Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӯпондухтарони Мӯъминобод


Занҳои чӯпон мегӯянд, ки бо иродаи мардона даҳҳо сар гӯсфандонро аз даррандаҳои кӯҳӣ наҷот дода ва дар нигоҳубини чорво саҳми фаъол мегиранд.

Занҳои чӯпон мегӯянд, ки онҳо аз хурдӣ касби чӯпониро аз худ кардаанд ва чун чӯпонҳои мард қодир ҳастанд, ки бо даррандаҳои кӯҳӣ низ даст ба гиребон шаванд. Фирӯзаи Тағаймурод, ки 24 сол дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, муддати 5 сол мешавад мустақилона ба чӯпонӣ машғул аст, ва дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо гургҳо ҳамеша даст ба гиребон мешавад.

Хонум Фирӯза афзуд, "Мо дар кооперативи истеҳсолии зотпарварии Тебалай, ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод кор мекунем, 400 сомонӣ маош мегирем ва ҳудудии 200 сар чорвои ин кооператив ва 200 сар чорвои шахсии худро нигоҳубин мекунем. Агар гирем занҳои шаҳрӣ як баҳорро пушти сар кунанд ман се баҳорро пушти сар мекунам. Ҳоло баҳор дар Олимтой, аз моҳи дигар баҳори Шӯрообод ҳамин хел то Дарвоз рафта мерасем ва дар тирамоҳ боз ба кашари Олимтой бармегардем".

Сафари чӯпондухтарон бо ҳамроҳии шавҳар ёхешони наздик дар аввалҳои моҳи апрел аз мавзеи Олимтой оғоз ёфта, то Дарвоз рафта мерасанд. Онҳо маъмулан бо худ панелҳои хурди офтобӣ ва як радиои дастиро мегиранд. Замоне хаста шуданд бо гӯш кардани радио хастагии мебароранд.

Моҳира Одинаева, чӯпонзани дигар мегӯяд, дар хонаводаи чӯпон ба воя расидааст ва ӯ чанди ҷавони шаҳриро, ки ба ӯ хостгор шуда буданд, рад карда ва бо ҷавони чӯпон издивоҷ кардааст.

"Писарам дар роҳ ба дунё омад. Ҳоло ӯ сесола аст, аллакай аспсавориро омӯхтааст. Худи ман бемалол дар асп нишаста ба нигоҳубини гусфандон машғул мешавам. зинадгиамон хуш мегузарад"--гуфт Моҳира Одинаева.

Мушоҳидаи се баҳор дар як фасл
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Дар замони шӯравӣ дар кооперативи истеҳсолии зотпарварии Тебалай, ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод 60 нафар чӯпонҳо фаъолият доштанд, ки ҳудуди 45-50 нафари онҳоро занҳои чӯпон ташкил медод. ба дунболи фурӯпошии шӯравӣ теъдоди занҳои чӯпон низ кам шуд. Аммо ҳоло ин кооператив дубора занҳои чӯпонро кор ҷалб мекунад. Абдулҳафиз Қурбонов, сардори ин кооператив ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло 30 нафари чӯпонҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҷаноби Қурбонов афзуд, ки барои он занонро чупон таин карданд, ки ҳеҷгоҳ коперативро фиреб ва чорвои онро ба яғмо набурдааст. Ӯ мегӯяд, ки аз чупонҳои мардҳо дида чупонҳои зан бештар пеш сафанд. Зимнан занҳои чупон низ ҳангоми сафар кӯдакони худро ҳамроҳ мегиранд, то ба шароити роҳ ва нигоҳубини гуфандон ошно шаванд, то дар оянда касби авлодиро аз даст надиҳанд. Аммо дар баробари мардон ҳангоми сафар беҳтарин муҳофиз барои ин занҳо сагҳояшон ба шумор меравад, ки ҳеҷгоҳ занҳоро замони сафар танҳо намегузоранд ва кассе намемонанд, ки назди чорво ё занҳо шавад.

XS
SM
MD
LG