Бино ба гузориши як созмони нозир, ҳамлаҳои ҳавоии таҳти раҳбарии Амрико рӯзи 27 сентябр ба “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари исломгаро дар Сурия асобат кардааст.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё гуфт, дар вилояти Раққа, яке аз пойгоҳҳои асосии “Давлати исломӣ” садои дастикам 31 таркиш шунида шуда, дар бораи талафот низ гузоришҳо ба даст мерасанд. Нирӯҳои эътилоф ҳамчунин барои бори нахуст сангарҳои “Давлати исломӣ” дар Манбиҷ, воқеъ дар шарқи Ҳалаб, дувумин шаҳри бузурги Сурияро ҳадаф қарор додаанд.
Ҳамин тавр, ҳавопаймоҳои низомӣ барои бори аввал ба минтақаи Ал-Ҳаммод дар шарқи шаҳри бостонии Палмира (ба арабӣ – Тадмур) дар вилояти Ҳумс ҳамла оварданд.
Раҳбари Дидбони ҳуқуқи башари Сурия Рамӣ Абдулраҳмон гуфт, ҳадафҳои асобатшуда дар вилояти Ҳумс аз хатти ҷанги чирикиҳо бо нирӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ки Ҳумс – сеюмин шаҳри бузурги ин кишвари арабии ҷангзадаро таҳти назорат доранд, дуратр аст.
Сангарҳои “Давлати исломӣ” дар атрофи шаҳри Табқа низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Табқа макони пойгоҳи ҳавоие буд, ки нирӯҳои “Давлати исломӣ” дар моҳи гузашта ба даст оварданд.
Зарурати 15 000 нирӯи заминӣ барои ҷанг бо "Давлати исломӣ" дар Сурия
Фармондеҳи артиши Амрико мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба иқтидори низомии "Давлати исломӣ" зарбаи сахт зад, вале барои анҷоми амалиёти зидди ин гурӯҳи тундрав то 15 000 нирӯи заминӣ дар Сурия зарур мебошад.
Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико Мартин Демпси мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия, ки дар аввалҳои ҳафтаи равон оғоз ёфт, ба фармондеҳии ин гурӯҳ ва иқтидорҳои назоративу таъминотиаш осеби ҷиддӣ расондааст: “Ҳамлаҳои ин ҳафтаим эътилофи мо ба “Давлати исломӣ” нишон дод, ки онҳо дар Сурия ҷои амн надоранд. Иқдомоти нишонраси мо фармондеҳиву назорат ва имконоти таъминотии онҳо, зербинои онҳо дар Сурияро хароб кард ва ҳамин тавр дар Ироқ мо ба шарикони ироқиамон имкон фароҳам овардем, ки вориди амал шаванд.”
Аммо генерал Мартин Демпси рӯзи 26 сентябр ба хабарнигорон ҳамчунин гуфт, барои муқобила бо ин ҷангиён дар Сурия то 15 000 нирӯи заминӣ низ лозим аст. Ӯ гуфт, ин нирӯҳоро метавон аз ҳисоби мухолифини мӯътадили режими Башор Асад ҷалб кард: "Бояд бахши заминии маъракаи зидди “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳам бошад. Ва ба бовари мо, роҳи ин оппозисиюни мӯътадили Сурия аст. 5000 ҷангӣ поёни кор инест, Ба ҳисоби мо, аз 12 000 то 15 000 нафар лозим аст, то онҳо қаламравҳои аздастрафта дар шарқи Сурияро баргардонанд.”
Генерал Демпси гуфт, ӯ умедвори як маъракаи “доимӣ ва собит” алайҳи “Давлати исломӣ”-ст, ки алакай як бахши бузург аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол кардааст. Демпси гуфт, Амрико ҳамчун бахши ин талошҳо тамрин ва таъмини силоҳи 5000 чирикиро дар Сурия дар нақша гирифтааст.
Амрико ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи сангарҳои “Давлати исломӣ” дар Ироқро ҳанӯз моҳи август оғоз бахшида, дар ибтидои ҳафтаи равон сангарҳои ин гурӯҳи ҷангӣ дар Сурияро ҳадаф қарор дод.
Як мақоми аршади низомии Амрико гуфт, амалиёт дар Сурия тақрибан шабеҳи ҳамлаҳои ҳавоии таҳти раҳбарии Амрикост, ки алайҳи сангарҳои “Давлати исломӣ” дар Ироқ анҷом мешуд.
Пентагон мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоӣ коргоҳҳои тавлиди маҳсулоти нафтиеро, ки манбаи таъмини молии ҷангиён буданд, хароб кардааст. Коршиносон мегӯянд, ҳар рӯз аз ҳисоби фаъолияти ин корхонаҳо ва фурӯши нафт дар Сурияву Ироқ то 3 миллион доллар ба ҷайби танзимҳои “Давлати исломӣ” мерехт ва як манбаи муҳими таъмини молии ин гурӯҳи ҷангӣ ба ҳисоб мерафт.
Бино ба гузоришҳо, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф дар Сурия дастикам 140 ҷангӣ ва 13 нафар аз мардуми мулкӣ ҷон бохтаанд.
Аъзои нави эътилоф
Рӯзи 26 сентябр эътилофе, ки таҳти раҳбарии Амрико алайҳи “Давлати исломӣ” таъсис шудааст, ба 3 кишвари дигар густариш ёфт. Бритониё, Белгия ва Дания низ барномаҳои ширкат дар ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ироқро пазируфтанд.
Дар Маҷлиси намояндагони порлумони Бритониё 524 вакил аз пайвастани Лодон ба эътилофи зидди “Давлати исломӣ” пуштибонӣ карда, танҳо 43 вакил раъйи мухолиф додаанд.
Дания ва Белгия низ эълон карданд, ки яке 7 ва дувумӣ 6 ҳавопаймои ҷангии навъи F-16-ашонро барои ширкат дар амалиётҳо дар Ироқ мефиристанд. Фаронса низ алакай ба ҳамлаҳои ҳавоии таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ пайвастааст.
Дар маҷмӯъ то имрӯз ба эътилофи зидди “Давлати исломӣ” ба раҳбарии Амрико ҳудуди 40 кишвар, бо шумули чанд кишвари Ховари Миёна ҳамроҳ шудаанд. Аммо ягон кишвари Аврупо аз миёни муттаҳидони Амрико то ҳол барои пайвастан ба ҳамлаҳои ҳавоии зидди “Давлати исломӣ” дар Сурия изҳори омодагӣ накардааст. Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Сурия дар ҳоли ҳозир танҳо ҳавопаймоҳои Амрико ва бархе кишварҳои арабӣ ширкат мекунанд.
"Давлати исломӣ", яъне чӣ?
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар оғози соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии Ал-Қоида ҷудо шуда, дар байни ҳамагӣ чанд моҳ ба таври ногаҳонӣ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард.
Ин гурӯҳ, ки ибтидо “Давлати исломии Ироқу Шом” ном дошт, баъди пешрафтҳояш дар ин ду кишвар аз азмаш барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ хабар дод ва раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро ҳатто “халифа” эълон кард. Бино тба як харитае, ки расонаҳои ғарбӣ нашр кардаанд, “хилофат”-и “Давлати исломӣ” бояд то 5 соли оянда ба тамоми қаламрави давлатҳои мусалмоннишин – аз Испанияву Саҳрои Кабир то Қафқозу Осиёи Марказӣ ва Ҳинд – доман паҳн кунад. Дар ин харита тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрону Покистону Ҳинд дар як вилоят бо номи “Хуросон” тасвир шудаанд.
Бино ба ҳисобҳо, дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” то 15 000 ҷангии хориҷӣ меҷанганд. Рӯзи 24 сентябр Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кард, ки аз ҳамаи кишварҳо ташдиди мубориза алайҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла гирифтани пеши роҳи ҷалби шаҳрвандонашон ба танзимҳои “ҷиҳодӣ”-ро тақозо мекунад.
Дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон бо иловаи як банд ба Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои ҷалби афрод ба ҷангҳои бегона ва ширкат дар чунин ҷангҳоро шадид карданд. Аз ин ба баъд барои чунин аъмол дар Тоҷикистон метавонанд муттаҳамонро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунанд.
Ҳушдори Патрушев
Рӯзи ҷумъа масъалаи "Давлати исломӣ" дар Маскав дар нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои СНГ баррасӣ шудааст. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия ва мизбони ин нишаст "Давлати исломӣ"-ро, ки аз 30 то 50 000 ҷангиро гирд овардааст, "як нирӯи ҷиддӣ" унвон кард, ки "дар ғайри сурати муқобилаи лозим метавонад низоми амният ва муносиботи байналмилалии ҷаҳони имрӯзро хароб кунад." Патрушев афзуд, ҷангиён аз кишварҳои паосшӯравӣ, ки дар сафи нирӯҳои ин гурӯҳ меҷанганд, дар сурати бозгашт ба зодгоҳҳо худ ба як хатари ҷиддӣ табдил меёбанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтае пеш дар ҷаласаи солонаи ҳизби ҳокими халқии демократиаш гуфт, дар Сурия ва ғолибан дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” то 190 шаҳрванди тоҷик низ меҷанганд ва то имрӯз 30 ҷангии тоҷик дар Сурия кушта шудаанд.
Дар моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи Донишгоҳи байналмилалии Димишқро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад дуусолӣ ҳукми зиндон дод.
Рӯзи 19 сентябр додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз ҳамроҳони зиндонии Давлат Чоловро барои ҷалби маҳбусон аз дохили зиндон ба ҷанги Сурия айбдор карда, ба ҳукми қаблиашон дусолии дигар изофа намуд. Қаблан Абдураҳмон Қодиров, Савриддин Ҷӯраев ва Азаматҷон Хоҷамқулов, мутаносибан ба 17, 19 ва 26 соли зиндон маҳкум шудаанд. Аммо эълони ҳукми мӯҳраи асосӣ дар ин шабакаи - Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб Қурбонов Чолов, ва як шарики дигараш бо номи Абдураҳим Шукуров ба далели аз Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон шарҳ хостани додрас ба таъхир афтодааст.
Мақомоти умури дохилаи Исфара дар миёнаҳои моҳи сентябр як зани сокини ин ноҳияро бо 3 кӯдаки хурдсолаш аз роҳи сафар ба Сурия баргардондаанд. Гуфта мешавад, ки Насиба Фаттоева, сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Исфара мехост ба назди шавҳараш - Абдуфаттоҳ Фаттоев, ки дар Сурия меҷангидааст, биравад., вале ӯро ҳангоми хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон, дар як гузаргоҳи марзии байни Исфараву Бодканд пас гардондаанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, танҳо аз рустои Исфара дар Сурия 17 нафар қарор доштаанд ва бархе аз ин ҷо ҳатто бо зану фарзандонашон ба он кишвар ба “ҷиҳод” рафтаанд.