Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Youtube дар Тоҷикистон дубора дастрас шуд


Торнамои Youtube, ки аз се моҳ ба ин тараф аз тариқи бархе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетӣ дар Тоҷикистон имконнопазир шуда буд, дубора фаъол шудааст.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани хадамоти дастраскунандагони интернет рӯзи 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи як санҷиши онҳо, шурӯъ аз 23-юми август дастрасӣ ба шабакаи Youtube аз тариқи ҳама ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетӣ имконпазир шудааст. Ба қавли Асомиддин Атоев, дар ҳоли ҳозир аз ҳама провайдерҳои ватанӣ вориди Ютуб шудан имконпазир аст. Аммо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то ҳанӯз масъалаи масдуд шудани Ютубро шарҳ надодааст.

Анҷумани Хадамоти дастраскунандагони интернет ё ISPA мегӯяд, ду ҳафта пеш бар пояи ноқаноатмандии корбарони интернет аз дастнорас будани шабакаи Ютуб, бо номаи расмие ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муроҷиат карда, то ҳол дар ин зимна посухе дарёфт накардааст.

Асомиддин Атоев гуфт, аз рӯзи муроҷиат, яъне аз 30 июл ба ин тараф на аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва на аз Шӯрои Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди президенти Тоҷикистон дар хусуси боз нашудани Ютуб посухе дарёфт накардааст.

Дар номаи Анҷумани хадамоти дастраскунандагони интернет зикр шудааст, ки бо назардошти моҳияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доштани сомонаи Ютуб ва нақши он дар таҳкими ҷойгоҳи сегменти тоҷикии интернет ва мавқеи Тоҷикистон дар бозори телекомуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ, бояд дастрасӣ ба ин шабакаи табодулаи наворҳои видеоӣ аз тариқи ҳамаи фароҳамкунандагони алоқаи интернетӣ имконпазир гардад.

Зимнан, Эммануэл Лаллана, мушовири СММ оид ба рушди фанновариҳои иттилоттии коммуникатсионӣ дар Филиппин, ки сафари кориеро дар Тоҷикистон анҷом дод, пас аз мулоқот бо масъулони соҳа дар Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талош кардааст, ба мақомоти Тоҷикистон барои рушди ҳукумати электронӣ ва дастрасии шабакаҳои иҷтимоӣ машварат диҳад.

Вай афзуд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ ба манфиати ягон давлат нест ва дар ҳоле ки Тоҷикистон дар пайи бунёди "ҳукумати электронӣ" аст, ин аъмол мардумро дилсард мекунад.
XS
SM
MD
LG