Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷои ҳасибу қаймоқи русиро маҳсулоти ғарбӣ хоҳад гирифт?


Иқтисоддонони тоҷик мегӯянд, дасткашии Русия аз ғизои кишварҳои Ғарб ба бозори хӯроквории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, таҳримҳои Ғарб зидди Русия ва дасткашии Маскав аз ғизои ғарбӣ бозори хӯроквории кишварҳоеро, ки бо Русия доду гирифт доранд, танҳо муваққатан зерурӯ хоҳад кард ва сипас ҷойи ҳасибу қаймоқу равғанҳои русиро маҳсулоти босифати ғарбӣ гирифта, нарху наво то 20 дар сад поин хоҳад рафт. Ба ақидаи онҳо, азбаски Русия барои Тоҷикистон яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи хӯрокворист, бо маҳдуд кардани воридоти ғизои кишварҳои ғарбӣ, он фақат худ зарар мебинад ва истеъмолкунандаи тоҷик аз ин эмбарго зиёни чандоне нахоҳад дид.

Бино ба таҳлили иқтисодшиносони тоҷик, бо манъ кардани воридоти ғизо аз кишварҳои ғарбӣ, ки беш аз 40 дар сади ҳиссаи бозори ин кишварро ташкил медод, эҳтиёҷ дар Русия ба маҳсулоти дохилӣ бештар мешавад ва содироти ин мавод ба хориҷ коҳиш меёбад.

Иқтисодшинос Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, дар бозорҳои Тоҷикистон ҳам як муддат камбуди маводи ширӣ, гуштӣ, қаннодӣ ва нӯшокиҳо эҳсос шавад ҳам, ин фақат як раванди муваққатӣ хоҳад буд. Баъдан баръакс сокинони Тоҷикистон аз паёмадҳои мусбати эмбарго баҳраманд мешаванд.

«Тоҷикистон, ҳам узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст ва ба воситаи ин созмон, Аврупо метавонад маҳсулоти худро ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ интиқол диҳад. Ва дар бозорҳо имкон дорад маҳсулоти кишварҳои Аврупо зиёд ва ин як сабаби поин рафтани арзиши маҳсулот шавад. Вале ин яку якбора намешавад албатта. Барои ин мумкин аст то 6 моҳ лозим шавад, чун ин давлатҳои пешрафта роҳҳои қонунии даровардани ин маҳсулотро мебинанд. Баъдан кишварҳои Ғарб, дар баъзе масъалаҳои дастрас кардани маҳсулоти хӯрока мумкин аст, ки аз нуқтаи назари молиявӣ ҳам Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд, чун онҳо ҳам мехоҳанд, ки бозори худро берун бароранд ва давлатҳои Осиёи Марказӣ кишварҳои истеъмолкунанда ба ҳисоб мераванд ва онҳо нағз медонанд, ки мо дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гуногуни хурока танқисӣ мекашем.»

Тибқи омори расмӣ, танҳо дар ним соли ахир аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 70 миллион доллар маводи озуқа ворид шудааст, ки ин 17 дар сади ҳаҷми маводи ғизоӣ дар бозори кишварро ташкил медиҳад. Аммо дар маҷмӯъ дар як соли соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ва хӯрокворӣ ворид шудааст.

Ғолибан ба бозорҳои Тоҷикистон аз Маскав маводи ширӣ, гуштӣ, қаннодӣ ва орду гандуми сифати аъло ворид мешавад ва ҳаҷми молу колои содиротии Тоҷикистон ба Русия дар соли 2013, 120 миллион доллар ҳисоб мешавад. Мақомоти Тоҷикистонро ҳам эмбаргои Русия нигарон накардааст ва бештар аз он хушҳолӣ мешавад, ки акнун эҳтиёҷоти Русия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон меафзояд ва содирот зиёд хоҳад шуд.

Нуруллоҳ Шарифов, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд: “Барои мо боз беҳтару хубтар мешавад, ки метавонем содиротро бештар кунем. Дар зимн, воридоти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон ҳам кам нахоҳад шуд, онҳо аз дигар давлатҳо Масалан Бразилия, Молдова метавонанд маҳсулоти бештару хубтар ворид кунанду ва мо ҳам ҳамин тавр метавонем аз ин мавод баҳраманд шавем.”

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, маводи аслиии ниёзи аввалия, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мегардид, ин захираи гандум аст, ки вақтҳои ахир ҷои онро ҳам Қазоқистон мегирад. Ба андешаи ӯ, Русия то 80 - 90 миллион тонна гандум истеҳсол мекард, ки ин рақам солҳои ахир ба ҳудуди 70 миллион тонна расидааст ва ҳамин тавр содироти он ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Қисмати зиёди маводи Тоҷикистон ба воситаи Покистону Афғонистон ва бо нархҳои дастрас вориди бозорҳои кишвар мешаванд.

Таҳлилгари дигари тоҷик Собир Вазиров ҳам мегӯяд, дар пайи ин эмбарго имкониятҳои зиёде пеши рӯйи Тоҷикистон меояд ва ин кишвар бояд тавонад аз ин фурсат хуб истифода кунад. Аммо ба қавли ҷаноби Вазиров, то замони ба роҳ мондани тиҷоратҳои нав ва дарёфти роҳҳои ворид сохтани мавод аз Аврупову кишварҳои ғарбӣ, мақомоти зирабти Тоҷикистон бояд бо таҳияи як барномаи кӯтоҳмуддати иқисодӣ барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии таҳримҳо ва даст кашидани Русия аз озуқаи Ғарб омодагӣ дошта бошад:

«Воқеан эҳтимол ҳаст, ки камбуди тамоми маводе, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешуд, эҳсос шавад ва Тоҷикистон бояд роҳҳои осону зудтар ворид кардани маводи ғизои аз дигар кившарҳоро пайдо кунад, то ҷойи маводи Русияро дар кишвар пур кунем. Тоҷикистон аз кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Туркия бозорро метавонад бозорро пур кунад. Бояд аз ҳоло масъулини зирабт сари ин масъала фикр кунанд.»

Ба таъкиди ҷаноби Вазиров, Русия, ки бо зиёд шудани эҳтиёҷот тасмими рушди соҳаи кишоварзии худро дорад, ба нерӯи зиёди корӣ низ ниёз хоҳад дошт ва мақомоти зирабти Тоҷикистон бояд ҳамчунин бо таҳияи як барномаи вижа ва омода кардани мутахассисони хуб ин вазъро ҳам ба манфиати худ истифода кунад.

Дар маҷмӯъ, ба тахмини иқтисодшиноси тоҷик, дар пайи ин таҳримҳо муносибати иқтисодии Тоҷикистон бо Аврупо ва дигар давлатҳое, ки алайҳи Русия таҳрим эълон кардаанд, рушд хоҳад кард ва ин то андозае метавонад ба поин рафтани фақр дар Тоҷикистон мусоидат кунад.

XS
SM
MD
LG