дар роҳи транзити қаторҳои Тоҷикистон айбдор мекунанд. Ҳудуди се сол пеш ҷониби Узбакистон ибтидо ба баҳонаи гӯё “тахриб шудани як пули роҳи оҳан бар асари таркиши террористӣ” ҳаракати қаторҳо дар масири роҳи оҳани Тирмиз –Амӯзанг – Шаҳритӯс - Қӯрғонтеппа – Кӯлобро қатъ кард ва баъди чанде ба далели “аз лиҳози зиёновар” буданаш ин роҳро аз марзи Тоҷикистон то истгоҳи Амӯзанг комилан аз байн бурд ва вилояти Хатлони Тоҷикистонро бе роҳи оҳан гузошт.
XS
SM
MD
LG