Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани таҳқиршуда: Полис зиндагии маро барбод дод. ВИДЕО


Ин зан мегӯяд, доғе ки дар дили у гузоштанд, ҳеҷ гоҳ пок намешавад.
Ин зан мегӯяд, доғе ки дар дили у гузоштанд, ҳеҷ гоҳ пок намешавад.

Як зани узбек, ки бадрафтории маъмурони милиса бо ӯ хашми мардумро барангехт, хостааст, ки ӯро ором бигузоранд, “чун аз таваҷҷӯҳи зиёд безор шудааст”. Ин зани 35-сола, ки намехоҳад, номаш ошкор шавад, дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Каттақурғон ба Радиои Озодӣ гуфт, аҳволаш хуб нест ва ӯро бисёр ба ташвиш меандозанд.

“Бо баҳонаи кӯмак кардан, меоянд, то маро бинанд. Маро ба як навъ реклама табдил додаанд. Аввалан мехоҳам, ба ҳамаи онҳое, ки ба ман кӯмак карданд, ташаккур бигӯям. Ростӣ хаста шудам, ба ман ҳатто кӯмаки моддӣ ҳам лозим нест” - мегӯяд, ӯ.

Зани танҳо ва модари ду фарзандро чанде пеш маъмурони милиса дар шаҳри Самарқанд бо иттиҳоми дуздӣ дастгир карданд ва ба шӯъбаи умури дохилӣ бурда, мабҷур карданд, ки ба тамом бараҳна шавад.

Видеои бараҳна шудани зан, дашномҳои афсарони милиса ва илтиҷову зории модари танҳо ба дасти бахши узбекии Радиои Озодӣ расид ва хашми ҷомеаи Узбекистонро барангехт.

Зани таҳқиршуда: Полис зиндагии маро барбод дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Дар навори видеоӣ дида мешавад, муфаттиш ин занро дар кунҷи утоқ монда ва маҷбур мекунад, ки либосҳояшро бикашад. Зан ба тадриҷ либосҳояшро бадар карда ва илтиҷо мекунад, ки баъзе либосҳояш бимонад. Аммо дар навор садои марде шунида мешавад, ки мегӯяд, “бикаш, то охир бикаш” ва зану модари ӯро дашном медиҳад. Дар навори видео шунида мешавад, ки зан мегӯяд, “бародар ман ин корро накардам”.

Баъди илтиҷои зиёд, ки ман ин корро накардам, як садое меояд, ки «аз онҷо гум шав.» Баъди чанд соати нашри видео дар рӯзи 3-уми июл, мақомоти Узбекистон гуфтанд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардан ва ҳарду маъмури милиса боздошт шудаанд.

Гуноҳашро намебахшам

Афсари муттаҳам ба бараҳна кардани зан, ки ӯро ба Санъат Умаров ном мебаранд, аз тарафи гурӯҳи махсуси фиристодаи додситонии Самарқанд дар Каттақӯрғон бозпурсӣ шудаанд. Мумкин аст, Умаровро барои чунин бадрафторӣ бо зан ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд.

Ин зан ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки гуноҳи маъмурони милисаро намебахшад, зеро доғе, ки дар зиндагиаш гузоштанд, ҳеҷ гоҳ пок намешавад.

“Аввал мегуфтам, ки бо назардошти ояндаи фарзандонам онҳоро мебахшам. Он замон дар ҳоли шок будам. Баъдан фикр кардам, ки Санъат Умаров ба ман чунон осеби равоние расонд, ки то охири умр мемонад. Ӯ сазовори бахшидан нест. Аз додгоҳ талаб мекунам, ки сахттарин ҷазоро барои ӯ таъйин кунад” – мегӯяд, ӯ.

Расул Кушербоев, вакили мардумии Узбекистон рафтори пулисро “таҳқири тамоми мардум” номида ва гуфтааст, ки бо ин амалкард онҳо шаъну шараф ва обрӯи миллатро мебаранд.

Танзила Норбоева, раиси Кумитаи занон аз шаҳри Тошканд ба Каттақӯрғон рафта ба зани ҷабрдида ваъдаи кӯмак кардааст. Матбуоти Узбекистон гузориш дод, ки мақомоти маҳаллӣ дар муддати чанд рӯз ҳавлии зани танҳо ва камбизоатро тармиму таъмир кардаанд. Яке аз ҳамсоягони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Баъди марги шавҳараш, ӯ дар як хонаи нимавайрона дар кунҷи деҳа бисёр фақирона зиндагӣ мекард.”

Ҳимояти мардум аз модари танҳо

Узбекҳои хориҷи кишвар низ барои тармими хона ва кӯмак дар харидани либос барои фарзандони ин зан пул ҷамъ карда фиристодаанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоро нашр карданд, ки дари нави чӯбин дар хонаи ӯ дида мешавад.

Мақомот як мағозаеро ҳам дар деҳа боз карда ва ба ӯ додаанд, то ба соҳибкорӣ машғул шавад. Соҳибкорон низ барои оғози кор ба ӯ мол додаанд.

Зани 35-сола аз Каттақӯрғонро маъмурони пулис бо иттиҳоми дуздидани ду калӯш бо арзиши 6 доллар дастгир кардаанд. Ӯ иттиҳомотро рад мекунад ва ҳангоми тафтиш маъмурони пулис ҳеҷ чизе аз ӯ пайдо накарданд.

Санъат Умаров, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июл гуфт, ки барои бадрафториаш аз зан бахшиш пурсидааст, вале амали ӯро додситонӣ тафтиш дорад.

Умаровро баъди ин ҳодиса аз мақомаш барканор ва боздошт карданд. Ӯ ба сӯистифода аз мақом ва бадрафторӣ муттаҳам мешавад. Ҳуввияти афсари дуввумро ошкор накардаанд, вале мақомот мегӯянд, ки парвандаи ӯ ҳам тафтиш мешавад.

Собиқаи ришвахориву бадрафтории пулиси Узбекистон

Пулис дар Узбекистонро солҳост, ки барои ришвахорӣ ва ҳам бадрафторӣ бо боздоштшудагон муттаҳам мекунанд. Соли 2017 раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев гуфт, ки дар як соли ахир бештар аз 4500 маъмури пулисро барои “ришвахорӣ ва сӯистифода аз мақом” барканор кардаанд.

Улуғбек Муҳаммадиев, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон гуфтааст, умедвор аст, ки қазияи зани танҳо аз Каттақӯрғон сабабе барои омӯзиш додани кормандони ниҳодҳои интизомӣ мешавад, то дигар чунин бадрафториҳо такрор нашаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG