Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик: Гузориши Бонки ҷаҳонӣ "ғайривоқеӣ" аст


Бар асоси таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, танҳо ҳудуди 43 дарсади сокинони қобили меҳнати Тоҷикистон ва ё аз ду - як нафар бо кор таъмин буда, барномаҳои давлати ин кишвар дар ҳалли мушкили бекорӣ чандон муваффақ набудааст. Аммо масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин арзёбиро воқеъбинона намедонанд ва мегӯянд, ки дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ тадбирҳои давлати ин кишвар барои ҳалли мушкили бекорӣ нодида гирифта шудааст.

Баҳсе, ки рӯзи 14 феврал дар Душанбе дар нишасти мақомот ва коршиносони иқтисодӣ доир шуд, доғ будани масъалаи бекорӣ дар Тоҷикистон ва зарурати роҳандозии ислоҳоти усулиро дар ин замина ба намоиш гузошт.

Виктория Строкова, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Муҳаммад Эшон Аҷвод, муҳаққиқи ин бонк гузориши “Ташхиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон: Барномаи стратегии ташкили ҷойҳои нави корӣ”-ро муаррифӣ намуд, гуфт, дар ҳоле, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон солона ҳудуди 7 дарсадро ташкил медиҳад, вале афзоиши сатҳи шуғл танҳо ба 2 дарсад баробар будааст. Муҳаққиқони Бонки ҷаҳонӣ ҷавонон ва занонро қишри осебпазир аз назари бешуғлӣ арзёбӣ карда гуфтанд, ки мутаносибан танҳо 40 ва 27 дарсади онҳо бо кор таъмин ҳастанд.

Бар асоси таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, танҳо ҳудуди 43 дарсади сокинони қобили меҳнати Тоҷикистон ва ё аз ду - як нафар бо кор таъмин буда, барномаҳои давлати ин кишвар дар ҳалли мушкили бекорӣ чандон муваффақ набудааст.

Виктория Строкова гуфт, аз соли 2000 то ба ҳол давлати Тоҷикистон бо интиқоли нерӯи корӣ ба хориҷи кишвар, бахусус, Русия иктифо карда, барои эҷоди ҷойҳои кор дар дохили кишвар чораҳои зарурӣ наандешидааст ва бештари барномаҳои давлатӣ дар ин замина иҷро нашудаанд. Аз ҷумла, гуфт ӯ, як бахши муҳими “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015”, ки коркарди бахши аслии нахи пахта ва алюминиюмро дар дохили Тоҷикистон ба роҳ мемонд ва ба ин васила то андозае мушкили бекориро ҳал мекард, дар рӯи коғаз монд. Ба эътиқоди иқтисоддонҳо, ҳатто дар сурати коркарди ними ашёи хом дар дохили кишвар, ба будҷаи Тоҷикистон миллионҳо доллар ворид шуда ва садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мешуд.

Виктория Строкова
Виктория Строкова

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиддан коҳиш ёфта ва мизони содироти мол низ поин рафтааст. Ин вазъ ба бозори кории Тоҷикистон ва афзоиши мизони бекорӣ асар гузоштааст.

Виктория Строкова фароҳам сохтани шароит барои рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро аз роҳҳои аслии эҷоди ҷойҳои навӣ корӣ ва ғанисозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар бахши хусусӣ танҳо 13 дарсади аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунанд, ки ин рақам на танҳо дар муқоиса ба кишварҳои пешрафтаи Аврупо, балки дар сатҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ пасттарин ҳисоб меёбад.

“Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ бозгӯи воқеъияти Тоҷикистон нест”

Масъулони давлати Тоҷикистон аз гузориши марбут ба ташхиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон норозӣ шуданд. Аз ҷумла, онҳо ин арзёбиҳоро ҳамчун “ғайривоқеӣ” интиқод карданд. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки дар маросими муаррифии ин гузориш ҳузур дошт, гуфт: “Вақте ин гузоришро хондам, фикр кардам сухан дар бораи на Тоҷикистон, балки кишвари дигар меравад. Бештари рақамҳо аз манобеи мухталифи Бонки Ҷаҳонӣ гирифта шудааст. Гӯё ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ кореро анҷом намедиҳад. Маълумоти мавҷуда танҳо ҷанбаи манфӣ дорад”.

Умед Давлатзод.
Умед Давлатзод.

