Ба иттилои онҳо, Маскав субҳи панҷшанбе дар умум бо 50 ҳавопаймои бесарнишин 11 минтақаи Украинаро нишон гирифта буд.
Ҳафт ҳавопаймо ба далели мушкили фаннӣ роҳро гум карда, нопадид шудаанд.
Ба гуфтаи низомиёни украинӣ, ду мушаки ҳидоятшаванда ва ду мушаки болдори Русия низ натавонистаанд ба ҳадафҳояшон бирасанд.
То ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ бар асари ин ҳамлаҳо иттилоъ дода нашудааст.