Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вобаста аз боду ҳаво." Вазир гуфт, ки мардум кай барқи бештар мегиранд


Далер Ҷумъа. Нишасти матбуотӣ, 30-юми январи 2025
Далер Ҷумъа. Нишасти матбуотӣ, 30-юми январи 2025

"Субҳ ду соат, бегоҳӣ се соат барқ дорему бас." Ин навиштаи гилаомези корбаре бо номи Саид аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар шабакаи Фейсбук аст. Шикоятҳои ба монанд дар мавриди камбуди нерӯи барқ ҳар рӯз аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистон низ мерасанд.

Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, гуфт, таъмини мардум бо нерӯи барқ дар моҳи феврал "куллан беҳтар" хоҳад шуд.

"Вобаста аз боду ҳаво, вобаста аз сатҳи резиши об дар дарёи Вахш ва сатҳи об дар обанбори Норак," – гуфт ӯ рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Тибқи ҷадвали Шабакаҳои тақсими барқ, сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон бояд аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб, яъне ҳафт соат, бо нерӯи барқ таъмин бошанд.

Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки дар шабонарӯз танҳо 4-6 соат барқ мегиранду бас. Далер Ҷумъа гуфт, агар ҷадвал риоят намешавад, сокинон ба Шабакаҳои тақсими барқ муроҷиат кунанд.

Мушкили таъмини сокинон бо нерӯи барқ ҳар сол дар фасли сармо шикояту нигарониҳоеро ба миён меорад. Аз охири моҳи сентябри 2024 дар Тоҷикистон "лимит" ё маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Дақиқ нест, ин вазъ то кай идома хоҳад кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024 гуфт, то моҳи майи соли 2027 "норасоии нерӯи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад". Эмомалӣ Раҳмон идомаи сохтмони "Роғун", навсозии чархаҳои "Норак"-у "Қайроққум" ва бунёди нерӯгоҳи "Себзор"-ро далел овард.

Вазири энержӣ Далер Ҷумъа ҳам рӯзи 30-юми январ гуфт: “Аввал, ба кор даровардани чархаи сеюми “Роғун”. Бо баланд кардани сатҳи об иқтидори нерӯгоҳ се маротиба зиёд хоҳад шуд. Азбаски “Роғун” дар болооби дарёи Вахш ҳаст, танзими об имконият медиҳад, ки иқтидори нерӯгоҳҳои поёноб ҳадди ақал 400 мегавати дигар зиёд шавад”.

Изҳороти ба ин монанд бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон садо дода, мардумро ба поёни бебарқӣ умедвор кардааст. Президенти Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта буд, ки камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт, вале воқеият ин аст, ки аз он замон то кунун ҳар сол “лимит” ҷорӣ мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 дар кишвар беш аз 22 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст, се дарсад зиёдтар нисбат ба соле пеш. Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат гуфта мешавад.

Ин аст, ки намояндагони мухолифон мушкилро бештар ба фурӯши барқ ба Афғонистон ва Узбекистон пайванд медиҳанд. Ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар соли 2024 ба беш аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷ барқ содир кардааст. "97 дарсади содирот аз моҳи май то октябр ва танҳо се дарсад дар сардиҳо барои нигоҳдории хатҳои баландшидат сурат мегирад," -- гуфтанд дар Вазорати энержӣ.

XS
SM
MD
LG