Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби манзилҳо: Аз Зайнабобод то Қӯштеппа


Пажӯҳише дар занҷираи сабабу пайомад, масъулон ва осебдидагони тақсими замин барои манзил.

Чеҳраи ғамзада ва афсурдаи онҳое, ки бо эътироз аз тахриби манзилашон гоҳу бегоҳ дар назди қасри ҳукумат ҷамъ меоянд, раҳми бисёриҳоро меорад, вале бахше аз мардум бо нидоҳои “самострой!” даст меафшонанду мегузаранд.

Чунин ҳолро сокинони Душанбе метавонистанд, рӯзи
Амали худсаронаи ҷамоатҳо боиси печидагӣ дар масъалаи тақсими қитъаҳои замин шуд...
21-уми феврал дар маркази шаҳр, ҳангоми таҷаммӯи аҳли Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба додхоҳӣ омада буданд, мушоҳида кунанд.

Ба назар мерасад, ки чунин рӯйдодҳо муддатест ҳар сари чанд вақт иттифоқ меафтад ва бинандагонро ба тарафдору мухолиф ҷудо мекунанд.

СИЛСИЛАИ ҲАВОДИСИ ҲАМСОН

Бисёриҳо кашокашҳои марбут ба мавзеи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро хуб дар хотир доранд. Тирамоҳи соли 2007 зиёда аз 400 хонавода дар ин ҷо аз маскан маҳрум шуданд. Дар ҳоле ки онҳо ҳамаи асноди манзилҳои худро дар даст доштанд, Додситони кулли Тоҷикистон 20-уми июни соли 2007 амре содир карда, ин хонаҳоро ғайриқонунӣ донист.

Ҳамин гуна сарнавишт бар сари сокинони маҳаллаҳои Буни Ҳисроак ё “Семзавод” ва Қулписта афтод. Ин рӯйдодҳо ба он сабаб хотирмон буданд, ки теъдоди зиёди одамон дар онҳо дахил буданд ва эътирозҳо то назди қасри раисиҷумҳур кашонда мешуду матбуот низ ба ин рӯйдодҳо таваҷҷӯҳ мекард. Вале оилаҳои ҷудогона, монанди сокини Заркамари Файзобод, Атовулло Рақибов низ ба чунин моҷароҳо афтодаанд.

Пурсиши аслие, ки аз ҳамаи ин рӯйдоҳо пеш меояд, ин аст, ки оё манзилу маскани мазкур дар воқеъ қонунӣ буду дертар “ғайриқонунӣ” гашт ва ё аз ибтидо ҷурми мардум буд, ки худсарона хона сохтанд.

Масалан, чаро агар панҷ сол қабл заминҳо барои сохтмони манзилҳои зист бо санаду имзои идораҳои ҷамоатҳои навоҳии кишвар ба мардум дода шудааст, имрӯз мақомоти интизомӣ меоянду хонаҳоро вайрон мекунанд?

ПОЙДЕВОРИ МАСЪАЛА

Бино ба иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон тайи панҷ соли ахир бахши умдаи баҳсҳои додгоҳӣ марбут ба тақсими нодурусти замин ва сохтмони манзилҳо мебошад. Вале дар ин муассиса гуфта натавонистанд, ки оё бештар шаҳрвадони одӣ муҷрим дониста шуданд ё мансабдорони сатҳи гуногуни давлат. Ҳадс ин аст, ки шумораи мансабдорони маҳкумшуда ангуштшумор аст.

Тахриби манзилҳои зист дар Қуштеппа
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00


Мувофиқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар баъзе аз мавридҳо масъулони ҷамоатҳо ва идораҳои тақсими замини ҳукуматҳои навоҳӣ бо истифода аз мақоми хеш ба таври ғайриқоунӣ замин тақми кардаанд ва ё ба забони ошкоро гуфта шавад, заминҳоро фурӯхта, ришваситонӣ кардаанд.

Сокинони Қӯштеппа дар даст сертификат ва иҷозатномаи мақомоти аршади ҳукумати кишварро
доштанд ва мегуфтанд, ки заминҳоро қонунӣ харида ва қонунх хона бунёд кардаанд. Аммо мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, ки ин манзилҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд ва ба ҳамин далел бахши аъзами ин манзилҳоро тахриб кардаанд.

Чунин вазъият даҳҳо сокини шаҳраки «Якуми май»-и ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакиро водор кардааст, ки барои рӯшан намудани иллатҳои аслӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат кунанд. Онҳо мехоҳанд, рӯшан кунанд, ки асли мушкил аз куҷо маншаъ мегирад ва кӣ он пойдевореро гузошт, ки имрӯз ба фурӯпошии манзили онҳо сабаб гардид.

ХИШТИ АВВАЛ

Барои рӯшан кардани масъала, бояд дид, ки аслан заминҳоро барои бунёди манзил кӣ ва аз рӯи кадом меъёр тақсим мекунад.

Мудири корхонаи воҳиди давлатии “Марказ–Замин”, Акрам Қаҳҳоров мегӯяд: «Дар соли 1999 барои иваз намудани ҳуҷҷатҳои замони шӯравӣ дар масъалаи тақсими замин ва мутобиқ ба шароити ҷадиди қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон қароре содир шуд, ки мувофиқи он масъалаи тақсими қитъаҳои замин ба дӯши масъулони идораи ҷамоатҳо дар навоҳӣ гузошта шуд. Ҷамоатҳо қитъаи заминро мушаххас ва қарори тақсими заминро содир мекарданд ва онро дар нақша ворид менамуданд. Ин амали худсаронаи ҷамоатҳо боиси печидагӣ дар масъалаи тақсими қитъаҳои замин шуд. Онҳо сертификату асноди лозимаро низ медодаанд. Ана барои чӣ соҳибони ин қитъаҳо мегӯянд, ки мо сертификат ва ҳамаи асноди лозимаро дорем.»

