Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳуш рафтани 12 кӯдак дар Берёзовка (ВИДЕО)


Эътирози сокинони Берёзовка
Эътирози сокинони Берёзовка

Як мактаб дар ғарби Қазоқистон якбора 12 кӯдак ҳангоми дарс аз ҳуш рафтаанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, онҳо аз гази кони Қарачағанай олуда шудаанд. Мақомот инро рад мекунанд.

Дар мактаби деҳаи Берёзовка дар вилояти Қазоқистони ғарбӣ рӯзи 21 январ дар давоми дарс 12 шогирди мактаб дар як вақт беҳуш шуданд. Онҳо дуруст ҳамонҳое буданд, ки 28 ноябри соли гузашта аз гази номаълум заҳролуд шуда буданд.

Сокинони деҳаи Берёзовка аз мақомоти маҳаллӣ талаб доранд, ки деҳаи онҳоро ба ҷои дигар кӯч диҳанд. Ин деҳа дар наздикии бузургтарин чоҳи истихроҷи газ дар ҷаҳон, чоҳи Қарачағанай (Карачаганск) ҷойгир аст. Вале мақомоти маҳаллӣ то ҳол ин дархости сокинони маҳаллиро нодида мегиранд ва гуфтаанд, ки сокинонро ба ҷое кӯч нахоҳанд дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, кӯдакон якбора аз ҳуш мераванд ва баъд аз як ё ду шабонарӯз ба ҳуш меоянд. Гоҳо дар ҳолати беҳушӣ нола мекунанд ва худро ба ҳар сӯ мезананд.

Дар мусоҳибае аз Санъат Урналиев - хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ин минтақа нахуст дар бораи вазъи саломатии беморон пурсидем:

Урналиев: Ман дирӯз шоҳиди он будам, ки вазъи саломатии 12 нафар шогирдони мактаб бад шуд. Як духтари 17-соларо бистарӣ карданд ва вазъи вай сангин буд. 11 нафари дигарро пизишкон баъд аз кӯмак ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Дақиқтараш падару модаронашон онҳоро бо худ бурданд, чунки ба пизишкон бовар надоранд. Пизишкон мегӯянд, ки гӯё ин кӯдакон аз камғизоиву камхунӣ ва бемориҳои дигар ба ин ҳолат гирифтор шудаанд, яъне ин хулосаҳо ба беҳушӣ аз газ иртибот надорад. Барои ҳамин падару модарони кӯдакон бовар надоранд, ки пизишкон дар бораи беҳуш шудани фарзандонашон аз газ хулосаи дурусти тиббӣ медиҳанд.

Дар Берёзовка 12 кӯдак аз ҳуш рафт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Озодӣ: Оё гуфтан мумкин аст, ки пизишкон сабаби аслии ин бемориро пинҳон медоранд?

Урналиев: Падару модарон ҳамин тавр мегӯянд, барои он ки дар давоми ду моҳи гузашта онҳо то ҳол хулосаи дурусти тиббиро аз пизишкон гирифта наметавонанд. Онҳо эътироф намекунанд, ки ин заҳролудшавӣ аз гази номаълуми беҳушкунанда аст. Дар ин масъала дахолати раёсати тандурустии вилоят низ тахмин зада мешавад ва пизишкон ба касе дар ин бора хулосаи тиббӣ намедиҳанд. Бо гузашти ду моҳ аз беҳушии аввал то ҳол падару модарон дар бораи натиҷаҳои аввали санҷиш, ки аз кӯдакон гирифта буданд, санаде дар даст надоранд.

Озодӣ: Шояд худи падару модарон дар ин бора санад талаб намекунанд?

Урналиев: Не, ин деҳа дар марз бо Русия қарор дорад ва бисёре аз падару модарон баъд аз он ки бовари худро ба пизишкони маҳаллӣ аз даст доданд, фарзандони худро ба шаҳрҳои марзии Русия, яъне ба Самараву Оренбург ба муоина бурданд. Дар бемористонҳои ин шаҳрҳо пизишкон дақиқ гуфтаанд, ки кӯдакон бо гази мадҳушкунанда олуда шудаанд.

Озодӣ: Сокинони ин деҳа аз мақомот хостаанд, ки деҳаи онҳоро ба ҷои дигар кӯч диҳанд. Шояд сабаби пинҳон доштани сабабҳои аслии ин беморӣ ҳамин дархост бошад?

Урналиев: Комилан дуруст аст. Билофосила баъд аз ҳодисаи аввал падару модарон ба ҷомеа муроҷиат карданд, чанд нишасти хабарӣ доир намуданд ва дархост карданд, ки деҳаро кӯч диҳанд, зеро ин деҳа дар масофаи хеле наздик бо бузургтарин чоҳи гази ҷаҳон Қарачағанай ҷой гирифтааст. Сокинон медонанд, ки идомаи зиндагӣ дар ин деҳа хатари ҷиддӣ дорад. Мақомоти маҳаллӣ намехоҳанд деҳаро кӯч диҳанд. Созмонҳои зистмуҳитӣ ҳам аз ин вазъ чашм мепӯшанд ва онҳо ҳамеша ширкати газро таҳдид мекунанд, ки асрори онҳоро ифшо хоҳанд сохт. Ҳам мақомот ва ҳам ин созмонҳо аз вазъи мавҷуда огоҳ ҳастанд. Ширкат ба сокинон мегӯяд, ки онҳо ҳар сол ҷаримаҳои бузурги зистмуҳитӣ месупоранд, дигар аз онҳо чӣ мехоҳанд. Вале мақомоти маҳаллӣ ҳар сол ба ҷуз аз ҷарима 20 миллион доллари дигар барои рушди вилоят мегиранд.

Озодӣ: Оё сабабҳои махфӣ доштани асрори ин беморӣ ва кӯч надодани аҳолӣ бо ҳамин масъала иртибот надорад?

Урналиев: Бале, ва ман бовар дорам, ки пизишкон ба сохторҳои вилоятӣ итоат мекунанд ва онҳо аз дастури мақомоти боло берун баромада наметавонанд ва хулосаи дақиқро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG