Сюзан Эллиотт сафири Амрико рӯзи панҷшанбеи 16 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки “имзои созиши ҳастаии Эрон ва гурӯҳи “панҷ бар изофаи як” қадами муҳиме аст. Ман бар ин назарам, ки дар сурати иҷрои ин созиш, таҳримҳо алайҳи Эрон марҳала ба марҳала лағв хоҳанд шуд ва роҳ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ боз мегардад.”
Чун хонум Эллиотт мутмаин аст, ки “тааҳҳуд ба иҷрои созиш ҳатман омили беҳбуди муносибот миёни кишварҳо, аз ҷумла ИМА бо Эрон хоҳад шуд.” Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди хонум сафир, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ин созишро мақбул донист ва Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷӣ ширкатдори аслии музокирот буд.
Сюзан Эллиотт дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки “ҳамакнун роҳи Эрон ба сӯи бомбаи атомӣ баста шуд ва дунё амнтар шуд, оё таҷрибаи гуфтушунид бо Эрон метавонад дар баробари ду кишвари дигари Осиё - Покистону Ҳиндустон истифода шавад ва ҷаҳон бештар амн гарад?", гуфт, “албатта ин созиш роҳи Эронро барои барномаи ҳастаӣ баста накардааст, балки Эрон ҳақ дорад, барномаи ҳастаиашро ба ҳадафи сулҳомез истифода намояд. Ҳадафи созиш низ ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон аст ва ҳар гуна иқдом барои ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон ва ҳамин тавр Шарқи наздик метавонад сулҳу суботро ба ҳам занад ва паёмадҳои номатлуб ба бор оварад. Эрон дар паи музокирот, ҳарчанд тӯлонӣ буд, аммо тавонист имконияти хуберо ба даст орад ва ҳамакнун метавонад онро самаранок истифода барад.”
Хонум Эллиотт мегӯяд, ИМА ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомез қазияҳо аз тариқи муколама ва гуфтушунид аст, на ин ки бо истифодаи силоҳ. Ин аст, ки сафири ИМА мегӯяд, кишвараш ҳамеша барои беҳбуди равобити кишварҳо талош кардааст ва созиши ахир миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ метавонад таҷрибаи хубе барои ҳалли сулҳомези мушкилоти миёни Покистон ва Ҳинд низ гардад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин таҷриба барои ин ду кишвар низ истифода шавад.
Аммо Сюзан Эллиотт дар посух ба суоли дигари Радиои Озодӣ, ки “Эрон ҳоло бушкаҳои нафти беҳисоб дорад, ки солҳои таҳримот алайҳи ин кишвар захира шудааст ва акнун бо бардошта шудани таҳримот ба бозор ворид хоҳанд шуд. Оё давлатҳои Ғарбӣ Эронро ҳамчун алтернатива дар бозори энержӣ барои пур кардани ҷои Русия, ки аз боварӣ баромадааст, баррасӣ хоҳанд кард?”, гуфт, “дар воқеъ таҳримот алайҳи Эрон муассир буданд, аммо ҳеҷ кишваре ҷои кишвари дигареро гирифта наметавонад“.
Сафири Амрико гуфт, ҳамакнун бо ба даст омадани созиш барои бозори нафту гази Эрон имконияти хубе даст додааст, то ин кишвар аз он дуруст истифода кунад.
Аммо Сюзан Эллиотт фаъолияти созмони “Давлати Исломӣ”-ро ҷудо аз масъалаи музокироти ҳастаии Эрон ҷудо медонад. Вай гуфт, “масъалаи ДИИШ дигар аст ва созиши ҳастаии Эрон бошад чандин сол тӯл кашид ва дар ниҳоят самар дод. Ҳамкориҳои байналмилалии абарқудратҳо, ба хусус ИМА, Чин ва Русияро густариш бахшид. Ин ба он маънист, ки созиши ҳастаӣ, ҳамкориҳоро боз ҳам барои таъмини сулҳу субот бештар хоҳад кард.”