Дар ҳоле ки ҷамоатҳо ҳамчун сохторҳои маҳаллии давлат ва ба намояндагӣ аз ҳукумат ин қитъаҳоро ба аҳолӣ додаанд, чаро худи аҳолӣ акнун муттаҳам ба бунёди манзилҳои ғайриқонунӣ мешавад? Ба ин пурсиш касе посухи рӯшану ошкор дода наметавонад. Танҳо инро далел меоранд, ки ба мардум барои бунёди маскан заминҳои обӣ дода шудааст, ки хилфои қонун аст.

ИФШОГАРИҲОИ КУМИССЮН

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2008 як кумиссюни махсус амалкарди масъулони ҷамоатҳоро тафтиш ва иштибоҳу ҷиноятҳоеро ошкор кард. Дар натиҷа даҳҳо корманди ҷамоатҳо ба додгоҳ кашида шуданд. Аммо ҳукмҳои додгоҳ онҳоеро, ки аз манзилҳои бо машаққат сохтаашон маҳрум гаштанд, қонеъ намекунанд.

Моҳи майи соли 2008 раиси пешини корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рудакӣ, Ҳасан Азимов, аз ҷумла бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин дар Зайнабобод ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Ин шасхе буд, ки ба 400 хонавода дар ҳудуди фабрикаи собиқ замин фурӯхтааст. Дар ин парванда кормандони ҷамоат муттаҳам нашуданд.

Бо вуҷуди ин парвандаҳо, ҳанӯз ҳам баҳсу кашокашҳои замину манзил сар мезананд, ки нишон медиҳад, фасодкорӣ ва қаллобиҳо

Дар тақсими замин идома дорад. Натиҷаи асосӣ ин аст, ки тақсими замин ва бунёди маскан аз тарафи ягон ниҳоди муайяни давлатӣ ба таври мутамарказ зери назорат нест ва ин раванд назму тартиби шаффофу дақиқ надорд.

МУШКИЛ ҲАЛ МЕШАВАД?

Сокини мавзеи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, Тухтахон Саъдуллобекова мепурсад, ки чаро мақомоти дахлдор онҳоро саривақт аз қонунӣ набудани тақсими замин барои онҳо огоҳ накардаанд. Вай мегӯяд: «Охир дар соли 2006 маро замине доданд, ки аз ҳисоби заминҳои обӣ хориҷ шудааст. Ман он қитъаро ба ду фарзандам ва духтарам додам, ки хона созанд. Онҳо бо чӣ заҳматҳое манзил карданд ана дирӯз ҳамааш ба хок яксон шуд.”

Пас аз афзоиши бебандубориҳо дар масъалаи таъсими қитъаҳои замин ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд ба Кодекси замин тағйир ворид кунад ва салоҳияти тақсими заминро аз ҷамотҳо бигирад. Мувофиқи ин қарор дар ҳукуматҳои ноҳия кумисюнҳои ҷамъиятӣ бо сарварии муовини раиси ноҳия ташкил дода шуд, ки заминро бо санадҳои дақиқ ба ниёзманд медиҳад.

Акрам Қаҳҳоров, мудири корхонаи воҳиди давлатии “Марказ –Замин” мегӯяд: «Бино ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон акнун тақсими замин шафофтар сурат мегирад, ба таври расмӣ ва кушод, дар пешин чашми аъзои кумиссиюни ҷаъиятӣ.”

СУОЛИ АСОСӢ

Аммо як суоли дигар ҳамчунон боқӣ мемонад. Онҳое, ки қурбони қарорҳои пешина шудаанд бояд чӣ кор кунанд, ин қарорҳоро ҳам ҳукумати кишвар содир кардааст ва иҷрои он бар дӯши ҷамоатҳо, ки ниҳодҳои ҳукуматӣ маҳсуб мешванд, гузошта шуда буд.

Ҳуқуқдони тоҷик, Абдуқаюм Юсуфӣ, мегӯяд, ки дар ин ҷо мардум гуноҳ надоранд, зеро ба қарорҳои давлат бовар намуда, пас аз иҷозаи расмӣ даст ба сохтмон задаанд. Вай меафзояд: «Агар дар ҳолате ки ин манзилҳо ғайриқоунунӣ сохта шудаанд, чаро шахсони масабдоре, ки ин корҳоро анҷом додаанд, чунин қарорҳоро қабул кардаанд?Акнун имрӯз ҷуброни зарару оворагӣ ва сарсонии мадумро кӣ хоҳад пардохт?Аз буҷаи давлат пардохта мешавад ва аз ҳисоби афроди масъуле, ки ба ин амалҳо даст задданд?»

Бо ин ҳамин суол мо ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва ҳукуматҳои навоҳӣ ва идораҳои ҷамоатҳои маҳаллӣ ва ба Кумтаи давлатии замин муроҷиат намудем, аммо онҳо посухи дақиқ надоданд, ки зарари молии мардумро кадом ниҳод ё мақом ҷуброн хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG