Расонаҳои русӣ аз қавли пулис хабар доданд, ки аз 35 муҳоҷири боздоштшуда дар ин хобгоҳ танҳо дар асноди ду нафари онҳо кӯтоҳӣ мушоҳида шуда, кору иқомати бақияаш дар қаламрави Русия қонунӣ будааст.
Пулиси Маскав мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ алайҳи корфармои ин муҳоҷиронро баррасӣ мекунад. Аммо исми корфармо нашр нашудааст ва ҳам маълум нест, ки оё пулиси пойтахти Русия масъалаи то куҷо қонунӣ будани тафтиши муҳоҷирон аз сӯи як созмони ҷамъиятиро ҳам таҳқиқ хоҳад кард ё хайр?
Шоми 28 июн аъзои созмони ҷамъиятии «Шит Москви», ки гӯё ба хотири ҳимояти пойтахти Русия аз сели муҳоҷирони ғайриқонунӣ таъсис ёфтааст, вориди хобгоҳе дар кӯчаи Ян Фабритсиус шуда, бо як шеваи таҳқиромез ҳамаи сокинонашро ба берун бароварда, ба тафтиши асноди онҳо пардохтаанд. Бино ба гузориши телевизиони русии НТВ, дар ин хобгоҳ асосан кӯчарӯбҳо аз Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанд.
Аъзои «Шит Москви», ки тафтиши хобгоҳи кӯчаи Фабритсиус амалиёти аввалаш алайҳи муҳоҷирон набуд, маъмулан ин амалиётҳоро ба навор гирифта, дар Youtube нашр мекунад. Амалиёти ахири ин созмон низ билофосила дар ин сомона пайдо шуд. Дар ин навор дида мешавад, ки "муфаттишон" бархе ба рӯ ниқоб кашида, дар даст чизҳое шабеҳи силоҳ ҳам доранд.
Аммо дар ҷараёни тафтиш, ки бино ба наворҳои видеоии нашршуда, бо як лаҳни таҳқиромез анҷом мешуд, байни сокинони хобгоҳ ва «муфаттишон» занозанӣ сар зада, дар натиҷа, бино ба гузоришҳо, 3 нафар, ки аз минтақаи Қафқози шимолии Русия будаанд, захмӣ мешаванд. Нирӯҳои пулис ба дунбол 60 нафар, аз ҷумла 35 муҳоҷир ва 25 узви «Шит Москви»-ро дастгир карданд.
Бо ин ҳол, бо гузашти инак ду рӯз, ҳеҷ яке аз созмонҳои ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия натавонистааст шумори дақиқи шаҳрвандони тоҷик дар байни ин боздоштшудагонро дақиқ кунад.
Вале Абдуллоҳ Давлатов, раҳбари яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Маскав мегӯяд, худи тафтиши асноди муҳоҷирон аз сӯи як созмони ҷамъиятӣ комилан ғайриқонунист: «Ин дружинаҳои ҷамъиятие ки ташкил кардаанд, ғайриқонунист, чунки барои таъмини тартибот мақомоти расмии интизомӣ вуҷуд доранд. Баъдан, дар либоси дружинникҳо гурӯҳҳои пайдо шудаанд, ки ба манзилҳои муҳоҷирон зада медароянд, таҳқир мекунанд онҳорову ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекунанд ва ягон сӯме ки дар ҷайб дошта бошанд, зада мегиранд. Мо ҳамин масъаларо ҳамон рӯзи 28 июн дар Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия матраҳ кардем ва онҳо ҳам гуфтанд, ки касе ҳаққи чунин тафтиши асноди муҳоҷиронро надорад ва ҳар хабаре ки дар ин замина расид, ба онҳо бирасонем. Вале шоми ҳамон рӯз дидем, ки аъзои созмони «Шит Москви» дар он хобгоҳ бо муҳоҷирон ҳатто занозанӣ кардаанд.»
Ҳамагӣ як рӯз қабл аз ин занозанӣ - рӯзи 27 июн дар ҷараёни амалиёти пулис дар хобгоҳ дар кӯчаки Новохохловская, бино ба ҳисобҳо, аз 1380 то 1545 муҳоҷирро дастгир кардаанд. Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба Озодӣ гуфт, аксарияти кулли боздоштшудагон аз Тоҷикистон буданд, ки дар як хобгоҳи сирф барои ин мардум дурусткардаи як ширкати туркӣ ба сар мебурданд.
Оқои Шарифов гуфт, тақрибан ҳамаи онҳо баъди чанд соати боздошт бо пардохти ҷарима раҳо ёфтанд. Аз як тараф ба ин далел, ки идороти пулиси ин минтақаи Маскав тавони гунҷондани якуним ҳазор боздоштшударо надошт ва аз тарафи дигар, «миссия», батаъбири ҳамсӯҳбати мо иҷро шуд: «Дар як рӯз беш аз ҳазор нафарро дуҳазоррублӣ ҷарима карданд. Фақат муҳоҷирони тоҷик дар Русия ду миллионанд. Ҳар дафъа онҳоро дуҳазорӣ ҷарима банданд, ҳар навбат 4 миллиард рубл мешавад. Русия дигар кор накунад ҳам мешавад, муҳоҷирро ҷарима баста, мегарданд.»
Ҳамин тавр, рӯзи 25 июн аз як бинои матрук дар кӯчаи Толстойи Маскав 278 муҳоҷир аз Русияву Узбакистон ва Туркияро гирифтаанд. Ду рӯз қабл аз он дар минтақаи Новаяи Москва 258 муҳоҷир, аксаран тоҷиконро боздошт карданд.
Авҷи нави таъқибу шикори муҳоҷирон, аз ҷумла бо ҷалби созмонҳои ҷамъиятие, чун "«Шит Москви» дар ҳолест, ки мубориза бо муҳоҷират ба як шиори умдаи тақрибан ҳамаи номзадҳо ба мақоми шаҳрдори Маскав дар интихоботи моҳи сентябр табдил ёфтааст.
Дар ин «сабқат» бахусус шаҳрдори кунунии Маскав Сергей Собянин «пештоз» аст. Собянин, ки дар вилояти Хантиву Манси ба дунё омада, танҳо дар соли 2005 ба Маскав кӯчидааст, дар пешорӯи интихоботаш ба як ҳомии оштинопазири ҳаққи мардуми Русия табдил ёфт ва аз ҷумла мегӯяд, ки муҳоҷирон набояд фикри барои доим муқим шудан дар пойтахти Русияро кунанд ва баъди анҷоми корашон ба ватани худ баргарданд. Ба таъбири Сергей Собянин, «Маскав шаҳри русӣ буд ва бояд чунин бимонад.»
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав мегӯянд, ҳар номзад ба мақоми шаҳрдори пойтахти Русия ҳоло мехоҳад ба эҳсосоти миллатгароии мардум нохун зада, бо истифода аз қартаи муҳоҷират барои худ раъйи бештар бигирад. Ба ин далел, мегӯянд онҳо, мавсими «шикор»-и муҳоҷирон дастикам то маълум шудани натоиҷи интихоботи дувуним моҳ баъди шаҳрдори Маскав давом хоҳад кард.