Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барнамегардам." Як зани 66-сола аз додгоҳ хостааст, ӯро аз шавҳараш ҷудо кунад


Ёдгорбӣ Собирова мехоҳад, пас аз 48 сол зиндагии якҷоя аз шавҳараш ҷудо шавад
Ёдгорбӣ Собирова мехоҳад, пас аз 48 сол зиндагии якҷоя аз шавҳараш ҷудо шавад

Дар як оила дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон моҷарои камсобиқае сар зад. Ёдгорбӣ Собироваи 66-сола мехоҳад, пас аз 48 сол зиндагии якҷоя аз шавҳараш ҷудо шавад ва ба додгоҳ ҳам муроҷиат кардааст. Онҳо ҳашт фарзанд доранд.

Собирова иддао дорад, ки шавҳар ва фарзандонаш ӯро заданд ва аз хона ронданд ва ӯ нуҳ моҳ боз дар манзили хешовандон қарор дорад. Ҷониби дигари баҳс баръакс занро гунаҳкор медонад.

“Ба суд хати ҷудошавиро додам. Гуфтам, ки аз рӯйи қонун бинед. Ман дигар ба он хона намеравам. 48 сол кор кардам. Ҳаққамро ҷудо карда диҳанд, ман дигар барнамегардам," – гуфт Ёдгорбӣ Собирова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аризаи Ёдгорбӣ Собироваро тасдиқ карда, вале гуфтанд, ки хоҳони бозгашти ӯ ба хона ва ба назди пайвандон ҳастанд. Ҳанӯз мурофиа баргузор нашудааст.

Ёдгорбӣ Собирова
Ёдгорбӣ Собирова


Фарзандон ва ҳамсари Ёдгорбӣ Собирова иддаои ӯро намепазиранд. Онҳо мегӯянд, модарро касе назад ва аз хона наронд.

“Мо он қадар бефаҳм шудаем, ки модарро мезанем ё аз хона пеш мекунем? Ҳеч вақт ин корро бо модарамон накардем. Худаш баромада рафт,” – гуфт Мавлонбӣ Қосимова, духтари Ёдгорбӣ.

Чӯпон Қосимов, шавҳари Ёдгорӣ Собирова, аз ӯ ситоиш кард: “Мо зиндагии ширин доштем. Зани ман дар деҳа чанд кӯдакро дастгирӣ карда буд. Дангича мекард, тақсим мекард. Намедонам ба ин зан чӣ шуд.”

Писараш даъво дорад, ки зан бемор аст ва шояд аз ҳамин сабаб чунин тасмим гирифтааст. Абдулфаёз Қосимов гуфт, “одами солим ин корро намекунад. Модари ман бемор аст. Ҳафт рӯз гум шуд, ӯро кофтем, ростӣ, худамон ҳам намедонем, ки чаро моро гузошту рафт.”

Мақомот мегӯянд, аз қазия огоҳ ҳастанд ва кӯшиш доранд, ки оила муттаҳид шавад. Саидамир Ҳикматзода, раиси ҷамоати Доғистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, “холаи Ёдгорбиро даъват кардем. Бояд ба ӯ фаҳмонем, ки оилаашро барқарор кунад. Мо тамоми талошро хоҳем кард.”

Ёдгорбӣ Собирова бо мошинҳои дӯзандагияш
Ёдгорбӣ Собирова бо мошинҳои дӯзандагияш


Ёдгорбӣ Собироваро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун зани боҳунар мешиносанд. Вай бо гранти президентӣ соҳиби чанд мошини дӯзандагӣ шуда, даҳҳо шогирдро тарбия кардааст. Аммо пас аз ин баҳс мошинаҳояш дар хонаи хоҳарзодааш истодаанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳазорҳо оила аз ҳам мепошанд. Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон, дар моҳи феврали имсол издивоҷи бармаҳал ва омода набудани духтаронро ба зиндагии мустақилона аз сабабҳои асосӣ номид. Вале қазияи Ёдгорбӣ Собирова камсобиқа аст, ки ҳоло ба додгоҳ кашида шудааст. Ҳам ӯ ва ҳам шавҳару фарзандонаш адолат мехоҳанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро Ёдгорбӣ Собирова мехоҳад аз шавҳару фарзандонаш ҷудо шавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00


XS
SM
MD
LG