Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳанс Тиммер: Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бекор мемонанд


Коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ, Ҳанс Тиммер мегӯяд, ки иқтисоди Русия дар ду соли оянда низ аз бӯҳрон халос намешавад.

Ҳанс Тиммер, иқтисоддони аршади Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки бинобар рукуди иқтисоди Русия ва кам шудани корҳои сохтмонӣ, ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар он кишвар ҷои кори худро аз даст медиҳанд. Коҳиши иқтисоди Русия қабл аз ҳама ба кишварҳое таъсир мекунад, ки иқтисоди онҳо пойбанди пули муҳоҷирон аст. Ҳанс Тиммер дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия имсол на танҳо рушд накард, балки ҳудуди чор дарсад кам шуд.

Ҳанс Тиммер: "Русия ҳоло дар вазъияти хеле душвор қарор дорад. Зеро даромадҳое, ки ин кишвар аз фурӯши нафт ба даст меовард, коҳиш ёфт. Дар пайи ин корҳои сохтмонӣ ҳам аз рушд бозмонд. Албатта, ин вазъият дар Русия ба дигар кишварҳо, мисли Тоҷикистон ҳам бетаъсир намемонад. Чунки бахши аъзами муҳоҷирони кории тоҷик маҳз дар бахши сохтмон кор мекунанд. Дар натиҷаи аз рушд бозмондани соҳаи сохтмон, бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик ҷои кории худро аз даст медиҳанд ва ҳамзамон интиқоли пули муҳоҷирон низ ба ватан коҳиш меёбад."

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Тиммер, бинобар арзёбиҳои дафтари Бонки ҷаҳонӣ даромади аксар хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ аст. Ин шабу рӯз бисёре аз муҳоҷирони ба ин суол посух меҷӯянд, ки иқтисоди Русия кай метавонад ба худ биёяд? Оё Шумо ба истилоҳ "рӯшноие дар охири ин нақб" мебинед?

Ҳанс Тиммер: "Дар робита ба ин хабари хуше ба Шумо гуфта наметавонам. Чунки нархи нафт аз шоке, ки ҳоло аз сар мегузаронад, дар ояндаи наздик берун намешавад. Нархи нафт боз ҳам арзон хоҳад шуд ва мутаносибан аз иқтисоди Русия низ дар ду соли оянда рушдеро набояд интизор шуд. Он рӯшноие, ки Шумо дар охири нақб интизоред, яъне боло рафтани қимати нафт ва тақвияти иқтисоди Русия, махсусан рушди чашмраси соҳаи сохтмон дар ин кишвар, ҳадди ақалл то ду соли дигар ғайриимкон аст. Вазъият ба он шакле, ки ду соли пеш буд, дигар барнамегардад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон ҳукумат бояд дар пайи таъсиси ҷойҳои нави корӣ шавад ва муҳоҷирони бозгаштаро бо кор таъмин кунад. Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони бозгашта мешавад дар арсаҳои кишоварзӣ ва саноати сабук ҷойҳои нави корӣ эҷод кард."

Радиои Озодӣ: Шумо дарсади коҳиши пули муҳоҷиронро дар ояндаи наздик чӣ қадар арзёбӣ мекунад?

Ҳанс Тиммер: "Гап дар сари ин аст, ки ҳаҷми пулҳои муҳоҷирон бо рубл чандон тағйир наёфтааст. Агар ба ҳисоби рубл гирем, онҳо тақрибан ҳамон пулеро, ки қаблан мефиристоданд, ҳоло низ ба хонаводаҳояшон мефиристанд. Аммо аз сабаби коҳиши қурби якбораи рубл дар баробари доллар, агар ин пулҳоро ба ҳисоби доллар гардонем, коҳиши чашмрасро мебинем. Лекин бӯҳроне, ки ба миён омад, барои Тоҷикистон шонси хуберо низ фароҳам овард. Чунки бо коҳиш ёфтани қурби рубл он даромаде, ки муҳоҷирон дар Русия мегиранд, ҳамакнун барояшон чандон ҳавасмандкунанда нест. Бинобар ин, дар Тоҷикистон соҳае, ки ба қувваи кории арзон ниёз дорад, метавонад бо истифода аз нерӯи муҳоҷирон рушд кунад, ба мисли кишоварзӣ ва саноати сабук. Агар сиёсати дуруст дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, имкон дорад муҳоҷирони зиёдеро бозгардонд ва бо кор таъмин кард."

Коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ: Муҳоҷирон кори худро аз даст медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

XS
SM
MD
LG