Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда дар пайи парванда. Чаро додгоҳҳо уфтодаҳоро боз мезананд?


Парвандаи нави вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки чанде пеш ба муддати 23 сол аз озодӣ маҳрум шуд, нозирони бетарафро ба андешае овардааст, ки айбномаҳои нав бар асоси фармоишҳои хусусӣ ва ё гурӯҳӣ сурат мегиранд.

Мурофиаи парвандаи нав алайҳи вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми "таҳқири мақомот" боз шудааст ва аввалин мурофиаи он рӯзи 12 декабр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ду моҳ пеш додгоҳи дигари Тоҷикистон ин вакилро, ки ба гуфтаи тарафдоронаш тамоми мушкилоташ аз вакилӣ дар "парвандаи наҳзатиҳо" оғоз шуд, барои 23 сол равонаи зиндон кард.

Ҷабрдидаҳои парвандаи нав -- додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода ва муфаттиши Додситонии кулл, айбдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода Бузургмеҳр Ёровро ба ин муттҳам мекунанд, ки ӯ дар додгоҳи қаблӣ онҳоро ошкоро таҳқир кардааст. Агар ин иддао дар додгоҳ тарафдорӣ шавад, ба 23 соли зиндони Ёров эҳтимолан 2 соли дигар изофа мешавад. ​

Агар доираҳои махсус манфиатдор набошанд, барои боз кардани айбнома ҳаракате сурат намегирад. Р.Зоиров

Ба ғайр аз ин парвандаи дигаре бар асоси моддаи 247, яъне “қаллобӣ” дар нисбати Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби Сарраёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе оғоз карда шудааст, ки феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад. Қонуни Тоҷикистон барои қаллобӣ аз 9 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳама аз Зайд Саидов шурӯъ шуд

Силсилаи мурофиаҳои солҳои ахир, сар аз парвандаи пурсарусадои соҳибкор Зайд Саидов, парвандаи намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакилони мустақил тамаркузи ҷомеаи ҷаҳониро ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш додааст. Агар солҳои қаблӣ "либерализм"-и Тоҷикистон мояи ифтихори ин кишвар буд, ҳоло аксари матолиби нашрияҳои маъруфи дунё дар тасвири вазъи Тоҷикистон аз рушди диктотурӣ ва поймолшавии ҳуқуқҳои сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандон мақола менависанд.

Парвандаҳои солҳои ахир, махсусан онҳое, ки доманашон ба сиёсат мегаравид, аксаран бештар аз 20 сол ва ё ҳукми зиндони абад гирифтаанд. Баъди баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даҳҳо аъзои ҳизб бо иттиҳоми "терроризм" ба беш аз 16 соли зиндон маҳкум шуданд ва ё ҳукми абад гирифтанд.

Зайд Саидов ба 29 сол маҳкум шудааст
Зайд Саидов ба 29 сол маҳкум шудааст

Парвандаҳои сиёсӣ = фармоишӣ

Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, муҳокимаи нави додгоҳӣ зидди шахсе, ки аллакай ҳукми тӯлонии зиндон гирифтааст ва аз рӯи иттиҳоми сиёсӣ маҳкум шудааст, ба он маъност, ки айбномаҳои нав бар асоси фармоишҳои хусусӣ ва ё гурӯҳӣ анҷом мешаванд.

“Агар доираҳои махсус манфиатдор набошанд ва ё супориш дарёфт накарда бошанд ва ё ашхоси алоҳида манфиатдор набошад, барои боз кардани айбнома ҳаракате сурат намегирад.” Ҷаноби Зоиров мегӯяд, аз рӯи он ки ҷониби даъвогар дар мурофиа кист, мешавад хулоса баровард, ки чӣ нафаре ба ин баҳс манфиатдор аст.

Силсилаи парвандаҳо алайи як нафар ва ҳукми тӯлонии зиндон соли 2013 нисбати соҳибкори шинохта Зайд Саидов дар ҳоле боз шуданд, ки ӯ ба таъсиси як ҳизби сиёсӣ иқдом кард. Мақомот ӯро боздошт ва бо иттиҳоми ҷиноятҳои иқтисодӣ, "сӯиистифода аз мақом" ва "таҷовуз ба номус", ба 29 соли зиндон маҳкум карданд. Саидов ҳеҷ гоҳ ин гуноҳҳоро эътироф накардааст ва борҳо гуфтааст, ки ҳавои таъсиси ҳизб ӯро ба душмани ҳукумат табдил дод ва даҳсолаҳо ба зиндон бурд.

Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров

Мухолифони ҳукмҳои тӯлонии зиндон аз паёмади ин тасмимҳо ҳам барои обрӯи кишвар ва ҳам эътимоди мардум ба волоияти қонун ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд ин қазияҳои шикофи байни мардум ва ҳукуматро бештар мекунад. Онҳо ҳукмҳои тӯлониро баробар ба ҳабси абад медонанд ва мегӯянд, ки агар ҳукми эъдом дар Тоҷикистон маратория намешуд, эҳтимолан аксари маҳкумшудаҳо дар "парвандаи наҳзатиҳо" ва вакилони онҳо ҳукми эъдом мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG