Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири амрикоӣ барои хуруҷи низомиён аз Афғонистон истинтоқ шуд


Нерӯҳои низомии ИМА соли 2021 аз Афғонистон берун шуданд.
Нерӯҳои низомии ИМА соли 2021 аз Афғонистон берун шуданд.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА дар Конгреси ин кишвар ба суолҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон посух дод.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико шеваи берун шудан аз Афғонистонро дар соли 2021 нодуруст медонанд ва онро чанд сол боз таҳқиқ доранд. Блинкенро борҳо вакилон барои посух ба суолҳояшон ба Конгрес даъват карда буданд, вале ӯ бо далели дар сафари корӣ дар Ховари Миёна қарор доштан барои посухгӯи нарафта буд. Ӯ рӯзи 11-уми декабр дар посух ба суоли қонунгузорон гуфт, ба он шакл берун шудан аз Афғонистон аз ночорӣ буд.

Ин мақоми баландпояро рӯзе дар Конгрес бозпурсӣ карданд, ки Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирин дар ҳукумати "Толибон” дар як ҳамлаи маргталабонаи ДОИШ кушта шуд.

Фаъол шудани ДОИШ дар Афғонистонро далели ноамн шудани ин кишвар медонанд, ки ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагони ИМА, ба дунболи хуруҷи нодурусти низомиёни амрикоӣ ба вуҷуд омадааст. Аз оғози ба қудрат расидан дар соли 2021 бори аввал аст, ки як мақоми баландпояи ин гурӯҳ дар Афғонистон кушта мешавад.

Видеоро инҷо бинед:

Вазири амрикоӣ барои Афғонистон истинтоқ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Гурӯҳе, ки соли 2021 пас пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ идораи Афғонистонро ба даст гирифтанд. Ҳоло шеваи хуруҷи низомиёнро вакилони Маҷлиси намояндагон хато медонанд. Онҳо ҳукумати Байденро танқид мекунанд, ки нодуруст рафтор кард ва Афғонистонро ба дасти Толибон супурд.

Майкл Маккоул, раиси Кумитаи равобити хориҷии Конгрес бо хитоб ба Энтони Блинкен гуфт: “Шумо имконияти зиёде доштед, ки пеши роҳи фурупошии Афғонистонро гиред. Бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд шумо хатар ба манфиати Амрико, шаҳрвандони мо ва шарикони мо дар Афғонистонро нодида гирифтед.”

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико дар посух гуфт, маъмурияти Ҷо Байден тарҳеро амалӣ кард, ки дар давраи Трамп тарҳрезӣ шуда буд.

"Агар ӯ ба ӯҳдадории худ амал намекард, ҳамлаҳо ба нерӯҳои мо ва муттаҳидонамон дубора оғоз мешуданд ва Толибон ба шаҳрҳои бузург ҳамла мекарданд. Онгаҳ зарурати фиристодани даҳҳо ҳазор нерӯ ба Афғонистон барои ҳимоя аз худ пайдо мешуд. Дар ин ҳолат мо дар бунбаст ва зери оташи беохир мемондем,"--гуфт ӯ.

Вакилони ҷумҳурихоҳ мегӯянд, шеваи нодурусти хуруҷ аз Афғонистон оғози ноамниҳо дар ҷаҳон ва аз ҷумла ҷанг дар Украина шуд, чун Русия онро шикасти Амрико дониста, ҷуръат пайдо кард, ки ба Украина ҳамла кунад.

Замони берун шудани низомиёни амрикоӣ низ ДОИШ дар Кобул ҳамлаи маргталабона анҷом дод ва 13 низомии амрикоӣ ва наздик ба 200 сокини оддӣ кушта шуданд.

Бо берун шудани низомиёни Амрико гурӯҳи "Толибон" пурра Афғонистонро ишғол карданд. Ҳукумати ин гурӯҳро ҳеч кишваре ба расмият намешиносад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ "Толибон"-ро барои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон сахт танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG