Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

26 ҷавон дар Сурия аз як ноҳияи Тоҷикистон


Ҳукумати ноҳияи Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон теъдоди ҷавононеро, ки аз ин ноҳия ба ҷанги Сурия пайвастаанд, 26 нафар меномад ва мегӯяд ҳамаи онҳо аз Русия ба Сурия сафар кардаанд.

Ҳанӯз моҳи январ мегуфтанд, ҳамагӣ 5 нафар аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ба ҷанги Сурия рафтаанд ва мақомот барномаеро таҳия карданд, ки бо чӣ роҳҳое мешавад, аз ифротӣ шудани ҷавонон пешгирӣ намуд. Аммо чанде баъд шумораи "бохтариён" дар Сурия ба 14 ва акнун ба 26 нафар расидааст.

Барои мақомоти ноҳия ин ҳол нигаронкунанда аст. Холбой Зоиров, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии Бохтар рӯзи душанбеи 27 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми талош мешавад, ки аз ҷалб шудани ҷавонон ба тундгароё пешгирӣ ба амал ояд, вале ҳамаи ин 26 ҷавон аз Русия ба Сурия рафтаанд ва акнун бояд корро бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия тақвият дод. Вай меафзояд, 4 тан аз сокинони Бохтар дар Сурия кушта шуданд, ва ҳоло мақомот "ҳамаи падару модаронро ба маҷлисҳо даъват намуда, ҷустуҷӯи ҷавонони муҳоҷирро идома медиҳад."

Ҳамзамон Музаффар Ғафуров, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Бохтар гуфт, ки волидайни ин ҷавонон намедонанд, ки фарзандонашон чӣ гуна ва бо ҳидояти кӣ ба Сурия рафтаанд. Ҷаноби Ғафуров гуфт: “Гурӯҳи корӣ, ки намояндаи мақомот, равоншинос ва маъмурони амниятӣ шомили он аст, бо падару модарони ҷавононе, ки тибқи маълумот дар Сурия ҳастанд, сӯҳбат карда, маълум намуд, ки онҳо аз муҳоҷирати корӣ ба Сурия рафтаанд. Аммо гоҳҳо падару модарон намедонанд, ки фарзандашон дар куҷо ҳастанд.”

Аммо Сироҷиддин Тағоев, мудири шӯъбаи кор бо дин дар ҳукумати ноҳияи Бохтар гуфт, ин ҷавонон, ки барои кор ба Русия рафта аз онҷо ба доми фиреби дигарон афтида ва ба Сурия рафтаанд, эҳтимолан аз кардаи худ пушаймон мешаванд, аммо наметавонанд ба ватан баргарданд. Мушкил, ба ақидаи ӯ кайҳо аз сатҳи як ноҳия берун рафтааст.

Садриддин Қаландарзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, агар дар ноҳияи Бохтар, ки дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ теъдоди “ҷиҳод”-рафтаҳо ба Сурия ба 26 нафар расидааст, эҳтимол дорад ин рақам дар вилоят ба маротиб боло бошад.

Дар оғози соли ҷорӣ, Додситони виляоти Хатлон теъдоди ҷавононеро, ки дар ҳайати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Сурия меҷанганд, 24 нафар гуфта буд. Илова бар ин 5 ҷавони дигар дар Афғонистон ва 5 нафари дигар дар Ироқ меҷангидаанд, ки дар миёни онҳо як нафар марди 50-сола низ будааст.

Тибқи омори расмӣ ҳудуди 10 ҷавони хатлонӣ дар ҷангҳои Сурия, Ироқу Афғонистон ва Украина кушта шудаанд.

Зимнан гуфта мешавад, ки ҳоло шаш ноболиғи хатлонӣ, 3 нафар аз ноҳияи Бохтар ва се нафари дигар аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ҳамроҳии модарони худ дар Сурия ба сар мебаранд. Падарони онҳо дар ҷараёни ҷангҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" бо нерӯҳои давлатӣ дар Сурия ва Ироқ ва ё ҳуҷумҳои ҳавоии Амрико кушта шуданд. Сабаб дар Сурияву Ироқ мондани занону кӯдакони мардҳоим кушташудаи тоҷик рӯшан нест. Баъзеи онҳо аломат додаанд, ки баргаштан мехоҳанд, аммо иҷозат надоранд.

XS
SM
MD
LG