Ҳарчанд ба таъкиди сафири ИМА, пайдоиши “Давлати исломӣ” ноамнӣ барои тамоми дунё аст ва сулҳу суботро коҳиш медиҳад. Ҳамакунун кишварҳо дар ҳамкории наздик метвонанд алайҳи терроризм ва ифротгароӣ мубориза баранд ва сулҳу суботро дар ҷаҳон таъмин кунанд.”
Сафири Амрико дар посух ба ин суол, ки “ҳамакнун дар иҷрои ин созиш кӣ бештар бояд содиқ бошад - Эрон ё ИМА?", гуфт: “Албатта аз номи ҳукумати Эрон дар ин бора посух гуфта наметавонам, аммо аз номи ҳукумати Амрико мегӯям, ки ҳам кишвари мо ва ҳам дигар кишварҳо бояд дар иҷрои созиши бадастомада содиқ бошанд ва онро риоя кунанд. Зеро ин созиш ба нафъи ҳама кишварҳои зидахл аст.”
Аз ҷониби дигар, ба таъкиди хонум сафир, Эронро лозим аст, то шароитро барои назорати иҷрои ин созиш фароҳам кунад. Чун кишварҳои ширкаткунанда ҳаққи назорати иҷрои созишро доранд ва дар сурате, ки назорат натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ин омили лағви марҳала ба марҳалаи таҳримот мешавад ва муносибатҳо низ беҳбуд хоҳад ёфт.”
Дастоварди муҳим хона шудани созиши ҳастаии Эрон аз ҷониби сафири ИМА дар Душанбе дар ҳолест, ки ин амр дар дохили Амрико ба мухолифатҳое, бахусус ҷумҳурихоҳон печидааст. Аз хонум Эллиотт пурсида шуд, ки “дар сурати мухолифатҳои дохилӣ ҳам оё созиш мавриди тасвиб қарор хоҳад гирифт?" Сюзанн Эллиотт дар посухи ин суол гуфт, “Амрико як кишвари демократӣ аст ва ҳама ҳаққи ифодаи ҳарфу баёни худро дорад. Аммо созиши ахир бояд аз ҷониби Конгресси Амрико тасвиб шавад, ки умед дорам, мавриди истиқболи сенаторҳо қарор мегирад. Албатта баҳсҳо дар Конгресс сари ин мавзӯъ шиддат хоҳанд гирифт, аммо ман хушбин ҳастам ва чун “созиши ҳастаии Эрон” масъалаи таърихӣ ва сарнавиштсоз аст, натиҷааш низ хуб хоҳад шуд.”
Дар ин нишаст ҳамчунин ин суол матраҳ шуд, ки “бо ба даст омадани созиши ахир, оё ИМА ва Эрон метавонанд муштаракан алайҳи фаъолияҳои гурӯҳҳои мисли “Давлати исломӣ” ҳамкорӣ кунанд?".
Сюзан Эллиотт дар ин робита гуфт, ки “ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ ва ифротгароӣ мақсадҳои муштараки ҳар як давлат аст ва ИМА ҳамеша зидди терроризм ва ифротгароӣ мубориза кардааст ва ҳамкориашро низ дареғ надоштааст. Бояд таъкид кунам, ки ягон қазия наметавонад бо истифодаи хушунат ва поймол кардани ҳуқуқ ба натиҷае бирасад, танҳо музокироти мусолиматомез аст, ки самар медиҳад”, гуфт сафири ИМА дар Душанбе.
Дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия рӯзи 14 июл кишварҳои музокиракунанда дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон эълон карданд, ки ба тавофуқ даст ёфтанд. Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон) мувофиқат карданд, ки Теҳрон даст аз барномаи ҳастаӣ мекашад ва бар ивази ин таҳримҳои иқтисодии он лағв хоҳанд шуд. Ҳанӯз ин санад расман ба тасвиб нарасидааст. Аз ин созиш аксар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам истиқбол карданд.