Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 ҳазор “ташнаи” ҷои кор дар Суғд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, дар ин минтақа 11 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор сабт шуда, дар пайи баргузории ярмарка танҳо 169 нафарашон барои худ ҷойи кори муносиб ёфтаанд.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки дар минтақаи шимоли кишвар расман ёздаҳ ҳазор нафар ба ҳайси афроди бекор сабт шуда, дар ярмаркаи рӯзи 17 май 169 нафарашон барои худ ҷои кор ёфтаанд. Ин ярмака дар наздикии бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд баргузор шуда, дар маҷмуъ, 1700 ҷои холии корӣ пешниҳод шуда буд.

Абурайҳон Абдураззоқов, сармутахассиси Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолии Суғд, ба Озодӣ гуфт, беш аз 200 корхонаву муассисаҳои 10 шаҳру ноҳияи вилоят дар ин ярмарка барои худ коргар ҷустаанд. “Ин ҷойҳо бо маоши аз 250 то 1500 сомонӣ пешниҳод шуданд. Моҳонаи паст барои фаррошони бахшҳои маорифу тандурустӣ буданд. Маоши баландтарин то 1500 сомониро як ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) пешниҳод кард,” – афзуд ӯ.

Инчунин, 60 нафар ва умдатан занон барои омӯзиши касбу корҳои нав, аз ҷумла дӯзандагӣ ва қолину атласу адрасбофӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати омузишӣ ҷалб карда шудаанд. Вале чаро аз 1700 ҷойи кории пешниҳодшуда танҳо каме бештар аз 160 ҷои кор барои худ соҳиб пайдо кард? Дар посух ба ин суол Абдурайҳон Абдураззоқов гуфт, бархеро камии моҳона дилсард карда ва бархе корҳои баландмаош мутахассис пайдо накардааст.

Ӯ афзуд: “Ба ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои саноатӣ бо моҳонаҳои баланд коргарони соҳибихтисос, масалан, инженер – механикҳо ва геологҳо зарур ҳастанд. Аммо корҷӯёни соҳиби маълумоти олӣ асосан ё муаллим ҳастанд, ё табиб.”

Қисми асосии сокинони қобили кори Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Суғд ҳамасола барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд ва дар он кишвар кореву бурдаи ноне барои аҳли хонаводаи худ пайдо мекунанд. Бар пояи маълумоти расмӣ, соли гузашта ҳудуди 200 ҳазор сокини Суғд барои мардикорӣ ба Русия рафтаанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро бештар медонанд.

Ба гуфти Абурайҳон Абдураззоқов, бештари корҷӯён дар ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар Хуҷанд низ довталабони корҳои одии ба истилоҳ “сиёҳ” ва устоҳову сохтмончиён ҳастанд, ки ихтисосҳои баланд ва диплом надоранд. Як қисми онҳо муҳоҷирони кории аз Русия ихроҷшуда ё собиқ муҳоҷироне ҳастанд, ки мушкилоти сафару тартиби будубош онҳоро аз сафар ба Русия боздоштааст ва ҳоло дар ватан кори доимӣ меҷӯянд.

Соҳиб Қурбонови 25-сола аз ҷумлаи чунин афрод аст. Ӯ мегӯяд, ихтисосаш таъмири манзил ба усули аврупоист, аммо диплом ё шаҳодатнома надорад. Соҳиб афзуд, дар ярмаркаи рӯзи 17 май барои ронандагӣ як кор ёфтааст ва маошаш якуним ҳазор сомонӣ баробар аст. “Умед дорам, ки аз миёни довталабон ин ҷои корӣ насиби ман хоҳад шуд,” – гуфт ӯ.

Солҳои охир дар пайи ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ва худдории қисмате аз бекорон аз сафар ба он кишвар теъдоди бекорон дар Тоҷикистон, аз ҷумла қисмати шимолии он рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Таҳдидҳои мақомоти мухталифи Русия дар ин авохир дар мавриди ҷорӣ намудани раводид барои шаҳрвандони Осиёи Миёна ва мушаххасан тоҷикону узбакҳо низ бархе муҳоҷирони собиқро аз сафар ба Русия бозмедорад.

Суоли матраҳ ин аст, ки дар сурати ҷорӣ шудани виза барои сафар ба Русия ва дар ватан мондани қисмати умдаи муҳоҷирони корӣ оё мақомоти кишвар, аз ҷумла Суғд барои таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ барномаи мушахассе дар даст доранд? Мақомоти Суғд дар мегӯянд, як барноми мушаххас рӯи даст нест, вале аз мушкил огоҳнд ва барои таъмини бекорон бо ҷойҳои корӣ дар ватан талош доранд. Бино ба ииттилои расмӣ, тӯли 10 соли охир дар вилояти Суғд беш аз 50 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам карда шудааст.

Ҳамчунин, ҳар сол Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолии Суғд ба бекороне, ки ба соҳибкорӣ машғул шаванд, аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ барои 1 сол қарзҳои бефоиз медиҳад. Вале ярмаркаи ҷойҳои аҳолии корӣ дар Хуҷанд рӯзи 17 май бори дигар нишон дод, ки барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ бо маоши паст камтар касони бекор майл ва алоқамандӣ нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG