Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони Русия кор дар "Роғун"-ро суст кардааст


Тибқи иттилои масъулони вазорати молияи Тоҷикистон, маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи барқӣ – обии “Роғун” дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 15 дарсад иҷро нашудаст.

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 24 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди маблағгузории тарҳи “Роғун”, гуфт, ки дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ барои корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи ниругоҳи барқӣ - обии “Роғун” маблағи 584 миллион сомонӣ масраф гардидааст, ки ин 84,6 дар сади нақшаи нимсолаи аввали соли ҷориро ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Каримзода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз буҷаи кишвар барои корҳои сохтмонӣ дар тарҳи “Роғун” маблағи 650 миллион сомонӣ ихтисос ёфта буд. Ҳамин тавр ба таъкиди муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар маҷмӯъ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар тарҳи нерӯгоҳи барқӣ - обии “Роғун” маблағи 1650 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон сабаби аслии иҷро нагардидаи маблағгузорӣ ба иҷрои корҳои сохтмонии ниругоҳи “Роғун” – ро ба паёмадҳои таҳрим алайҳи Русия, ки иқтисоди Тоҷикистон низ вобастаи он аст, сад дар сад иҷро нагардидани будҷа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва дигар омилҳо марбут донист.

Ҷамшед Каримзода
Ҷамшед Каримзода

Аммо ба иттилои масъулони вазорати молия, аз соли 2007 то кунун барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун”, ки умдатан корҳои барқарорӣ будаанд, аз будҷаи Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳо маблағи 6 миллиарду 534 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 1 миллиард доллар сарф шудааст.

Бо ин ҳам масъулони вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки маблағгузорӣ ба ин ва дигар тарҳҳои Тоҷикистон дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ бо истифода аз захираҳои иловагӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии ин кишвар, назири Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигар ниҳодҳои молӣ идома пайдо мекунад.

Таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳонӣ, ба хусус таҳримҳо алайҳи Русия дар ҳоле, ба иқтисоди Тоҷикистон, ба хусус маблағгузории бузургтарин тарҳ – “Роғун” асар гузоштааст, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз корҳо дар ин лоиҳа дидан кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки пешрафти ҳама бахшҳои ҳаёти Тоҷикистон ба бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ, ба вижа нерӯгоҳи "Роғун" вобаста аст ва талошҳо барои сохтани ин нерӯгоҳ идома дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун гуфт, ки “пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи барқи обии Роғун вобаста мебошад ва маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем”.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханонаш дар ин робита афзуд, ки "аксари сокинони мамлакат хуб дар хотир доранд, ки ман ҳанӯз рӯзҳои аввали роҳбариам бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ва идома доштани мухолифатҳои мусаллаҳона таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат эълон карда будам."

Сафари феълии Эмомалӣ Раҳмон ба маҳали сохтмони нерӯгоҳи барқии “Роғун” дар ҳоле иттифоқ афтод, ки масъулони ширкати “Нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун” ахиран гуфтанд, ки корҳо дар сохтмони асосӣ, ҷараён дорад. Дар ҷаласаи солонаи саҳҳомони нерӯгоҳи “Роғун”, ки 25 майи соли ҷорӣ баргузор шуд, сармояи ойинномавии ин нерӯгоҳ 14 миллиард сомонӣ эълон шуд. То кунун сармояи оийнномавии “Роғун” 12 миллиард, сомонӣ муодили ҳудуди 2 миллиард доллар буд.

Масъулони ширкати “Роғун” мегӯянд, бо афзоиши сармояи ойинномавӣ интизор мервад, ки дар ояндаи наздик ду агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор бигирад. Корҳо дар сохтмони асосии нерӯгоҳи “Роғун” пас аз он вусъати тоза касб карданд, ки Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаи ташхис дар ин нерӯгоҳро дар соли гузашта мусбат арзёбӣ кард.

Зимнан, арзёбиҳои байналмилалии Роғун, ки соли 2014 нашр шуд, нишон додааст, барои иҷрои ин тарҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур мешавад. Давлати Тоҷикистон соли 2009, яъне 6 сол пеш гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро аз ҳисоби худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи аксаран маҷбурии фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба мардумро шурӯъ кард.

Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣ ҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байналмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард. Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣ ҳам баҳси зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди "Роғун" сарф мешавад.

Бар асоси иттилои нави Вазорати молия, тақрибан 87 дарсади саҳмияҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар буҷаи соли 2015 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад ба Афғонистону Покистон содир шавад.

Аммо аз замони шурӯи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд. Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки то ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боиси камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаоҳо асосе надоранд, зеро об дар садди Роғун ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG