Як сарҳанг ё полковники собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия дар Украина меҷангид, нопадид шудааст.
Маҳмадҷон Бозоров, машҳур бо лақаби "Маҳмади Вандам", то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард. Дертар бо хонаводааш ба Русия рафтааст.
Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре бо акси Маҳмадҷон Бозоров нашр шуд. Муаллифон иддао карданд, ки ӯ дар майдони ҷанг дар Украина кушта шудааст. Наздиконаш хабарро тасдиқ ё рад накарда, аммо гуфтанд, ки ним моҳ боз аз ӯ дарак надоранд.
Бародараш, Сафар Бозоров, рӯзи 21-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо фармондеҳи Маҳмадҷон Бозоров тамос гирифтанд ва ӯ барои дақиқ кардани маълумот "ду-се рӯз" фурсат хостааст.
Ба қавли пайвандонаш, Маҳмадҷон Бозоров ҳафт сол пеш бо ҳафт фарзанд ба Русия рафта, шаҳрвандии ин кишварро гирифт ва дар онҷо ба фаъолиятҳои низомӣ идома дод.
Ӯ то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард ва рутбаи полковникӣ дошт. Соли 2015 ӯро дар Тоҷикистон ба "авбошӣ" гунаҳкор кардаанд. Тафсилоташ дастрас нест.
То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст. Касоне, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд; зиндонӣ буданд; маҷбурӣ ва ё бо шарти осон гирифтани шаҳрвандӣ ба майдони ҷанг дар Украина бурда шудаанд.
Дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон чанд нафар бо гуноҳи ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ҷазо гирифтанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.