Ду узви собиқи ҳукумати Тоҷикистон муовинони Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар шаҳрдории пойтахт шуданд.
Руқия Қурбонова, ки қаблан дар ҳукумат масъалияти риштаҳои илму фарҳанг, умури занон ва таъмини даъватҳои тирамоҳиву баҳорӣ ба сафи артишро бар ӯҳда дошт ва пеш аз он ба ҳайси шаҳрдори Қӯрғонтеппа ва муовини раиси вилояти Хатлон ҳам кор кардааст, дар шаҳрдорӣ низ масъулияти риштаҳои илму маориф ва фарҳангу бахши иҷтимоиро бар дӯш хоҳад гирифт. Руқия Қурбонова дар ин курсӣ Санавбар Раҳимоваро иваз мекунад.
Вазири собиқи нақлиёт Низом Ҳакимов муовини Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар умури рушди риштаи нақлиёту мухобирот хоҳад шуд. Низом Ҳакимов дар ин симат ҷойгузини Абдулҳақ Оев хоҳад шуд. Хабаргузории TJinform менависад, ки Абдулҳақ Оевро баъди навиштани аризаи чорумаш аз вазифа озод кардаанд. Бино бар ин манбаъ, оқои Оев бори гарони кор дар шаҳрдории Душанберо сабаби рафтанаш аз ин мақом ном мебарад.
Аксари онҳое ки собиқаи кор дар шаҳрдории Душанберо доранд, мегӯянд, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо серталабиаш нисбат ба зердастон фарқ мекунад. Дар натиҷа, бисёре аз кормандони шаҳрдорӣ ба чунин режими шадиди кор тоб наоварда, баъди чанде дар ҷустуҷӯи кор ё мансаби “оромтар” меуфтанд.
Тағйироти кадрӣ дар зинаҳои мухталифи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи ноябр, дар пайи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ ва истеъфои кобинаи пешини ӯ идома дорад. Ин тағйирот то кунун асосан дар сатҳи ҷумҳурӣ ва табдили руасои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо идома дошт. Акнун, тавре ба назар мерасад, мавҷи дувуми тағйироти кадрӣ дар сатҳи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ шурӯъ мешавад.
Ҳамин тавр, ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармони вижае сохтори дастгоҳи раёсаташро низ дигар кард ва ниҳоди то кунун хеле пурнуфузи мушовирони президент, бо шумули мушовири аршаду мушовирони оддиашро комилан барҳам дод. Акнун мушовирони оқои Раҳмон, ки ба гуфтаи нозирони умур, дар таъйини сиёсатҳои ӯ нақши умдаеро бозӣ мекарданд, танҳо мақоми ёварони ӯро хоҳанд дошт.
Вале таҳлилгарон мегӯянд, ба сурати умум, сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон асосан дар ботлоқи аслҳое, чун садоқатсолориву маҳалсолорӣ ва чанд сол ба ин сӯ, бар илова дар ботлоқи хешутаборбозӣ дармондаааст. Онҳо мегӯянд, ин сиёсат зоҳиран бештар ба қалъабандӣ (рокировка) - як усули маъмул дар бозии шоҳмот - ҳам мемонад ва дар натиҷа дар тӯли солиён ҳамон як кадрҳо аз як курсӣ ба курсии дигар мешинанд. Руқия Қурбонова ва Низом Ҳакимов низ аз кадрҳои кӯҳнаи "деги кадрӣ"-и ҳукумати Тоҷикистонанд, ки дар ин қалъабандиҳо чандин бор тағйири мансаб кардаанд.