Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли ҷанги Ғазза. Ҳазорон эътирозгар хостори қатъи ҷанг шуданд


Аз оғози ҷанг дар Ғазза як сол гузашт. Ҷанг дақиқан рӯзи ҳафтуми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ин рӯз гурӯҳи "Ҳамос" ба минтақаҳои гуногуни Исроил ҳамла кард ва ҳудуди 1200 нафарро кушт ва 240 тани дигарро гарав гирифт.

Пас аз ин, Исроил ба ҳамлаҳои густурдаи худ ба Навори Ғазза оғоз кард, ки то ҳол идома дорад.

Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, мегӯяд, ки дар як сол беш аз 41 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд. Ба гуфтаи ин вазорат, дар ин муддат беш аз 97 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳазорон тани дигар то ҳанӯз аз зери вайронаҳо берун оварда нашуданд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки дар як соли ҷанг дар навори Ғазза 1,9 миллион нафар маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуданд.

Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки ин кишвар дар ҳоли як ҷанги дарозмуддат аст ва дар як соли гузашта тавонистанд, ки шохаи низомии "Ҳамос"-ро саркӯб кунанд. "Ҳамос" ҳам мегӯянд, ки дар баробари Исроил истодагарӣ карда ва ба муқовимат идома медиҳад. Амрико "Ҳамос"-ро як гурӯҳи террористӣ медонад.

Ҳоло бо гузашти як сол, доманаи ҷанг аз Ғазза фаротар рафта ва ба Лубнон низ густариш ёфтааст. Дар пайи ҳамлаҳои ҳафтаҳои ахири Исроил ба Лубнон садҳо нафар кушта шуданд.

Аз ҷумла, раҳбари "Ҳизбуллоҳ" Ҳасан Насруллоҳ ду ҳафта қабл бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба Бейрун ҷон бохт. Дар ҳамлаи ҷангиёни "Ҳизбуллоҳ" дар чанд рузи ахир беш аз 20 сарбоз ва афсари исроилӣ кушта шуданд.

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" ба ҳадафи ҳимоят аз "Ҳамос" аз оғози ҷанги Ғазза ворили амалиёт алайҳи Исроил шуд. Ин боис шуд, ки Исроил ҳамлаҳои зиёдеро дар дохили хоки Лубнон анҷом диҳад.

Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро як созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии ин гурӯҳро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст, на шохаи низомии онро. "Ҳизбуллоҳ" дар порлумони Лубнон чанд курсиро дар ихтиёр дорад.

Давоми як соли ахир талошҳо барои барқарории оташбаси доимӣ ноком буд. Ҷонибҳо танҳо як бор ба оташбаси муваққатӣ тан доданд, ки бар асоси он шуморе аз асирони ҳарду ҷониб озод шуданд. Нақши миёнаравро дар ин муддат Қатар, Миср ҳамроҳ бо Амрико ба дӯш доштанд. Аммо зоҳиран талошҳои ҷонибҳо ба натиҷае нарасидааст.

Ҷанг дар Ғазза боиси эътирозҳо дар саросари ҷаҳон шуд. Аз ҷумла, ҳазорон нафар рӯзи гузашта ба ҳимоят аз фаластиниҳо дар шаҳрҳои гуногуни Туркия ҷамъ омаданд ва хостори барқарории оташбас дар Ғазза шуданд.

Ҳамчунин бар асоси гузориши хабаргузории "Рейтерз", эътирозгарон дар дигар шаҳрҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Порис, Ҷакарта ва Сидней рӯзи якшанбе ҷамъ омаданд ва хоҳони поёни ҷанги Ғазза шуданд.

Бархе аз эътирозгарон ҳамбастагиашонро бо Исроил ҳам иброз карданд.

Рӯзи шанбе ҳам шаҳрҳои Ню-Йорк, Лондон, Копенгаген, Порис ва Рим шоҳиди гирдиҳамоиҳои бузург ба муносибати яксолагии ҷанги Ғазза буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG