Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин чӣ шӯрест... Некбахтро барои қатли падар боздошт карданд


Қатли ваҳшиёнаи ду падар дар ду рӯз бо дасти писарони худ бисёриҳоро дар вилояти Суғд таконзада кард.

Зебо Нарзуллоева, як сокини ноҳияи Ашт, ки 2 рӯз боз барои бародараш ашк мерезад, мегӯяд, то имрӯз ҳеҷ тасавур намекард, ки бародарзодааш метавонад қотили падари худ шавад. Ба гуфтаи Зебо, бародараш Ғайрат Нарзуллоев шаби 12 август аз дасти писари худ кушта шуд.

Дар хонаи Ғайрат чӣ гузашт?

Вазорати корҳои дохила ҳам, бо гумони қатли падар, писари 25-солаи Ғайрат Нарзуллоевро боздошт кардааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, писар дар ҳолати мастӣ бо падараш даъво карда, бо зарби бели хоҷагӣ ба сару гардан, ӯро куштааст. Зебо Нарзуллоева, хоҳари марди кушташуда

Аз як тараф бепулӣ, аз тарафи дигар ҳар рӯз падарам насиҳат мекард, ки кор кун, зиндагиатро пеш бар. Тоқатам тоқ шуд, дигар худро идора карда натавонистам

рӯзи 14 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки бародараш аз мардикорӣ хаста баргаштаву дари хонаро ба рӯяш баста мебинад. Зебо мегӯяд: “Дод задааст, ки “чаро ҳар бегоҳ вақти омадани ман дарро маҳкам мекунед?” Баъди ҳамин ҷанҷол шудагӣ. Дигар намедонам.”

Ба гуфтаи ҳамсояҳо байни мард ва ҳамсараш баҳсу ҷанҷол хест. Писари онҳо Некбахт ҳам ба ин муноқиша ҳамроҳ шуда билохира баҳсу даъво бо фоҷеа анҷомид. Зебо Нарзуллоев мегӯяд, бародараш ҳамагӣ ду писар дошт ва онҳоро бо меҳру муҳаббат ба воя расонд. Ӯ мегӯяд: “Ҳеҷ гоҳ назди мо дар бораи фарзандонаш бад намегуфт ва худаш ҳам ҷанҷолӣ набуд. Бачаҳо ҳам дар асл меҳнатӣ буданд, аммо якбора зидди падар шуданд. Ин ҳеҷ ба ақли инсоният дуруст намеояд”.

Дар ҳоле, ки шунидани мавқеи Некбахти боздоштшуда ва модари ӯ имкон надорад, мақомоти полис ва ҳукумат мегӯянд, як баҳси хонаводагӣ боис ба фоҷеае ногуфтанӣ шуд.

Ҷанҷоли ҳамсаронро медонистанд

Як масъули ҳукумати ноҳияи Ашт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин оила зиндагии миёнҳолона дошт ва ҳамсояҳо пайваста шоҳиди муноқишаи онҳо мешудаанд. Мадина Саидова, раиси маҳаллаи Боғдорӣ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз мегӯяд, Ғайрат - падаре ки бо дасти писараш кушта шуд, меҳнатӣ буд ва бо хиштрезӣ ва фурӯши он зиндагии худу хонаводаашро пеш мебурд.

Хонум Саидова мегӯяд, “мешунидем, ки муносибати Ғайрат бо ҳамсараш хуб нест, зуд-зуд ҷанг мешуданд ва чанд рӯз пеш зан барои ҷудо шудан аз шавҳар ба додгоҳ ариза пешниҳод карда буд. Писараш маълумоти олӣ надошт, тарбияаш чандон хуб набуд.”

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯяд, писар дар ҳолати мастӣ ба падараш ҳамла кардааст, ҳамсояҳо ва наздикон ба он таъкид мекунанд, ки Некбахт он рӯз маст набуд. Ҷасади марди аз дасти писараш кушташуда дар ноҳияи Ашт, ҳанӯз хок нашуда, хабари қатли ваҳшиёнаи боз як падари дигар, он ҳам бо дасти ҷигарбандаш мардумро ҳайратзада кард.

