Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко муддати оташбас бо ҷудоиталабонро тамдид кард


Петро Порошенко, президенти Украина аз субҳи рӯзи шанбе муддати оташбас бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар он кишварро ба муддати се рӯзи дигар тамдид кард.

Дафтари раёсати ҷумҳури Украина дар ин бора чанд лаҳза баъд аз бозгашти Петро Порошенко аз Бруссел хабар дод. Раиси ҷумҳури Украина барои имзои қарордодҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Иттиҳодияи Аврупо, ба пойтахти Белгия рафта буд.

Ба гузориши хабаргузори Ройтерз, раҳбарони ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳам омодагии худро барои тамдиди оташбас эълон карда буданд. Муддати қаблии ин оташбас рӯзи 27 июн ба поён расид.

Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, дар нишасти алоҳида миёни раиси ҷумҳури Украина ва раҳбарони ниҳодҳои интизомии он кишвар, ӯ гуфтааст марказҳои сарбозгирӣ барои ҷудоиталабон дар марз бо Украина бояд тайи 72 соати оянда баста шаванд.

Вазири умури хориҷии Амрикон низ рӯзи панҷшанбе аз Маскав хоста буд, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Украинаро "тайи соатҳои оянда халъи силоҳ кунад." Иттиҳодияи Аврупо низ бо ҳимоят аз Киев чунин дархостро матраҳ кардааст.

Ғарб аз ҷудоиталабони тарафдори Русия хостааст марказҳои бозрасиро ба мақомоти давлатӣ бозгардонад, оташбасро пазируфта ва касонеро, ки ба асорат гирифтаанд, аз ҷумла бозрасони Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупоро озод кунанд.

Раҳбарони ҷудоиталабон як рӯз пеш эълон карда буданд, ки чаҳор нафар аз бозрасони он созмонро аз Туркия, Эстония, Дания ва Швесия, ки дар моҳи май рабуда шуда буданд, озод кардаанд.

Оташбаси якҳафтаинаи ҳукумати Украни тайи ҳафт рӯзи гузашта бо даргириҳои пароканда миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабон ҳамроҳ буд. Рӯзи сешанбеи гузашта раиси ҷумҳури Укаина эълом карда буд, ки ҷудоиталабон дар 52 маврид оташбасро нақз кардаанд.

XS
SM
MD
LG