Баъзе аз шаҳрҳо холӣ; хона, мактаб ва бемористонҳо вайрон карда шудаанд. Осори ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар се соли охир. Бархе аз тоҷикони муқими Украина мегӯянд, ҷанги идомадор ба кору зиндагии онҳо низ бетаъсир намонд.
Аз ҷумла, шаби 6-уми феврал дар ҳамлаи Русия ба бозори “Барабашово” дӯкони тоҷирони тоҷик пурра аз байн рафт. Ин бозори калонтарини Харкови Украина дар се соли ҷанг камаш се дафъа мушакборон шудааст.
Моликони чанде аз дӯконҳо пас аз ҳамлаи Русия дар рӯзи 24-уми феврали соли 2022 дарҳояшонро баста, Украинаро тарк кардаанд. Чандеи дигар ҳанӯз онҷо ҳастанд. Муҳаммадраҳим Холов, тоҷири зодаи Тоҷикистон, яке аз онҳост. Вай рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ наворе фиристод, ки дар он беш аз даҳ дӯкони сӯхтаро дидан мумкин аст.
“Тиҷорати мо аз байн рафт. Хонаи ман хуб аст, вале хонаи бародарони дигари тоҷик ба хок яксон шуд. Ягон чиз намонд, хонаҳо ба замин ҳамвор шудаанд. Мо зиндагии хуб доштем. Ягон тоҷику узбекро намегуфтанд, ки ту аз куҷоӣ. Аз соли 1994 дар инҷо зиндагӣ дорем, моро хеле эҳтиром мекунанд,” – нақл кард ӯ.
Холов дар Харков аст ва ба мардуми Украина кумак мекунад. Ӯро бештар бо он мешиносанд, ки дар рӯзҳои сахти ҷанг палав пухта, ба мардум дод. Муҳаммадраҳим мегӯяд, ҷанг дар се соли охир кору зиндагии тоҷикони муқимиро ба мисли миллионҳо украинӣ хароб кард.
Хумрон Пушкашов баъди сӣ сол зиндагӣ дар Украина, пас аз оғози ҷанг, ночор ин кишварро тарк кард. Дар шаҳри Одесса фурӯшгоҳи қолин дошт. Ҳоло бо ҳамсар ва ду фарзандаш дар Олмон ба сар мебарад.
"Орзу дорем, ки ҷанг тезтар тамом шавад. Гашта равем ба хонаву дари худ ва зиндагиро оғоз кунем. Олмон ҷойи хуб аст, фикр мекунам, мо бармегардем, вале фарзандон мемонанд, чун дар инҷо таҳсил мекунанд. Муҳим оромӣ шавад, дигар он тарафаш осон аст,” – гуфт ӯ.
Ҷанг баъзе аз тоҷикони муқими Украинаро на танҳо аз хонаву мол, балки аз наздиконашон ҳам ҷудо кард. Санавбари 35-сола бо се тифлаш аз Украина ба Лаҳистон (Полша) рафт, аммо ба шавҳараш тибқи қонуни замони ҷанг иҷозаи берун шудан аз Украинаро надоданд.
Ӯ гуфт, се сол боз бо кӯдаконаш дур аз шавҳар ранҷ мекашад: "Шавҳарамро нагузоштанд, ки бо мо биояд. Худам бо кӯдакон омадам, чун ҷое, ки зиндагӣ мекардем, мушакборон мешуд ва хонаҳои ҳамсоя хароб шуда буд. Ҳоло тарбияи фарзанд бе шавҳар мушкил аст. Забонро намедонистам, кӯдакон бемор мешуданд, намедонистам чӣ кор кунам.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Дар сафорати Тоҷикистон дар Украина гуфтанд, ки то оғози ҷанг зиёда аз 12 ҳазор зода ва 4,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ доштанд. Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз оғози ҷанг аз ин кишвар берун шуданд.
Аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрванди Украина буданд, танҳо занону кӯдакон ва мардони бемор имкони берун шудан аз ин кишварро пайдо карданд. Ҳоло ҳама чашм ба роҳи сулҳ ҳастанд, то дубора зиндагиашонро дар Украина ба роҳ монанд. Санавбар пайваста хабарҳоро пайгирӣ мекунад ва интизори рӯзест, ки поёни ҷанг эълон шавад: "Ваъдаи президенти Амрико аст, ки мегӯяд, ҷангро бас мекунад. Аз Худо умедворам, ки ҷанг бас мешаваду ба назди шавҳарам бармегардем."
Бо вуҷуди сарусадо хабаре аз тарҳи дақиқ дар бораи сулҳ дар Украина нест. Русия ба оҳистагӣ қисматҳои бештаре аз хоки Украинаро ғасб мекунад ва ҳанӯз ҳеч гуфтугӯе миёни Маскаву Киев дар бораи сулҳ расман сурат нагирифтааст.