Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Бузургмеҳр Ёров аз писараш дифоъ кард


Модари Бузургмеҳр Ёров, адвокати боздоштшуда мегӯяд, фарзандашро дар зоишгоҳи рақами аввали шаҳри Душанбе таваллуд карда ва санади тавалуди ӯ дар бойгонии ин сабт шудааст.

Ҳурӣ Исҳоқова, модари вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки мақомот ӯро ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми "тақаллубкорӣ" боздошт карданд, иттиҳоми алайҳи писарашро рад кард ва гуфт, ки фарзанди ӯ як инсони ботарбия ва росткор аст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта шарҳи ҳоли Бузургмеҳр Ёровро нашр кард ва навишт, ки Ёров корманди собиқи сохтори вазорати дохилӣ ва зодаи Узбакистон аст.

Аммо Ҳурӣ Исҳоқова, ки рӯзи 3-юми октябр бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки писараш Бузургмеҳр дар соли 1971 дар таваллудхонаи рақами аввали шаҳри Душанбе ба дунё омадааст ва санаи таваллуди ӯ дар бойгонии таваллудгоҳ сабт шудааст. Ӯ мегӯяд, вақте ки Бузургмеҳр таваллуд шуд, падараш Равшан Ёров, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар сафари корӣ қарор дошт.

Ҳурӣ Исҳоқова гуфт, “То таваллудхона маълумот надиҳад ба кӯдак шаҳодатномаи таваллуд намедиҳанд. Барои ҳамин архиви таваллудхонаи рақами аввалро бубинанд дар бораи рӯзи тавалуди Бузургмеҳр маълумоти дақиқ вуҷуд дорад ва ман фарзандамро на дар Ӯзбакистон, тавре Вазорати корҳои дохилӣ навиштаст, балки дар шаҳри Душанбе ба дунё овардаам”.

Модари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, писараш бегуноҳ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Аммо як намояндаи Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҷумаи ҳоли адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки таҳти унвони “Хислатномаи Ёров Бузургмеҳр Равшанович” ба нашр расидааст, бар асоси тарҷумаи ҳоли ӯ дар бойгонии вазорат омода шудааст.

Ӯ гуфт, ки маълумотнома ба ҳеҷ ваҷҳ нодуруст нест ва Бузургмеҳр Ёров, таввалудаш 9-уми июли соли 1971, зодаи ноҳияи Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст ва аз 1-уми июли соли 1993 бо фармони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиши шӯъбаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе тайин шуда буд.

Модари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки мақомоти Вазорати корҳои дохила аз ӯ шаҳодатномаи рӯзи тавалуди писрашро суроғ доранд, вале ин ҳуҷҷат гум шудааст ва беҳтар аст,ки ба бойгонии таваллудхонаи рақами аввал муроҷиат кунанд.

Ҳурӣ Исоқова айбҳоеро, ки мақомот ба Бузургмеҳр Ёров эълон кардаанд беасос хонд ва гуфт, ки фарзандаш як одами серкор буд ва вақти ришвахорӣ надошт.

“Ҳоло фаҳмидем, ки ӯро ба бисёрзанӣ айбдор карда истодаанд, ман бисёр хоҳиш мекунам писарамро азоб надиҳанд, чунки бегуноҳ аст”- гуфт Ҳурӣ Исҳоқова

Бузургмеҳр Ёров, ки ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ кумитае таъсис карда ва раёсати онро ба ӯҳда дошт, рӯзи 28 сентябри соли равон ба иттиҳоми “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилӣ боздошт шуд. Бузургмеҳр 9-уми июли соли 1971 дар ноҳияи Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Қабл аз фаъолияти адвокатӣ Бузургмеҳр Ёров, бино ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ҳайси муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе кор карда буд. Аммо, ба иттилои расмӣ,31 августи соли 1997, Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров “барои дағалона вайрон кардани меъёрҳои Қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва талаботҳои Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №82 аз 26.02.с.1993 «Дар бораи тартиби қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии ариза, иттилоот ва дигар маълумотҳо оид ба ҳодиса ва ҷиноятҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ», яъне ғайриқонунӣ баровардани қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ буда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани айбдоршаванда дар ҷинояти «одамкушӣ», парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шуд.

Бузургмеҳр Ёров дар чанд мурофиаи пурсару садои додгоҳӣ ширкат дошт ва ахиран дар баҳси Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти Тоҷикистон ва Бурҳон Абдуллоев, раиси зиндонии бозори “Ином” аз ахирӣ ҳимоят мекард.

Аз ҳабси Бузургмеҳр Ёров созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал изҳори ниграонӣ кард. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар бо пахши як баёния эълом дошт, ки эҳтимолан вакили дифои боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирад. Ба гуфтаи ин созмон, маъмулан дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири дарёфти иттилои зарурӣ аз афроди гумонбар аз шиканҷа ба таври фаровон истифода мешавад. Муаллифони баёнияи Amnesty International айбномаҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар қиболи Бузургмеҳр Ёровро дорои ангезаи сиёсӣ хонда, гуфтаанд, ки ин иттиҳомот ба манзури маҳдуд сохтани дастрасии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ба вакилони дифоъ” эъмол шудааст.

Ба гуфтаи ин созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, “ин як навъ ҳушдор ба вакилони дифои дигар аст, ки аз дифоъи ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ худдорӣ кунанд”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон алайҳи Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Рӯзи 16 сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз аъзои Раёсат ва фаъолони ҲНИТ бо айбномаи ҳамкорӣ бо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода боздошт шуда ва Бузургмеҳр Ёров бо дархости пайвандони ин афрод ба таври ройгон ба дифоъи боздоштшудагон иқдом карда буд.

XS
SM
MD
LG