То 20 ҳодисаи қатли наздикон дар як сол

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз тариқи сомонаи расмии худ дар давоми ду ҳафтаи ахир аз 5 ҳодисаи куштори хешутаборӣ хабар додааст. Дар ҳодисаи дигаре, ки рӯзи 12 сентябр рух додааст, ҷавони 30-сола писарамаки 11-солаи худро лату куб карда куштааст.

Як корманди вазорати дохилаи Тоҷикистон, ки бо парвандаҳои қатлу куштор сару кор дорад, рӯзи 14 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан агар онҳо дар як сол як ё ду чунин ҳодисаро таҳқиқ мекарданд, ҳоло то 20 куштори хешутабориро сабт мекунанд.

Ин муфаттиш, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, аз таҳлилҳо медонад, ки аксаран ҳодисаҳои куштори хешутаборӣ омилҳои моливу иҷтимоӣ доранд ва дар пайи муноқишаҳои оилавӣ сар мезананд. Мардум бештар асабонӣ, нороҳат ва дар баробари мушкилоти маишии худ нотавон шудаанд. Аз сӯи дигар, фарзандони ҷавону бетаҷриба, хунгарму эҳтиёҷманд ба пулу шароити беҳтар волидонро муқассири мушкилоти худ меноманд.

Ин криминалисти таҷрибадор аз таърихчаи сӯҳбаташ бо як писари падаркуш дар Душанбе чунин нақл кард:

“Як нафараш зимни пурсиш гуфт, “18-сола шудам, ягон ҷо дохил нашудам, ҳама ба ҳолам механдид. Аз як тараф бепулӣ, аз тарафи дигар ҳар рӯз падарам насиҳат мекард, ки кор кун, зиндагиатро пеш бар. Тоқатам тоқ шуд, дигар худро идора карда натавонистам.”

Аммо ба гуфтаи ӯ таъсири наворҳои даҳшатафкан дар интернет ҳам боис ба хунсард ва ҳатто ба азизтарин афроди худ раҳм накардани ҷавонон шудааст. Ӯ аз сӯҳбати худ бо як писаре ҳам ёдоварӣ кард, ки талоши қатли падарашро дошт, аммо баъди чанд корди ӯ падар зинда монд. “Ман гуфтам: наход ту то ин дараҷа бераҳмӣ, ки падаратро бикушӣ? Нафареро, ки туро то ба ин рӯ расонидааст. Гуфт, «ака, баъди чанд видеое, ки дар интернет дидам, дигар на падар ва на модар дар назар метобад.”

Арзишу муқаддасот аз даст мераванд

Ҷомеашиносон бар ин боваранд, ки дар миёни насли нав суннат ва арзишҳои мисли эҳтироми волидону калонсолон коста шудааст. Далели аслии аз дасти наздиктари афроди худ кушта шудани падар, модар, ё хоҳаронро ҳам онҳо дар кам шудани меҳру муҳаббати фарзандон ва муҳоҷирати хеле бармаҳали ҷавонону дастнигар шудани волидон медонанд.

Ноҳид Одилдухт, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд: "Имрӯз бача мактаби миёнаро хатм накарда, баъди синфи 9 ба муҳоҷират меравад. Ва падару модар дастнигари ӯ ва вобастаи фарзанд мешаванд. Замони шуравӣ волидон нафақаи хуб мегирифтанд соҳиби ҷои кор буданд. Аз фарзанд зиёд вобаста набуданд. Имрӯз шароит ҷои арзишу эҳтиромро гирифтааст.”

Аз сӯйи дигар, ба қавли ин мусоҳиби мо, маъмулан чунин ҳодисаҳо дар оилаҳое сар мезананд, ки чандон солим нестанд ва падару модар натавонистаанд дар замири фарзандони худ меҳру муҳаббатро ҷой кунад ва ӯро дар руҳияи дуст доштани хоҳару бародар ва пайвандон тарбия кунанд.

XS
SM
MD
LG