Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли ҲДТ. Вазорат ба Усмонзода "не", ба Шаҳбози Аброр "ҳа" гуфт


Шаҳбози Аброр ва Саидҷаъфар Усмонзода
Шаҳбози Аброр ва Саидҷаъфар Усмонзода

Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 31-уми май анҷумани ҷанҷолии Ҳизби демократро дуруст шумурд ва Шаҳбози Аброрро раҳбари нави он эътироф кард.

Анҷумани ҳаждаҳуми ҲДТ дар аввали моҳи майи имсол дар шаҳри Душанбе гузашт. Ширкатдоронаш фаъолияти раҳбари, инак, собиқи он Саидҷаъфар Усмонзодаро "ғайриқаноатбахш" хонда, ӯро аз раисӣ гирифтанд. Усмонзода дар анҷуман ширкат надошт, аммо дертар қарори ҳамҳизбонашро мутобиқи оиннома надонист.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия, рӯзи 31-уми май дар номаи ҷавобӣ ба дархости Шаҳбози Аброр гуфтааст, "оинномаи Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Вазорати адлия бо тағйиру иловаҳо аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуд."

"Тибқи протоколи анҷумани ғайринавбатии 18-ум аз ёздаҳуми майи соли 2024 Шумо (Шаҳбози Аброр) раиси ҳизб интихоб шудед. Ҳизби демократи Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи оиннома бояд идома диҳад," – афзудааст ӯ.

Шаҳбози Аброри 34-сола, ки то ин замон раёсати ҳизбро дар шаҳри Душанбе ба дӯш дошт, бо 64 раъйи тарафдор раиси нави ҲДТ интихоб гардид. Ӯ вакили Маҷлиси Душанбе буда, раёсати яке аз шуъбаҳои “Тоҷикфилм”-ро бар уҳда дорад. Ҳамчунин муассиси нашрияи “Истиқлол” ва маҷаллаи “Набзи Душанбе” аст.

Ҳизби демократ, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад, борҳо ба ҷиноҳҳои гуногун тақсим шудааст.

Баъд аз соли 1993, ки фаъолони ин ҳизб ба хориҷи кишвар паноҳанда шуданд, ин ҳизб ба ҷиноҳи Алмато ва ҷиноҳи Теҳрон ҷудо шуд. Сипас ҷиноҳи Алмато вориди Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик шуд ва дар музокироти сулҳи тоҷикон ширкат кард.

Дар соли 2006 баъд аз зиндонӣ кардани раиси вақти ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров чеҳраи камошнои сиёсӣ Масъуд Собиров анҷуман баргузор намуд ва Вазорати адлия ӯро раиси ҳизб эътироф кард. Пас аз ин, коршиносон гуфтанд, мавқеи сиёсии ҳизб ҷиддан калаванда шуд.

Ҳамон замон ҲДТ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Масъуд Собиров ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси пешини ҳизб раҳбарӣ мекард. Вазорати адлия дар соли 2013 бар асоси санҷиши якмоҳа ва омӯзиши асноди пешниҳодии ҲДТ Оинномаи нави ҳизбро номнавис ва расман Саидҷаъфар Усмонзодаро раиси он эътироф кард.

Дар интихоботи президентии моҳи ноябри ҳамон сол Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо гузашти ду сол Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Фархор интихоб шуд.

Дар Тоҷикистон то соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсӣ номнавис шуда буд. Пас аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ шумораи онҳо ба ҳафт расид. Намояндагони баъзе аз ин ҳизбҳо худро "оппозитсияи созанда" медонанд, аммо намояндагони мухолифон аксари онҳоро "ҳизбҳои кисагӣ" номбар мекунанд.

XS
SM
MD
LG