Давлатзод гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкили бекорӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мусоидати молии Бонки Осиёии Рушд ба навсозии бахши омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ оғоз кардааст. Зеро ҳукумати Тоҷикистон дарк кардааст, ки бидуни кадрҳои боихтисос, пайдо кардани кори муносиб дар бозор душвор аст.

Умеди Давлатзод гуфт, дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ интиқод зиёд буда, аммо пешниҳодҳои созанда барои ҳалли мушкили бекорӣ хеле каманд ва тавсияҳои бонк низ тоза набуда, онҳо аз солҳои 2007 то ба ҳол такрор мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар гузориш бояд вазъи феълии шуғл ва роҳҳои ҳалли мушкили бекорӣ дар кишвар ба таври мушаххас ироа шаванд.

Нӯъмон Абдуғаффорзода, раҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ низ таъкид кард, ки дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дастовардҳои ахири Тоҷикистон дар ҷалби сармоя ва бунёди корхонаҳои саноатӣ таҷассум наёфтаанд. Вай ба унвони мисол аз бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 10 корхонаи бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта ёдовар шуд, ки ҳазинаи умумии онҳо 8,4 миллиард сомониро ташкил медиҳанд.

Чаро бахши хусусӣ рушд намекунад?

Қаҳрамон Бақозода.
Қаҳрамон Бақозода.

Ба ҳангоми баррасии гузориши Бонки Ҷаҳонӣ муҳокимаи боз ва гоҳо тунд сурат гирифт. Аксари мунаққидон гуфтанд, андозҳои хеле зиёд, маҳдудиятҳо барои дастрасӣ ба манобеи молӣ ва фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ, ки аз 36 то 50 дарсадро ташкил медиҳанд, барои тавсеаи бахши хусусӣ имконият намедиҳад. Ба эътиқоди Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази таҳқиқотии “Зеркало”, дар Тоҷикистон барои рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам нашудааст. "Фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон хуб нест, аз ин хотир соҳибкорон дар фикри рушду пешрафти тиҷорати худ нестанд. Онҳое, ки кор мекунанд, талош мекунанд дар мавқеи "як соҳибкори инфиродӣ" кор кунанд. Онҳо мегӯянд, дар шароити феълӣ манфиатдор нестанд, ки аз зинаи хурди соҳибкорӣ ба сатҳи баландтари рушд баланд шаванд. Ин фазо ба рушди соҳа, мудирияти тиҷорат, мудирияти кадрҳо ва омодасозии мутахассисони дараҷаи захираҳои инсонӣ (Human resources) мусоид нест". Илова ба ин, ба гуфтаи ӯ, донишгоҳҳои ватанӣ тавони таълим ва тарбияи мутахассисони соҳибихтисос ва ҷавобгӯ ба тақозои бозорро надоранд ва ин масъала хоси на танҳо бахши соҳибкорӣ, балки дигар соҳаҳо ҳам ҳаст.Ҳамчунин, ба гуфтаи соҳибкорони тоҷик, бори гарони андоз дар Тоҷикистон дар гардани истеҳсолкунандагони мол аст. Масалан, устоҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки муаррифгари Тоҷикистон дар хориҷа ҳисоб меёбад, барои маҳсулоти худ андози зиёд месупоранд. Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагони ин маҳсулот аз андоз озод ҳастанд. Ин вазъ метавонад ба таназзули ин бахши муҳим оварда расонад.

Самтҳои алтернативии муҳоҷират: Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ...

Дар гузориши “Ташхиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон: Барномаи стратегии ташкили ҷойҳои нави корӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Кореяи Ҷанубӣ аз самтҳои алтернативӣ барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон унвон шудааст. Гуфта мешавад, ба ин васила Тоҷикистон аз вобастагии Русия, ки ҳамеша аз ҳузури садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар қаламрави худ ба ҳайси фишор болои Тоҷикистон истифода мекунад, раҳо хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, барои расидан ба ин ҳадаф нахуст бояд Коллеҷу омӯзишгоҳҳои техникӣ кадрҳои соҳибихтисос, ки дар бозори корӣ харидор дорад, омода кунанд. Дар акси ҳол муҳоҷирони тоҷик тибқи маъмул танҳо дар Русия ва Қазоқистон ба корҳои сиёҳу каммузд машғул хоҳанд шуд.

Тибқи дурнамои ҳукумати Тоҷикистон, то соли 2030 ҷамъияти ин кишвар ба 11,5 миллион нафар баробар мешавад ва ин воқеият шиддати кор ва даромадро дар кишвар боз ҳам бештар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG