Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ: Абдуллозода омад, Неъматов ба Олмон рафт


Аҳтам Рустам Абдуллозода
Аҳтам Рустам Абдуллозода

Маликшо Неъматов, раиси ҳамакнун собиқи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Олмон таъин шуда, ба мақоми ӯ Аҳтами Рустам Абдуллозода омадааст.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 июн, Аҳтам Рустам Абдуллозода ба ҷои Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Ин қарор дар сомонаи расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 12 июн нашр шуд, вале ҳанӯз субҳи имрӯз як манбаъи наздик ба Дастгоҳи президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод,ки Аҳтами Рустами Абдуллозода, ки то кунун дар дастгоҳи президент ба ҳайси сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ кор мекард, ба ҷои Маликшо Неъматов рафтааст ва Неъматов ба навбаи худ сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин шудааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июн чанд нафареро, ки ба вазифаҳои мухталиф мансуб шудаанд, ба ҳузур пазируфта ва бо онҳо дар бораи фаъолияташон сӯҳбат кардааст.

Бино бар тарҷумаи ҳоли расмии раҳбари нави кумитаи ҷавонон, ки дар сомонаи президенти Тоҷикистон нашр шудааст, подполковник Абдуллозода Аҳтам Рустам 31 октябри соли 1980 дар деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқист. Солҳои 2002 - 2007 дар Маркази истеҳсолию тиҷоратии «Иқлим» ва ширкати «Юнитекс» ба ҳайси ҳуқуқдон кор карда,аз соли 2007 ба шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба кор омадааст. Ӯ дар инҷо аз мутахассис то мақоми муовини мудири шӯъба расид ва 22 январи соли 2014 сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд. Оиладор аст ва 3 фарзанд дорад.
Маликшо Неъматов
Маликшо Неъматов
Маликшо Неъматов 45 сол дошта, моҳи октябри соли 2007 раиси Кумитаи ҷавонон таъин шуда буд. Ӯ ҳамин тавр, аз апрели соли 2008 раҳбарии Созмони ҷавонони Тоҷикистонро ҳам бар ӯҳда дошта, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ҳам буд. Вале зоҳиран бо интисобаш ба сафорат ин ду мақоми ахирро ҳам ба ҷойгузинаш дар мақоми раиси Кумитаи ҷавонон хоҳад супурд.

Сӯҳбатҳо дар бораи ба ҷои Имомуддин Сатторов, ки ба мақоми сафорат ба Маскав рафт, ба мақоми сафир дар Олмон таъин шудани Маликшо Неъматов чанд моҳ боз дар матбуот гуфта мешуд. Аммо дар ин баҳсҳо исми Аҳтами Рустами Абдуллозода то кунун матраҳ набуд.

Ба ҳайси ҷонишини эҳтимолии Неъматов дар раҳбарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қаблан исми Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва Лочин Файзуллоев, писари вазири собиқи тандурустӣ Нусратулло Файзулло гирифта мешуд.

Лочин Файзуллоев, ки феълан дар симати муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кор мекунад, то интисобаш ба ин курсӣ дар моҳи феврали соли 2014 тайи 10 дар сохторҳои Кумитаи ҷавонон кор мекард ва чанд соли охир ба ҳайси муовини Маликшо Неъматов масъулияти идораи соҳаи туризмро бар ӯҳда дошт.
Шоҳрух Саидов
Шоҳрух Саидов
Шоҳрух Саидов то ҳол таҷрибаи кор дар мансабҳои давлатиро надошт, вале ӯ аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумруку Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва писари раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯро ҳатто писархонди раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ном мебурданд ва мегуфтанд, шояд ҳадаф аз овардани ӯ ба ҳукумат тақвияти тими писари президент дар сохторҳои давлатӣ бошад.

Ба фарқ аз домоди раисиҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев ва додарарӯсаш Ҳасани Асадуллоҳзода, ёрони Рустами Эмомалӣ, ки дар чанд соли охир босуръат ба курсиҳои баланди давлатӣ парвоз кард ва моҳи ноябри соли 2013 раиси Хадамоти гумруки кишвар шуд, то ҳол дар сохторҳои давлатӣ нуфузи густарда надоштанд. Коршиносон мегуфтанд, агар сенария омода кардани Рустами Эмомалӣ ҳамчун вориси тахти падараш бошад, пас бояд Шоҳрух Саидов ё Лочин Файзуллоев ба ҷои Маликшо Неъматов хоҳанд омад.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июн ба ин мақом Аҳтам Рустами Абдуллозодаро таъин кард, ки 34 сол дорад ва баъд аз Рустами Эмомалӣ дуюмин зодаи солҳои 80 аст, ки дар ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланд таъин мешавад.
XS
SM
MD
LG